Мэр Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото

Шаҳрдории Душанбе барои забҳи чорвои қурбонӣ кушторгоҳҳо ташкил мекунад

279
(Таҷдидшуда 19:01 07.08.2017)
Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар остонаи иди Қурбон иҷоза дода, ки чорвои қурбонӣ дар бархе аз кушторгоҳҳои пойтахт забҳу фурӯхта шавад

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Рустам Эмомалӣ раҳбарони ноҳияҳо, Маркази назорати давлатии беҳдоштиву эпидемиологӣ ва Раёсати назорати давлатии домпизишкиро муваззаф карда, ки бо ҷалби раисони маҳаллаҳо дар шаҳри Душанбе кушторгоҳҳои муваққатии чорворо ташкил намоянд.

Бино ба иттилоъи дафтари иттилоърасонии шаҳрдорӣ, чорвои қурбонӣ дар кушторгоҳҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла "Комбинати гӯшту консерва" дар хиёбони Фучик, 4, ширкати «Ангара» дар маҳаллаи "Роҳи нав", "Маҷмаъаи байторӣ" дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва кушторгоҳи "Ёвар-11" дар ноҳияи Рӯдакӣ забҳу фурӯхта хоҳад шуд.

Ҳамчунин қарор шуда, ки барои таъмини арзонию фаровонӣ дар бозорҳои пойтахт, аз 3 август то 5 сентябри соли 2017 назди бозорҳои шаҳрӣ фурӯшгоҳҳои маҳсулоти ниёзи аввалия ташкил карда шаванд. Дар ин фурӯҳгоҳҳо маҳсулоти кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ фурӯхта хоҳанд шуд.

279
Барчаспҳо:
кушторгоҳ, чорво, забҳ, Шаҳрдории Душанбе, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон-Душанбе
Мавзуъ
Рустам Эмомалӣ ба муносибати иди Қурбон 3 рӯз бозори маҳсулоти кишоварзӣ ташкил мекунад
Рустам Эмомалӣ дар Душанбе билетҳои электронӣ ҷорӣ мекунад