Сафари зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ, акс аз бойгонӣ

Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ парвоз карданд

117
(Таҷдидшуда 12:29 16.08.2017)
Имрӯз субҳ нахустин гурӯҳ аз зоирони тоҷик барои адои маросими ҳаҷ ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ парвоз карданд

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Нахустин гурӯҳи зоирон аз Тоҷикистон, ки 185 касро дар бар мегирад, барои адои маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кард.

Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, дар маросими гусели зоирони тоҷик раиси Кумитаи дин, танзими ҷашну маросимҳои миллии ҶТ Сулаймон Давлатзода ва сафири Подшоҳии Арабистони Саъудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал-Бодӣ ширкат ва суханронӣ кардаанд.

Гусели зоирини Тоҷикистон то 26 август давом хоҳад кард. Ба иттилоъи Кумитаи дин, имсол хадамоти бурдану овардани зоиринро ширкатҳои тоҷикии "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" ва ширкати саъудии "ФлайеНас" анҷом хоҳанд дод.

Имсол аз Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ 6 400 кас равон мешаванд.

117
Барчаспҳо:
маросими гусел, Ҳаҷ, зоирони тоҷик, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон