Каъба, акс азбойгонӣ

"Оё шоҳи Арабистони Саудӣ Аблулазизҳои Тоҷикистонро ройгон ба Ҳаҷ даъват мекунад?"

415
Чанде пеш байни мардуми кишвар овазае паҳн шудааст, ки гӯё Подшоҳии Арабистони Саудӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки Абдулазиз ном доранд ройгон ба тавофи Каъба мебурдааст

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Пас аз дар байни сокинон паҳн шудани ин овоза як шаҳрванди кишвар, ки Абдумухтор ном дорад, ба Шурои уламои Тоҷикистон муроҷиат карда, пурсидааст, ки то кадом андоза ин "хабар" дуруст аст.

Вай менависад: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Мо шунидем, ки шаҳрванди Тоҷикистон, ки номашон Абдулазиз аст,  метавонад аз ҳисоби шоҳи Арабистон ба Ҳаҷҷи умра равад. Ҳамин гап рост аст ё на?"

Шурои уламои Тоҷикистон ба ин шаҳрванд чунин посух мегӯяд: Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ин хабар беасос аст ва ҳеҷ субуте надорад. Он сухане, ки "ҳамном ҳамномро шафоат мекунад", дар урфи мардуми мо гуфта мешавад, дар мардуми араб ин сухан эътибор надорад.

Ёдовар мешавем, чанде пеш нахустин гурӯҳи зоирон аз Тоҷикистон, ки 185 касро дар бар мегирад, барои адои маросими Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кард.

Дар маросими гусели зоирони тоҷик раиси Кумитаи дин, танзими ҷашну маросимҳои миллии ҶТ Сулаймон Давлатзода ва сафири Подшоҳии Арабистони Саъудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал-Бодӣ ширкат ва суханронӣ кардаанд.

Гусели зоирини Тоҷикистон то 26 август давом хоҳад кард. Ба иттилоъи Кумитаи дин, имсол хадамоти бурдану овардани зоиринро ширкатҳои тоҷикии "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" ва ширкати саъудии "ФлайеНас" анҷом хоҳанд дод.

Имсол аз Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ 6 400 кас равон мешаванд.

Ҳаҷ — яке аз панҷ рукнҳои асоссии  Ислом ба ҳисоб меравад, ки мувофиқи шариати Ислом ҳар як мусалмон бояд ақалан як маротиба (агар имкон дошта бошад)  онро ба ҷо оварад.

415
Барчаспҳо:
Ҳаҷ, Шурои уламои ҶТ, Тоҷикистон