Парчами Мянма. Акс аз бойгонӣ

Намозу эътирози мусулмонони Маскав алайҳи "қатли ом" дар Мянма

413
(Таҷдидшуда 14:07 04.09.2017)
Мусулмонони Маскав барои дастгирии мусалмонони қабилаи Роҳинҷа дар назди сафорати Мянмаи Маскав намоз гузоштанд

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Чандсад мусулмон дар назди сафорати Мянма дар Маскав алайҳи "қатли ом"-и мусулмонони Мянма ба эътироз баромаданд.

Ба гузориши манбаъи Sputnik Тоҷикистон, ҳамаи эътирозгарон мардони ҷавон ҳастанд. Муайян шуда, ки миёни тоҷикон ҳам ҳастанд. Эътирозгарон дар назди сафорат ҷамъ шуда бо шиорҳои "Мо зидди куштор" баромад мекунанд.

 

Шумораи эътирозгарон бештар мешаваду онҳо ҳатто роҳҳои худравгузарро пур кардаанд. Аксари мардум дар паи ба навор гирифтани иқдом буда, мақомоти пулиси Маскав кӯшиш дорад роҳи автомобилгузарро аз эътирозгарон холӣ кунад.

 

Ёдоварӣ мекунем, ки амалиёти  артиши Мянма дар вилояти Ракҳайн рӯзи 25 август дар посух ба ҳамлаҳои чирикиҳо аз Артиши озодии Аракан (АРСА) ба 20 посгоҳи пулис оғоз ёфт. Ин амалиёт ба куштори чандин мардуми осоишта боис шуд. Гуфта шуд, ки беш аз 400 мусулмон дар ин амалиёт қатл шудааст. 

Дар изҳороти артиши Мянма гуфта мешавад, ки дар паи баргузории 90 амалиёт, ки рӯзи 25 август оғоз шудааст, 370 ҷангҷӯй нобуд карда шуд.

Ҳукумати Мянма мардуми дигар эътиқодро ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд дар ҳоле, ки мусулмонони Роҳинҷа дар Бангладеш паноҳ меҷӯянд.

Чанде пеш раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон амалиёти Мянмаро "қатли оми мусулмонон" хонд.

"Онҳое, ки ба ин амалиёт чашм мепӯшанд ҳамдасти қатлкунандагон ҳастанд", — изҳор дошт Эрдуғон ҳангоми таҷлили Иди Қурбон.

413
Барчаспҳо:
қатли оми мусулмонон, намоз, эътироз, Мянма, Маскав
Глава Союза журналистов Таджикистана Зинатулло Исмоилзода

Эмомали Раҳмон ба Исмоилзода Зинатуллоҳ вазифаи нав дод

1678
(Таҷдидшуда 18:31 05.03.2021)
Исмоилзода Зинаттулоҳ Бурҳон, ки дар вазифаи мудири муассисаи давлатии "Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон" ифои вазифа мекард, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа барканор шуд

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи ҷобаҷогузории кадрҳо дар сохтору идораҳои давлатӣ, ҳамчунин мудири "Академияи ВАО- и Тоҷикистон" - ро низ барканор кард.

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикстон, бо қарори роҳбари давлат Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон аз вазифаи ишғолнамудаи худ канор монд.

"Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" озод карда шуд, - таъйид мешавад дар матни қарори Эмомалӣ Раҳмон.

Зимнан, бо қарори кишвардори Тоҷикистон, Исмоилзода Зинатуллоҳ мудири муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат" таъйин гардид.

Курсии Исмоилзодаро дар Академияи ВАО Тоҷикистон, Саъдӣ Маҳдӣ аз худ кард.

Чун бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон, Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ директори муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" таъин карда шуд.

Раҳмон дар Вазорати энергетика ва "Барқи тоҷик" тағйироти кадрӣ гузаронд: кӣ рафту кӣ монд

Ёдовар мешавем, ки қаблан роҳбари давлат бо имзои чанд қарор дар Вазорати энергетика ва Ширкати "Барқи тоҷик" низ тағйироти кадрӣ анҷом дод.

1678
Барчаспҳо:
таъйиноти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон
Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Раҳмон дар Вазорати энергетика ва "Барқи тоҷик" тағйироти кадрӣ гузаронд: кӣ рафту кӣ монд

2703
(Таҷдидшуда 19:12 05.03.2021)
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд қарор дар Вазорати энергетика ва Ширкати холдингии "Барқи тоҷик" тағйироти кадрӣ гузаронд

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Дар Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Ба иттилои котиботи Президенти Тоҷикистон, рӯзи 5 март Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд қарор дар ниҳоди мазкур ҷобаҷогузории кадрҳоро анҷом дод.

Бо қарори раисҷумҳури Тоҷикистон, Қурбонзода Абдулло аз вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи вазорати мазкур сабукдӯш шуд.

Дар қарори Раҳмон сабаби аз вазифа рафтани Қурбонзода, гузаштан ба кори дигар арзёбӣ мешавад.

Зимнан, бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон, Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон ба вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оида ба назорат дар соҳаи энергетика таъин шуд.

Зиёзода пас аз се моҳи барканорӣ вазифаи нав гирифт

Ғолиб Хонҷон қаблан муовини раиси Ширкати "Барқи тоҷик" буд, ки бо қарори роҳбари давлат аз ин вазифа барканор шуд.

Қарори барканори Убайдуллозода имрӯз тасвиб шуд ва фавран қарори дигар оид ба такя задан ба вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ба имзо расид.

2703
День 6 марта

Зодрӯзи Парвин Юсуфӣ ва таъсиси клуби "Реал": имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 18:04 02.03.2021)
Рӯзи шашуми март дар Ҷумҳурии Муғулистон Рӯзи матбуот ва дар Гана Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 6 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1665 дар Лондон аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон  маҷаллаи "Асарҳои файласуфонаи ҷомеаи шоҳигарӣ" нашр шуд.

Соли 1834 дар Канада шаҳри Йорк ба Торонто тағйири ном кард.

Соли 1902 клуби футболи "Реал" (Мадрид) таъсис дода шуд.

Соли 1960 дар Швейтсария ба занон ҳуқуқи дар интихоботи мунитсипалӣ иштирок намудан дода шуд.

Соли 1994 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Молдова барои ба даст овардани истиқлолияти мамлакат овоз доданд.

Рӯзи 6 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 ВАО хабар доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Равзанаи ягона» оид ба тартиби раванди воридоту содирот сохта шуд.

Соли 2010 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми президенти КФО баргузор гардид, ки дастаи "Вахш"-и Тоҷикистон ба гурӯҳи "В" шомил шуд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Туркманистон, Куба, Ҷумҳурии Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Словакия, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Судон, Ҷумҳурии Кипр ва Гурҷистон эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 6 март

  • Дар Муғулистон – Рӯзи матбуот.
  • Дар Гана – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 6 март кӣ ба дунё омадааст

Соли 1928 - доктори илмҳои филология, профессор Расул Ҳодизода.

Соли 1938 - шоир Одина Мирак.

Соли 1945 - иқтисодшинос Муртазо Қаҳҳоров.

Соли 1969 - сорояндаи маъруфи тоҷик Парвин Юсуфӣ.

0
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих
Зодрӯзи Акашариф Ҷӯраев ва нахустин пирӯзии Майк Тайсон: имрӯзи таърих
Зодрӯзи Дона Баҳромов ва ифтитоҳи Маҷмааи тандурустии "Истиқлол": имрӯзи таърих