Паноҳҷӯёни Миёнмор. Акс аз бойгонӣ

Кумаки башардӯстонаи Узбакистон ба 50 ҳазор паноҳҷӯи миёнморӣ

73
(Таҷдидшуда 17:51 18.09.2017)
Кумаки башардӯстона барои 50 ҳазор кас равона шуда аз 14 гуна хӯрок ва дигар васоили ниёзи мардум иборат аст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Узбакистон рӯзи душанбе ба 50 ҳазор тан аз паноҳҷӯёни Миёнмор, ки дар Банглодеш паноҳ мебаранд, кумаки башардӯстона фиристод.

Дар ин бора Вазорати умумри хориҷии ин кишвар хабар медиҳад.

"Рӯзи 18 сентябр кумаки башардӯстона аз Узбакистон ба шуъбаи аслии Салиби Сурх дар Банглодеш дар шаҳри Дакка барои тақсим кардан дар миёни паноҳҷӯёни мусулмони роҳинҷа аз Миёнмор расонида шуд", — омадааст дар иттилоъия.

Ба гузориши хабаргузорӣ, кумак барои 20 ҳазор паноҳҷӯй равона шуда аз 14 гуна маводи хӯрокӣ ва дигар васоили ниёзи мардум, аз қабили биринҷ, шакар, шири хушк, шириниҳо, кӯрпа, пӯшок, пойафзор, оби маъданӣ ва дору иборат аст.

"Кумаки башардӯстона аз Узбакистон дар замони даркорӣ расид", — изҳор дошт дабири кулли "Салиби Сурх" Мозарул Ҳақ дар маросими дарёфти кумаки башардӯстона.

Ба иттилоъи ин ниҳод, кумаки Узбакистон яке аз бузургҳаҷмтарин ёрӣ буд, ки кишварҳои хориҷ ба мусулмонони Миёнмор фиристодаанд.

Пештар Узбакистон аз давлати Миёнмор хоста буд аз ҳамагуна зӯроварӣ бар мусулмонони роҳинҷа даст кашад.

73
Барчаспҳо:
кӯмаки башардӯстона, Миёнмор, Узбакистон
Мавзуъ
Талоши Индонезия барои кумак ба мусулмонони Мянма
Намозу эътирози мусулмонони Маскав алайҳи "қатли ом" дар Мянма
Шумори қурбониёни ярч дар Мянма ба 104 нафар расид
Нигаронии Назарбоев аз вазъи Миёнмор ва даъват ба муколама
Боздошти 60 мусулмони Петербург барои эътироз ба хотири Миёнмор