ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Шариф Ғуломов мегӯяд, аҳволи бародараш, ки дар фурӯшгоҳи "Масква" лату кӯб шуда, беҳтар шудааст.
Ӯ мегӯяд, пизишкон вазъи Наврӯз Каримовро хуб арзёбӣ мекунанд, вале касеро наздаш роҳ намедиҳанд.
"Ман ҳануз бародарамро аз наздик надидам. Замоне, ки ин воқеа сар зад, ман дар хона будам ва рост ба бемористон омадам", — гуфт вай.
Ба гуфтаи Шариф, намояндагони сафорати Тоҷикистон ба онҳо дар бемористон кумак карданд ва ба назди Наврӯз даромаданд.
"Шамсиддин ном як корманди ВУД ҶТ ба назди додарамон даромад ва ба ман занг зад. Ман бо Наврӯз суҳбат кардам ва каме ором шудам", — мегӯяд вай.
Ба гуфтаи Шариф Ғуломов, пизишкон гуфтаанд имрӯз пас аз чошт ба онҳо иҷоза медиҳанд то ба назди Наврӯз даромада ӯро аз наздик бубинанд.
"Ҳар гуна хабарҳо паҳн шуданд. Лекин, алҳамдуллилоҳ, ҳоло вазъи саломатии додарамон хуб арзёбӣ мешавад", — афзуд вай.