Эълони қатъи обрасонӣ дар Душанбе: аз 27 сентябр то 19 октябр

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВодопроводный кран, архивное фото
Водопроводный кран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 27 сентябр то 19 октябр обрасонӣ дар бархе аз хиёбону маҳаллаҳои пойтахт муваққатан қатъ мешавад

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ, обрасонӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии "Фишорӣ", "Худҷореъ", "Ҷанубӣ-Ғарбӣ" ва "Кофарниҳон" қатъ карда мешавад.

Азсоати 23-00 рӯзи 18 октябр то соати 24-00 рӯзи 19 октябр аз истгоҳи "Фишорӣ" обрасонӣ дар ноҳияи Сино, маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии "Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе", КВД "Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ", ҶДММ "Кохи Наврӯз" ва кӯчаи Варзишгарон;

— ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон обрасонӣ қатъ мешавад.

Церемония открытия нескольких культурно - развлекательных комплексов - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ созаҳои фарҳангию фароғатиро бозкушоӣ кард

Аз соати 23-00 рӯзи 27 сентябр  то соати 24-00 рӯзи 28 сентябр аз истгоҳи "Худҷореъ" обрасонӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;

— ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77;

— ноҳияи Сино, маҳаллаҳои 10-15, 15А, 31, 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Қарамиршикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;

— ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе обрасонӣ қатъ мешавад.

Аз соати 23-00 рӯзи 4 октябр то соати 24-00 рӯзи 5 октябр аз истгоҳи "Кофарниҳон" обрасонӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская-1,2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик ва Абдуллоев Наҷмиддин;

— ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои Назаршоев, Қаротеғин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Мастонгулов, Фучик, Карин Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи "Душанбе" ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯб қатъ мешавад.

Водопроводный кран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нархи об дар Тоҷикистон 10 дарсад гарон мешавад

Аз соати 23:00 рӯзи 11 октябр то соати 24:00 рӯзи 12 октябр аз истгоҳи "Ҷанубӣ-Ғарбӣ" обрасонӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои 43, 64, 65, кӯчаҳои Борбад ва Фирдавсӣ;

— ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, 32, 33, 52, 53, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев ва Ханжин қатъ мешавад.

"Аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикр-гардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира намоянд", — омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки обрасонӣ бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе"қатъ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0