Траурная церемония, архивное фото

Маркази исломшиносӣ "Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро тавзеҳ дод

134
(Таҷдидшуда 18:02 25.09.2017)
Чанде пеш Кумитаи дину танзими ҷашну маросим ва Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дастурамали "Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро таҳия ва мунташир карда буданд

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Марказии исломшиносии вобаста ба раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо интишори матлабе ин дастурамалро шарҳу тавзеҳ дод.  

Дар ин матлаб, ки дар вебгоҳи расмии Маркази исломшиносӣ мунташир шудааст, таъкид шудааст, ки "Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар асоси муқаррароти шариати ислом, мазҳаби ҳанафӣ, таъкидҳои Имом Абуҳанифа, урфу одатҳои мардум, қавмҳои муқими Тоҷикистон, санаду меъёр­ҳои фиқҳии дигар ва қонунҳои ҷории Ҷумҳу­рии Тоҷикис­тон омода шуда ва "асосан хусу­сия­ти тавсиявӣ дорад".

Маркази исломшиносӣ ёддоварӣ кардааст, ки Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мутобиқати аҳкоми овардашуда дар ин дастурамалро бо меъёрҳои фиқҳи ҳанафӣ баррасӣ ва таъйид намуда, аммо он чи ки марбути урфу одатҳои мардумӣ дар маҳалҳои гуногуни ҷумҳурӣ аст, дар натиҷаи таҳлилу баррасӣ ва хулосаҳои коршиносон ба таври тавсия­вӣ дар матни Тартиб ҷой дода шудааст.

Ин ниҳод аз баррасии ин санад дар расонаҳо натиҷагирӣ карда ва бо такя бар мутуни фиқҳӣ тавзеҳоте муфассал дар бораи гиряву шеван дар сӯги даргузаштагон овардааст, ки хоҳишмандон метавонанд аз вебгоҳаш дарёфт кунанд.

134
Барчаспҳо:
Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни танзими ҷашну маросим, танзим, Маркази исломшиносии вобаста ба раисҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Барканории мансабдорон: ба амниятиҳо натиҷаи нақзи қонуни танзимро фаҳмониданд
Тоҳир Қаландаров: қонуни танзим мардумро аз қарз озод мекунад
Пешниҳодҳои раисҷумҳур қабул шуданд: Маҷлис Қонуни танзимро ислоҳ кард
Танзим: раисҷумҳур аз ин пас мансабдорони қонуншиканро аз симаташон барканор мекунад
Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони кишвар танзими анъанаро муҳокима кард