Батарияи гармидиҳанда. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати ҶТ: нархи гарморасонӣ аз 1 октябр гарон мешавад

103
(Таҷдидшуда 16:03 27.09.2017)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қароре тасвиб карда, ки бар асоси он нархи хадамоти гарморасонӣ дар кишвар аз оғози моҳи октябр гарон хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон қарор дода, ки аз аввали моҳи октябр нархи хадамоти гарморасонӣ дар саросари кишвар то 15 дарсад гарон шавад.

Ба гузориши Тоҷик.ТА, нархи гарморасонӣ барои муштариёни умда барои ҳар як Гкал то 14,9 дарсад афзуда 7,63 сомонӣ (ба ҷои 6,64 сомонӣ) хоҳад шуд.

Барои муассиса ва ниҳодҳои буҷетӣ афзоиши таърифҳо аз 51 то ба 58,65 сомонӣ (15%) ва дигар харидорон — аз 193,6 то ба 225,74 сомонӣ (14,9%) барои ҳар як Гкал пешбинӣ гардидааст.

Сокинони пойтахтро корхонаи "Шабакаи гармидиҳӣ" бо гармӣ таъмин мекунад, ки дар навбати худ ин нерӯро аз корхонаҳои тобеъи ширкати "Барқи тоҷик" харидорӣ мекунад.

Дар мавсими гарморасонии соли гузашта аҳолӣ ба ширкати "Шабакаи гармидиҳӣ" барои гарморасонӣ ба ҳар як метри мураббаъи манзил моҳиёна 1,03 сомонӣ пардохт мекард. Нархи имсола барои сокинони пойтахт ҳануз маълум нест.

103
Барчаспҳо:
нархи гармирасонӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Нархи об дар Тоҷикистон 10 дарсад гарон мешавад
Аз 1 октябр дар Узбакистон нархи об қимат мешавад