Пайвандони Ҷаббор Расулов мехоҳанд шаҳрдории Душанберо ба додгоҳ бикашанд

CC BY-SA 4.0 / Wikimedia / Намогильный памятник Джаббор Расулова
Намогильный памятник Джаббор Расулова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ирина Тихонова - набераи Ҷаббор Расулов, яке аз раҳбарони шуравии Тоҷикистон, аз бозгӯронидани падарбузургаш дар оромгоҳи Лучоб интиқод кардааст

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Набераҳои Ҷаббор Расулов, раҳбари Тоҷикистон дар солҳои 1961 — 1982, ба далели интиқоли ҷасади падарбузургашон аз Боғи Айнӣ ба оромгоҳи Лучоб, ки бе иттилои онҳо сурат гирифта, аз шаҳрдории Душанбе ба додгоҳ шикоят хоҳанд кард.

Дар пайи интиқоли пинҳонии ҷасади Ҷаббор Расулов аз Боғи Айнӣ ба оромгоҳи Лучоб бе ҳамоҳангӣ бо хонаводааш, ин бозмондагонаш тасмим гирифтаанд, ки аз шаҳрдории Душанбе ба догоҳ шикоят кунанд.

Ирина Тихонова, набераи Расулов, ки дар Маскав ба сар мебарад, дар сафҳааш дар Фейсбук ин иқдомро "ваҳшиёна" хондаву гуфтааст, ки агар шаҳрдории Душанбе онҳоро аз интиқоли ҷасади бобояшон огоҳ мекард, бақоёи уро ба Маскав мебурданду ба хок месупурданд.

Ҳамчунин вай аз бозгӯронидани бобояш дар гӯристони мусулмонон гиламанд шудааст.

"Бобоям васият карда буд, ки ӯро ба расми мусулмонӣ ба хок насупоранд. Бобоям коммунист буданд", — таъкид кардааст вай.

Расми Садриддин Айнӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоли пинҳонии ҷасадҳои бузургони сиёсиву фарҳангии тоҷик аз Боғи Айнӣ ба Лучоб

Темур, яке дигар аз набераҳои Ҷаббор Расулов, бо маҳкум кардани ин иқдом гуфтааст, ки ҳеҷ вақт фикр намекард бо ҷасади фарде, ки дар даврони Шуравӣ барои пешрафти Тоҷикистон заҳамоти фаровон кашидааст, ингуна беэҳтиромӣ кунанд.

Набераҳои Ҷаббор Расулов таъкид кардаанд, ки барои интиқоли бақоёи ҷасади бобояшон ба Маскав талош хоҳанд кард.

Ахиран аҷсоди теъдоде аз шахсиятҳои сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ, Боқӣ Раҳимзода ва Муқаддам Ашрафӣ аз Боғи Айнӣ ба оромгоҳи Лучоб мунтақил шудаанд, ки бастагони ин афрод мегӯянд, ин иқдом бе ҳамоҳангӣ ва иттилоъи онҳо анҷом шудааст.

Хабаргузории "Азия плюс" таъкид кардааст, ки талошҳои хабарнигоронаш дар мавриди тавзеҳи масъулон барои ин иқдом ба ҷое нарасидааст ва Толиб Раҳимзода, муовини умронии шаҳрдории Душанбе, Амруллоҳ Боқиев, мудири Боғи Айнӣ ва мақомоти ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз гуфтугӯ худдорӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0