Саидмукаррам Абдулқодирзода бо муфтии Истамбул

Мулоқоти Саидмукаррам Абдулқодирзода бо муфтии Истамбул дар бораи ҲНИТ ва табаддулотҳо

159
(Таҷдидшуда 16:11 19.10.2017)
Саидмукаррам Абдуқодирзода дар мусоҳиба бо муфтии Истамбул масоили равобити динии Тоҷикистону Туркияро баррасӣ намуд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бо муфтии шаҳри Истанбул Ҳасан Комил сӯҳбат оростааст.

Ҷонибҳо дар ин вохӯрӣ масоили равобити динии Тоҷикистону Туркияро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, раиси Шурои уламои Тоҷикистон табаддулоти нокоми давлатиро, ки дар соли 2016 дар Туркия амалӣ шуда буд, маҳкум намуд.

"Ҳамчунин Абдулқодирзода аз амалҳои тахрибкоронаи ҲНИТ дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва кӯшиши табаддулоти нокоми давлатие, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби аъзоёни ин ҳизб амалӣ гардида буд, маълумоти дод",- гуфта мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, муфтии Истамбул низ ин табаддулотро маҳкум кард.

Дар анҷоми сӯҳбат ҷонибҳо изҳори умедвори карданд, ки Тоҷикистон ва Туркия дар оянда низ равобити диниро густариш хоҳанд дод.

159
Барчаспҳо:
мулоқот, ҲНИТ, муфтӣ, Саидмукаррам Абдулқодирзода, Туркия, Тоҷикистон

Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

62
(Таҷдидшуда 19:13 18.10.2020)
Рӯзи 19 октябр рӯзи ҷаҳонии иттифоқҳои қарзӣ буда дар Русия - рӯзи хонандагони литсейҳо, дар Қазоқистон -рӯзи наҷотдиҳандагон ва дар Молдова- рӯзи ҳуқуқшиносон мебошад

Рӯзи 19 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1853 дар Гавая нахустин фабрикаи орд ба кор оғоз намуд.

Соли 1914 хадамоти почтавии амрикоӣ аввалин маротиба барои ҷамъоварӣ ва дастрас намудани мактубҳо аз мошин истифода кард.

Соли 2019 сармуҳаррири Ожонсии "Россия сегодня" RT Маргарита Симонян барои бори савум модар шуд. Симонян духтарча таваллуд кард.

Главный редактор телеканала RT и МИА Россия сегодня Маргарита Симоньян
Пресс-служба президента Республики Беларусь
Главный редактор телеканала RT и МИА "Россия сегодня" Маргарита Симоньян

Рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе аввалини Форуми байналмилалӣ – сармоягузорӣ оид ба савдои агросаноатӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Қаҳрамонии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис оғоз гардида, се рӯз идома ёфт.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи даҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Украина ва Нидерландия эътимоднома қабул намуд.

Соли 2015 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хатти нави интиқоли барқи "Қайроққум-Ашт" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон барои бевосита шинос шудан бо ҳолати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шимоли кишвар ба вилояти Суғд тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар кард.

Кортеж президента Таджикистана Эмомали Рахмона
© Фото : Пресс-служба президента РТ
Кортеж президента Таджикистана Эмомали Рахмона

Соли 2015 дар ноҳияи Шаҳристон  Маркази таълимӣ — фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи қарзии Лоиҳаи беҳтаргардонии роҳи мошингарди Душанбе – сарҳади Узбакистонро ба тасвиб расонид.

Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии иттифоқҳои қарзӣ.
  • Дар Русия -рӯзи хонандагони литсейҳо.
  • Дар Қазоқистон -рӯзи наҷотдиҳандагон.
  • Дар Молдова- рӯзи ҳуқуқшинос.

Рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1927 шоири халқии Тоҷикистон Наҷмиддин Раҳимов.

Соли 1936 коргардон, корманди шоистаи санъати Тоҷикистон Равшан Турабеков.

Соли 1938-1994  композитор Миратулло Атоев.

Соли 1942  доктори илмҳои физика ва математика Саидмуҳаммад Одинаев.

62
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 14 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 16 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 17 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Париж, архивное фото

Дар Фаронса сари омӯзгори таърихро аз тан ҷудо карданд: аксҳои пайғамбарро масхара мекард

2511
(Таҷдидшуда 16:02 17.10.2020)
Бар тибқи иттилои расонаҳои ин кишвар, омӯзгори фанни таърих ба донишҷӯён карикатураи Ҳазрати Муҳаммад (с) - ро нишон медод

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса, ки дар 27-километрии Порис ҷойгир аст, сари омӯзгори коллеҷро аз тан ҷудо намуданд, хабар медиҳад LeParisien.

Ин ҳодиса чанд ҳафта пас аз он рух дод, ки ҳайати таҳририяи нашрияи баҳсбарангези Charlie Hebdo карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) -ро дубора нашр кард.

Дар охири моҳи сентябр, ба ин далел, дар Фаронса ҳамлаи террористӣ рух дод. Он замон як ҷавони 18 - сола бо корд ба сӯи роҳгузарон, ки аз назди нашрияи Charlie Hebdo мегузаштанд, ҳамла кард.

Зимнан, бо гузашти се ҳафта, боз як ҳодисаи мудҳиши одамкушӣ рух дод. Муаллими коллеҷ, ки аз фанни таърих дарс медод, кушта, сипас сарашро аз тан ҷудо намуданд.

Зартушт дар Фаронса шаҳрдор шуд

Пулис гумонбари ин ҳодисаро пайдо ва дар натиҷаи боздошт кардан, ӯро парронданд.

Манбаъ меафзояд, шахсияти ҳамлавар муайян шуд, ӯ шаҳрванди 48 - солаи Алҷазоир буда, дар коллеҷи мазкур яке аз фарзандони ӯ таҳсил мекард.

Тибқи иттилои расонаҳои фаронсавӣ, омӯзгори фавтида чанде пеш матолибҳои нашркардаи Charlie Hebdo-ро бо донишҷӯён муҳокима кард ва инчунин ба онҳо карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) - ро нишон медод.

2511
Барчаспҳо:
кушта, омӯзгор, Фаронса
футзал, акс аз бойгонӣ

Барои "Сипар" як ғалабаи дигар даркор то чемпиони Тоҷикистон шавад

0
(Таҷдидшуда 22:27 19.10.2020)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, барои дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд як пирӯзии дигар даркор аст, то қаҳрамони кишвар дар риштаи футзал шавад

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд бар тими “Соро компания”-и пойтахт дар ду силсилабозиҳои финали лигаи касбии футзали Тоҷикистон -2020 ғалаба карда, ба дарёфти унвони чемпионӣ наздик шуд.

"Бозии аввали дастаҳои мусовӣ (1:1) анҷом ёфт, вале дар задани силсилаи пеналтӣ бахти хуҷандиҳо омад кард – 4:3. Дар бозии дуюм бошад, “Сипар” бо ҳисоби 6:2 бар “Соро компания” ғолиб омад. Ҳар ду бозии аввал дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуданд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки ҳамин тариқ, клуби Хуҷанд дар силсилаи бозиҳо бо ҳисоби 2:0 пешсаф аст ва пас аз як ғалабаи дигар аввалин бор чемпион хоҳад шуд.

Зикр гардид, ки бозии навбатии дастаҳо 24 октябр сурат мегирад. “Соро компания” дар Душанбе “Сипар”-ро қабул мекунад.

Инчунин дар ду бозӣ барои ҷои сеюм бошад, дастаи “Муҳоҷир”-и шаҳри Душанбе бар тими “Истаравшан” ғалаба кард. Дар бозии аввал бо ҳисоби 8:5, дар бозии дуюм бо ҳисоби 6:5, тавзеҳ дод Кумитаи миллии олимпӣ. 

Футболбозони “Муҳоҷир” дар силсилаи бозиҳо барои ҷои сеюм бо ҳисоби 2:0 пешсафанд ва мумкин аст дар бозии навбатӣ медалҳои биринҷии лигаи касбии футзали Тоҷикистонро ба даст биёранд.

0
Барчаспҳо:
футзал, Кумитаи миллии олимпӣ, Тоҷикистон