Саидмукаррам Абдулқодирзода, акс аз бойгонӣ

Абдулқодирзода: маҳдудияти динӣ дар Тоҷикистон дар даврони Шуравӣ вуҷуд дошт, ҳоло не

206
(Таҷдидшуда 12:06 22.10.2017)
Саидмукаррам Абдулқодирзода иброз доштааст,ки дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна маҳдудияти динӣ вуҷуд надорад

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар Туркия нишасти матбуотӣ доир намудааст. Дар ин бора бахшии туркии Sputnik гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, раиси шурои уламо гуфтаст, дарТоҷикистон ҳеҷ гуна маҳудияти динӣ вуҷуд надорад. Ба гуфтаи Саидмукаррам Абдулқодирзода маҳдудиятҳои динӣ дар кишвар дар даврони Шуравӣ ба назар мерасиданд.

"Тавре, ки медонед,  дар даврони Шӯравӣ маҳдудиятҳои динӣ ва мазҳабӣ вуҷуд доштанд. Масалан,  дар 70 соли ҳукмронии ин давлат танҳо ҳудуди 76 нафар фаризаи Ҳаҷро анҷом дода буданду халос",- афзудааст раиси шуро.

Ба гуфтаи Абдулқодирзода, манъи риш дар Тоҷикистон барои ҳамаи мардон нест ва чунин қонуне ҳам қабул нашудааст. Ин иқдом сирфан аз ҷанбаи амниятӣ ва усулан барои мутобиқати зоҳири воқеии инсонҳо ба аксҳои шиноснома ва гузарномаҳояшон иҷро мешудааст.

Тоҷикистон аз ҷумлаи нахустин кишварҳое буд, ки кудетои нокомро маҳкум ва пас аз шиносоии омилони аслии он, фаъолияти созмонҳо ва ниҳодҳои вобаста ба ин фирқаро манъ кард.

Муҳаммадали Раҷабиён, сафири Тоҷикистон дар Туркия, ки дар ин нишаст ширкат мекард,  сафари муфтиро гоми арзанда дар ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар ва муаррифии Тоҷикистон ба мардуми Туркия хондааст.

"Ман аз ҳама даъват мекунам, ки ба Тоҷикистон сафар карда ва аз наздик озодиҳои динӣ ва виҷдонии инсонҳо дар ин кишварро мушоҳида кунанд",- иброз доштааст сафир.

анде пеш раиси Шурои уламио Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар сӯҳбат бо муфтии Истанбул Ҳасан Комил сӯҳбат ороста буд..

Ҷонибҳо дар ин вохӯрӣ масоили равобити динии Тоҷикистону Туркияро баррасӣ карданд.

206
Барчаспҳо:
дин, нишасти матбуотӣ, маҳдудият, Саидмукаррам Абдулқодирзода, Туркия, Тоҷикистон
Вице-президент фонда Миграция XXI век Наталья Власова

Власова дар бораи боз кардани сарҳади Русия: бе муҳоҷирон намешавад

957
(Таҷдидшуда 17:11 26.05.2020)
Наталя Власова коршиноси соҳаи муҳоҷирати Русия мегӯяд, соҳаи кишоварзии Русия ба дасти муҳоҷирон ниёз дорад

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputniк. Дар Донишгоҳи РАНХиГС - и Русия ҳисоб карданд, ки беш аз 500 ҳазор муҳоҷирон дар соҳаи кишоварзии Русия банд аст. Ва барои кишти бомувафаққият, ҳатто дар вазъияти пандемия бояд, сарҳадро боз кард.

"Таъмини мардум бо маводи озуқаворӣ масъалаи бисёр муҳим аст. Дар соҳаи кишоварзӣ доим камбуди қувваи корӣ аст. Ва феълан, ки ин баҳор муҳоҷирон ба Русия наомаданд, норасоии дасти корӣ бештар эҳсос мешавад", - гуфт Власова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфти ӯ таҷрибаи дигар кишварҳо барои ҷалби қувваи кории маҳаллӣ ба чунин корҳо бе самара аст.

"Ба сокинони бумӣ, чунин кор пешниҳод шуд ва онҳое ҳам, ки розӣ шуданд пас аз як рӯзи кор аз меҳнат даст кашиданд", - гуфт ӯ.

Ба фикри коршинос дар Русия ҳам чунин мешавад, чун кор дар соҳаи кишоварзӣ бисёр сахт аст.

"Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бо корҳои саҳроӣ одат кардаанд, онҳо ҳар сол дар кишт ва ҷамъоварии ҳосил ба мо хеле кумак мекарданд , - гуфт Власова.

"Вазифаи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ аз муҳимтарин аст ва дар ин росто бояд ниҳодҳои дахлдор масъалаи боз кардани сарҳад ва омадани муҳоҷиронро барои корҳои саҳроӣ баррасӣ кунанд".

Барои ин кор омори дақиқи лозим аст, то маълум шавад, ки барои кадом минтақа чӣ қадар муҳоҷир даркор аст.

Дар баробари ин Власова афзуд, аз ҳисоби он муҳоҷироне, ки дар Русия бекор мондаанд гурӯҳҳои мобилӣ ташкил шавад ва онҳо барои корҳои саҳроӣ ҷалб шаванд.

Ба гуфти ӯ пандемияи коронавирус нишон дод, ки соҳаи муҳоҷиртаи Русия то ҳол ноқис аст ва ба коркарду ташкили базаи хабарӣ ниёд дорад.

957
Барчаспҳо:
муҳоҷират, Тоҷикистон, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Медсестра выполняет ряд двигательных упражнений на пациенте с COVID-19 в больнице

Омори як ҳафтаи Хуҷанд: "илтиҳоби шуш" на ба занҳо раҳм дораду на ба мардон

1330
(Таҷдидшуда 14:21 26.05.2020)
Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд мегуяд, аз муроҷиати сокинон собит мешавад, ки шумори сироятёбӣ ба “илтиҳоби шуш” миёни мардону занон баробар будааст

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сартабиби, Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар Хуҷанд мегӯяд, аз омори муроҷиати сокинон дар як ҳафтаи охир бармеояд, ки ҳолатҳои сироятёбӣ ба бемории "илтиҳоби шуш" дар байни мардону занҳо баробар аст. Ин маризӣ на ба мардон раҳм мекунаду на ба занон тараҳҳум дорад.

"Давоми як ҳафта, яъне аз рӯзи 18 то 24 - уми май ба сатансияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд 94 муроҷиати сокинон ба аломатҳои бемории "илтиҳоби шуш" ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 48 нафар занон ва 46 нафар мардон буданд, ки ҳамаи онҳо барои табобат ба беморхонаи клиникавии Суғд интиқол дода шудаанд", - гуфт Мирзоҳошимов.

Бино ба иттилое, ки ин Марказ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, тӯли ҳафт рӯз (аз 18 то 24) ба ҳисоби беш аз 170 мавриди баландшавии табъ , 680 нафар аз ду тарафи соҳили руди Сир дар шаҳри Хуҷанд ба аломати бемориҳои мухталиф аз ҷумлаи фишорбаландӣ, бемориҳои қалбӣ, шамолхурдагӣ ва маризии қанд ба унвони маркази ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат кардаанд.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов мегӯяд бар асоси муроҷиати сокинон, ҳоло суръати сироятёбӣ ба "илтиҳоби шуш" назар ба ду ҳафтаи пеш ба маротиб поён рафтааст.

"Рӯзҳои охири моҳи апрел ва аввали моҳи май то 70 – 80 нафар муроҷиати сокинон бо ҳолатҳои баландшавии тасф ва гирифторӣ ба бемории "илтиҳоби шуш" ба қайд гирифта мешуд. Хушбахтона ду ҳафтаи охир сапти ин қабил маризӣ то ба 14 –16 ҳолатӣ кам шудааст", - таъкид намуд сартабиб.

Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ мегӯяд, ба роҳ мондани табобати бемории илтиҳоби шуш дар марказҳои саломатӣ дар маҳалҳо ва ҳам гузаронидани корҳои тарғиботии пешгирии бемориҳои сироятӣ дар гашту гузори хона ба хона, ки гуфта мешавад, ҳоло ҳама барои саломатӣ ба по хестаанд, ба коҳишёбии шиддати авҷи ин маризӣ таъсири амиқ расонидааст. Аммо бо ин вуҷуд масъулин таъкид меварзанд, ки ҳоло набояд барои кафкӯбию хурсандӣ аз пирӯзии мутлақ бар маризии "илтиҳоби шуш" шитоб кард, зеро эҳтимол дорад мавҷи дуюм ё давраи дигари ин маризӣ шурӯъ шавад.

Табибон мегӯянд, барои пурра нобуд шудани "вируси корона" нақши сокинон ҳам муҳим аст ва масъулияти баланд дар ин кор барои ҳар як нафар боз ҳам риояи гигиенаи тиббӣ аст.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов чанде қабл дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон омори муроҷиати сокинон дар рӯзҳои 11 ва 17 уми майро шарҳ дода гуфта буд, ки давоми ин як ҳафта ба сататсияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд 339 даъват ё муроҷиати сокинон ба баландшавии ҳарорати бадан сабт шуда, маълум гардид, ки 196 нафар аз ин шумора бино бо сабаби хуруҷи бемории "илтиҳоби шуш" барои табобат ба бемористони клиникавии вилояти Суғд интиқол дода шуданд.

Бино ба иттилоъи сартабиб, Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд ҳоло аз 15 бригада ва беш аз 80 табибу ҳамшираву ронанда иборат буда, онҳо ба аҳолии наздик ба 185 ҳазор нафараи маркази вилояти Суғд ёрии тиббӣ мерасонанд.

1330
Барчаспҳо:
омор, беморӣ, Хуҷанд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Похороны в Таджикистане, архивное фото

Тӯраҷонзода дар бораи фавтидагон ва маризони “вируси корона”

0
(Таҷдидшуда 01:46 27.05.2020)
Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, руҳонии саршиноси тоҷик, мегӯяд, ҳадисҳои саҳеҳ аз Паёмбари ислом (с) мавҷуданд, ки фавтидагони замони эпидемияро шаҳид хондааст

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода гуфт, дини ислом дар боби қурбониён, гирифторон ва қонуни қавоиди беҳдоштии замони густариши маризиҳои вогир ё эпидемия ҳанӯз 1400 сол пеш бар асоси ҳадисҳои Паёмбар Муҳаммад (с) ҳукмҳои худро ҷорӣ кардааст.

Тураҷонзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт, ки “вируси корона” ҳам ба қатори вабову тоун маризии фарогир ё вогир буда, дар замонаҳои Паёмбар (с) шуюъ мекарданд.

Вай дар боби фавтидагон ду ҳадисеро мисол овард, ки саҳеҳ буда, аз сӯи Имом Бухориву Имом Муслим ривоят шудаанд: яке, “Шаҳодату уммати фи тоун” – “Шаҳодати уммати ман дар тоун аст” ва дигарӣ, “Дуъия ал-матъуну шаҳидан” - “Касе ки ба маризии тоун мемирад, ӯ дараҷаи шаҳодат мебарад”.

Азоби Худост ё раҳмат? шарҳи Тӯраҷонзода

“Паёмбар (с) мегуфтанд, ин як навъ азоби Худост, барои ҳар уммате, ки Худо хоҳад, мефиристад, аммо барои бандагони муъмин раҳмат аст. Манзур ин буд, ки худро қарантина карда, амали савоб анҷом диҳед, агар Худованд ба мо тақдир карда бошад, ба ҳамин беморӣ ҳалок мешавем, аммо агар тақдир накарда бошад, қазояш нарафта бошад, сад “вируси корона” – ву тоуну ҳар вабои дигар бошад, дар комаш ҳам ки бошем, ҳалок намешавем. Бояд ба ҳамин чӣ эътиқод дошта бошем. Ҳамин эътиқодро дошта бошеду мариз шаведу намиреду зинда ҳам монед, шумо савобу аҷри шаҳидро мегиред. Дар сурати фавтидан аз ин беморӣ, он гоҳ бандаи Худо шаҳид мешавад, фармудаанд Паёмбари ислом (с)”, - гуфт Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода.

Дар боби қарантина руҳонии саршиноси тоҷик мегӯяд, дар асри Паёмбари Ислом (с) дар Мадинаи мунаввара вабо ё табларза, ки ҳуммо мегуфтанд, иттифоқ афтода буд ва аз он айём ин ҳадис аз эшон дар “Саҳеҳайн” – и Имом Бухорӣ ва Имом Муслим нақл шудааст:

“Чун аз маризии вабо дар як сарзамин хабар ёфтед, агар дохил бошед, хориҷ ва агар хориҷ бошед, дохил нашавед”.

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода дар такя ба манобеъи таърихӣ ин қиссаро меорад, ки як маризии вогир ё эпидемияи тоун низ дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб (634 — 644) дар Шом (Сурияи имрӯз) иттифоқ афтода, мӯҷиби фавти 17 ҳазор нафар, ба шумули саҳобагони Паёмбар (с) шудааст.

Шумо аз қазои Худо мегурезед? Суол аз Умар, ки вориди минтақаи эпидемия нашуд

Бино ба ин манобеъ, он замон нерӯҳои хилофат барои забти Сурия, ки таҳти султаи Императории Византия буд, меҷангиданд ва халифа Умар соли 635 барои ошноӣ бо ҷабҳаи ҷанг аз Мадина озими Шом мешавад, аммо дар марз ба ӯ маслиҳат медиҳанд, ки аз роҳаш баргардад.

“Амирони лашкар ба истиқболи он кас баромаданд ва дар марзи Шом ба он кас хабар доданд, ки дар ин мулк тоун омадаву ҷони хеле аз мардумро рабудааст. Ҳазрат саҳобаҳоро ҷамъ карда, ба маслиҳат нишастанд, ки ворид шаванд, ё на. Ихтилофи назар шуд, чун ҳадиси Паёмбар (с)-ро бархе саҳобаҳо нашунида будаанд. Мегуфтанд, ки чун аз ҳамин қадар роҳ омадед, вориди Шом нашавед, кори хубе намешавад. Бархе гуфтанд, на, ҳаёти Шумо барои ҳифзи хилофат муҳим аст, агар гирифтор ва шаҳид шавед, хилофат нуқсон мебинад. Ба як хулоса намерасанд. Фардои он рӯз яке аз саҳобаҳо Абдураҳмон ибни Авф, ки дар он машварат набуд, ҳозир шуд ва гуфт, ки шахсан аз Расули Акрам (с) ин ҳадисро шунидааст. Ҳазрат гуфтанд, чун Паёмбар (с) гуфта бошанд, мо ҳам аз роҳ гаштем. Яке аз саҳобаҳо гуфт, ё амиралмуъминин, Шумо аз қазои Худо мегурезед? Ҳазрат гуфтанд, ки бале, мо аз қазои Худо ба сӯи қазои Худо мегурезем. Он тараф ҳам қазои Худост. Ҳар чӣ муқаддар карда бошад, ҳамон ба сарамон меояд”, - қисса мекунад руҳонии тоҷик.

Тӯраҷонзода дар бораи қарантина ва фосилаи иҷтимоӣ

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода мегӯяд, азбаски эпидемия ё маризиҳои вогир дар таърихи башар зиёд иттифоқ меуфтоданд ва рушди илми тиб ба дараҷае, ки дар замони муосир аст, набуд, воқеиятҳо собит месозанд, ки асли ҳама гуна тадобири беҳдоштӣ дар он замонҳо вуҷуд дошт.

“Қарантинае, ки ҳоло дар дунё ҳаст, 1400 сол пеш олами ислом ҷорӣ карда буд. Агар мардум аз кишваре, ки “вируси корона” сар зада буд, хориҷ ва ё он ҷо дохил намешуданд, ҳоло мо шоҳиди чунин фоҷиаҳо набудем. Паёмбари ислом (с) як ҳадиси дигар ҳам доранд: “Фирр мин ал-ҷузом, фирорака мин ал – асад” – “Аз касе, ки бемории ҷузом (бодхӯра, ки гӯшти баданро мехӯрад) дорад, мисле ки аз шер бошад, гурезед!” Ин ҳам далели фосилаи иҷтимоӣ! Ҳоло он чӣ дар бораи фосилаи иҷтимоиву қарантинаи хонагӣ аст ё кишварӣ, назофату беҳдоштиву гигиена, дасту биниро шӯеду тозагиро риоят кунед, мегӯянд, ҳама асли исломӣ доранд”, - гуфт руҳонии саршиноси тоҷик.

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода аз хонаводаи маъруфи Тӯраҷонзодаҳо, руҳониёни маъруфи тоҷик ва устоди улуми динӣ аст. Эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон, намояндагони дигари маъруфи ин хонавода ҳастанд

0
Барчаспҳо:
Муҳаммад, ҳадис, беморӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, вируси нав, Тоҷикистон