Сайидюнуси Истаравшанӣ, архивное фото

Сайидюнус Истаравшанӣ ба ҳамшаҳриҳояш: худамро носазо бигӯед, аммо ба падаронам кордор нашавед

1012
(Таҷдидшуда 16:17 27.10.2017)
Сайидюнус Истаравшанӣ, фаъоли сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик, дар вокуниш ба номае, ки гурӯҳе аз мардуми шаҳри Истаравшан ба сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон навишта буданд, онро "буҳтоннома" хонд ва туҳматҳояшонро радд кард

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ин фаъоли сиёсӣ ва фарҳангӣ дар ёддоште, ки дар сафҳааш дар Фейсбук мунташир карда, бо таъкид бар ин ки "муътақид нест ин номаро воқеъан мардуми Истаравшан навишта бошанд", онро "кори дасти доираҳои хоссе" донистааст.

"Бо ин ҳама, аз онҷо, ки дар ин буҳтоннома нисбат ба ҷадди бузургвор ва падари арҷмандам туҳматҳои шохдоре баён шудааст, бар худ воҷиб медонам, ки ҳақиқатро дар ин замина баён бидорам", — таъкид кардааст вай.

Ӯ дар ин ёддошт афзудааст: "Банда то кунун дар бораи обову аҷдоди худ ва ин ки чӣ касоне буданд ва чӣ корҳое кардаанд, нанавиштаам, зеро лузуме намедидам. Аммо вақте бар домони поки эшон тӯҳмат зада мешавад, бар худам лозим медонам аз худ ва ниёконам дифоъ намоям. Як нохалаф дар бораи ҷадди бузургворам ва низ падари арҷмандам дурӯғҳое шохдор ва тӯҳматҳое ошкор навиштааст. Мардуми шаҳри азизам Истаравшан, ҳам ҷадди бузургворамро мешиносанд ва ҳам падари арҷмандамро".

Истаравшанӣ дар идома хотирнишон кардааст: "Инки чаро ҷаддам эшони Сайидбурҳонхон дар замони Шуравӣ ба Сибир ва Кӯкчатови Қазоқистон табъид шуда ва умри шарифи худро дар он даврон онҷо сипарӣ кардааст, далелаш ин дурӯғҳо нест, ки бофта ва мебофанд, балки худи ҳамин нависанда ва афроде, ки ӯро водор ба навиштани ин дурӯғ намудаанд, хуб медонанд, ки далели табъиди ҷаддам ба Кӯкчатов ва Сибир ин буд, ки эшон дар канори бародараш эшони Сайидабдулқодирхон алайҳи болшевикҳо солҳои тӯлонӣ муҷоҳида кард ва аз сарзамини худ дифоъ ба амал овард ва нахост пойи номубораки бегона ба сарзаминаш гушуда шавад. Ӯ аз хокаш ва аз заминаш дифоъ намуд, ҳарчанд барои эшон номи "босмачӣ"-ро гузошта буданд. Ӯ як муҷоҳид буд, ӯ як мубориз буд".

Вай афзудааст: "Вақте бародарашро ноҷавонмардона ба қатл расонданд (ва ҳанӯз маҳалли қатли эшон ва мазори эшон маълум нест, фақат ҳамин андоза медонем, ки дар Муҷун ин иттифоқ афтода), пас аз ин иттифоқ, ҷаддам муддате ба Қалъаи Хоҷаҳо паноҳ бурд ва муддате дар Қалъаи Дӯст ва муддате ҳам дар Қалъаи Ҳоҷӣ (ин деҳот дар ноҳияи Ғончӣ воқеъ ҳастаенд) зиндагӣ кард, аммо саранҷом боздошташ намуданд ва кумунистҳо барояш ҳукми эъдом содир карданд, вале ба тавфиқи илоҳӣ ва ба кӯмаки як афсари боинсофи рус ин ҳукм дар ҳаққи эшон ҷорӣ нашуд ва ба ҷойи он, падарбузургамро ба Кӯкчатов ва Сибир табъид намуданд ва то замони марги Истолин ва омадани Маленков, эшон дар табъидгоҳ бо зану фарзандонаш ба сар бурд ва чӣ сахтиҳо ва ранҷҳое таҳаммул накард! Ин аст сабаби табъиди эшон ба Кӯкчатов".

Истаравшанӣ дар идома ёдовар шудааст: "Соли 1982 эшон аз дунё чашм пӯшид ва ман ёдам ҳаст ва эшонро дарк кардаам. Эшон як руҳонӣ буд; тақво ва парҳезгорӣ, ки дар эшон мушоҳида кардаам, бе иғроқ мегӯям, ки дар касе суроғ надорам".

Вай навиштааст: Аммо падар ва қиблагоҳии арҷмандам эшони Сайидаббосхон, ки ба домони ӯ низ тӯҳмат зада шудааст, нависандаи он нома хуб медонад, ки падарам кӣ буд ва чӣ ҷойгоҳе дошт! Бале, ӯ алоқа ба асп дошт, аммо он чӣ ӯ мебофад, туҳматест шохдор".

Вай дар поён хитоб ба нависандаи он нома хотирнишон кардааст: "Ҳарчи носазо, ки мехоҳед, ба худам ва адреси худам нависед, зеро ба туҳматҳои шумо одат кардаам, аммо ба аҷдодам ва ниёконам ва падари азизам кордор нашавед, руҳи мутаҳҳар ва поки онҳоро наёзоред, азобу шиканҷа ва озору азиятҳое, ки дар Кӯкчатов ва Сибир ва дар даврони Шуравӣ кашидаанд, кофист! Худоро шукргузорам, ки озодагӣ ва озодихоҳӣ ва сарбаландиро аз аҷдодам ба ирс бурдаам!"

 

1012
Барчаспҳо:
вокуниш ба нома, Сайидюнус Истаравшанӣ, Тоҷикистон-Истаравшан
Мавзуъ
Номаи кушод ба Сафорати Эрон: Сайидюнус Истаравшаниро аз тахаллусаш маҳрум созед
Домулло Нӯъмонхон - собиқ имом - хатиби масҷиди Истаравшан боздошт шудааст
Дар Истаравшан як майдончаи варзишӣ ба баҳрабардорӣ расид
Дар шаҳри Истаравшан боғи фароғатӣ бунёд мешавад
Эмомалӣ Раҳмон шаҳрдорони Хуҷанд ва Истаравшанро барканор кард