Зӯроварӣ дар хонавода, акс аз бойгонӣ

Марде дар шаҳри Турсунзода ҳамсари пешинашро дар бозор лату кӯб ва маблағҳояшро тасарруф кард

78
(Таҷдидшуда 11:37 26.10.2017)
Гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуда, бо ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Зане дар шаҳриТурсунзода ба мақомоти милитсия муроҷиат карда, шикоят бурдааст аз ҳамсари собиқаш озор дидааст. Илова бар ин собиқ шавҳараш пулҳояшро низ ғорат кардааст.

Ба нақли ин зан, рӯзи 17-уми октябр дар бозори шаҳри Турсунзода шавҳари собиқ бе ягон асос занро лату кӯб мекунад ва 400 сомонӣ маблағашро бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ гирифта, ғайб мезанад.

Гуфта мешавад, гумонбаршуда аз ҷониби корманжони милиса дастгир шуда, тафтишот идома дорад.

78
Барчаспҳо:
хонавода, зӯроварӣ, зан, ҳамсар, Турсунзода, Тоҷикистон