Муҳиддин Кабирӣ, акс аз бойгонӣ

Имомхатиб: ҲНИТ дар Тоҷикистон мехост мазҳаби шиъаро густариш диҳад

921
(Таҷдидшуда 18:52 01.11.2017)
Ибодулло Калонзода навиштааст, Эрон ҲНИТ-ро пайваста дастгирии молӣ мекард ва мақсади кишвар густариш додани мазҳаби шиъаи ҷаъфарӣ дар Тоҷикистон буд

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар сомонаи Маркази исломии Тоҷикистон мақолаи имомхатиби масҷиди ҷомеи "Нури ислом"-и шаҳри Хуҷанд Ибодулло Калонзода мунташир шудааст. Дар он Калонзода дар пайравӣ аз изҳороти Нурулҳақов "Шиагароӣ. Идеология ва амалияи он" андешаҳои худро баён кардааст.

Ӯ менависад, Эрон бо пирӯзии инқилоби исломии оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ ба кишвари исломӣ табдил ёфта, дин бо сиёсат омезиш ёфтааст. Ба гуфтаи имомхатиб, Эрон ҳамвора талош дошта, ки нуфузи худро дар кишварҳои пасошуравӣ, ки яке аз онҳо Тоҷикистон аст, густариш диҳад.

"Ибтидои солҳои истиқлолият дар кишвари мо шахсоне пайдо шуданд, ки Тоҷикистонро мисли Эрон медиданд ва бо кӯмаку барномарезиҳои хоҷагони худ, мардуми боихлосро бо номи поки ислом ба қатлу куштор кашиданд. Зиёда аз ин, барои расидан ба сари ҳокимият роҳи ташкили ҳизби сиёсии диниро низ ба нақша гирифтанд. Ҳамин тавр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба миён омад, ки ба ҳаёти иқтисодӣ ва маънавии мо зарари калон расонид", — мегӯяд Калонзода.

Дар бахши дигаре аз мақола имомхатиб менависад, Эрон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ аз мухолифин пуштибонии молӣ мекардааст.

Бино ба навиштаҳои муаллиф, ҲНИТ, ки аз ҷониби Эрон сарпарастӣ мешуда, мақсад доштааст ақидаҳои мазҳаби шиъаи ҷаъфариро дар Тоҷикистон густариш диҳад ва дар Тоҷикистон "Инқилоби исломӣ" ба амал оварад. 

"ҲНИТ барои расидан ба ин мақсадҳои шуми худ, то соли 2015 миллионҳо долларро ҷамъ ва садҳо нафарро мусаллаҳ карда бо роҳбарии Ҳоҷӣ Ҳалим зидди давлату ҳукумати қонунӣ ҳамлаи мусаллаҳона намуд ва симои аслии хешро нишон дод", — мегӯяд Ибодулло Калонзода.

Ба гуфтаи вай, бо далеле ки Эрон то ҳол Ҳизби наҳзати исломиро дастгирӣ мекунад, "аз мақсаду ниятҳои хеш нагаштааст".

Ба гуфтаи имомхатиб дар Тоҷикистон заминаи иҷтимоии густариши мазҳаби шиъа вуҷуд надорад  ва "кӯшиши Эрон дар ин самт ба ғайр аз нокомиҳо дигар натиҷае намедиҳад, вале сабаби вайрон гаштани муносибатҳои байнидавлатӣ мегардад, ки ин на барои мардуми Эрон манфиат дорад, на ба мардуми Тоҷикистон".

"Мо ҳама тарафдори муносибатҳои покдилона ва беғаразонаи байни кишварҳои худ ҳастем ва умед дорем, ки дар асоси эҳтироми арзишҳои миллии якдигар бо ин кишвари дӯсту бародар ва ҳамдину ҳамфарҳанг ва ҳамзабон, бидуни бозиҳои сиёсӣ-мазҳабӣ алоқаҳои мо дар соҳаҳои гуногун густариш ёбад", — омадааст дар анҷоми изҳорот.

921
Барчаспҳо:
шиагароӣ, изҳорот, Маркази исломӣ, ҲНИТ, Эрон, Тоҷикистон
День 24 января

Аз рӯзи байналмилалии эскимо то фавти 50 ҳазор нафар дар Чилӣ: имрӯзи таърих

67
(Таҷдидшуда 12:49 24.01.2021)
Рӯзи бистучоруми январ ҳамчун Рӯзи байналмилалии эскимо мебошад. Зимнан дар ин рӯз дар Ҳиндустон аз Рӯзи миллии духтарон ва дар Британияи Кабир Рӯзи ёдбуди қурбониёни генотсид дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ таҷлил мегардад

Рӯзи 24 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1939 дар Чили заминҷунбии шадид ба амал омад, ки дар натича зиёда аз 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Последствия землетрясения и цунами в Чили 16 сентября 2015 года
Pablo Ovalle Isasmendi/AGENCIA UNO via AP
Последствия землетрясения и цунами в Чили 16 сентября 2015 года

Соли 1946 Комиссияи СММ оид ба энергияи атомӣ таъсис дода шуд.

Рӯзи 24 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баргузор гардид.

День 3 января
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории мутақобиланд судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия муҳокима карда шуданд. Соли 2014 пас аз анҷоми ҷаласаи 12-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ шартномаи муштарак оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

Соли 2008 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 қабул гардид.

Соли 2010 намояндагии дипломатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.

Соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бозии кушодашавии Ҷоми "Иттиҳод-2014" миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Эстония бо натиҷаи мусовӣ  2:2 ба анҷом расид.

Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2017 дар Сафорати Япония дар Душанбе маросими баимзорасии 10 лоиҳаи нави Барномаи Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашт ва бехатарии гуманитарӣ барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 24 январ

  • Рӯзи байналмилалии эскимо.
  • Дар Британияи Кабир – Рӯзи ёдбуди қурбониёни генотсид  (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ)  дар Ҷанги дуюми ҷаҳон.
  • Дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии духтарон.
67
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Дискотека в ночном клубе, архивное фото

Вақти рақс халал расондӣ: навори занозании 6 зани ҷавон дар клуби шабона дар Душанбе

3774
(Таҷдидшуда 16:19 23.01.2021)
РВКД Душанбе навори занозании шаш зани ҷавони аз 19 то 25-соларо дар клуби шабонаи "Аура" нашр кардааст. Онҳо ба ҳамдигар танҳо барои онки нафареашон вақти рақс бо китф ба дигаре расидааст, дарафтодаанд. РВКД мегӯяд, ин қабил номи занро доғдор мекунанд

ДУШАНБЕ, 23 янв— Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти шаш зани ҷавон ба иттиҳоми авбошӣ гузориш медиҳад.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, ин занони ҷавон, ки ҳамагӣ аз 19 то 25-сола будаанд, дар пайи занозанӣ дар клуби шабонаи "Аура" дастгир шудаанд.

Гуфта мешавад, бо сабаби ночиз ба ҳамдигар дарафтодаву тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.

Ҳамин тавр, тавре РВКД менависад, "ду гурӯҳ ҷавонзанон аз ду ҷониб, бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд".

"Сабаби муноқишаи мазкур “расидани китфи яке ба китфи дигаре дар вақти рақс ва ба ин тартиб халал расонидан ба истироҳати ҳамдигарӣ” унвон гардидааст. Дар ин замина номбурдагон ба ҳамдигар дарафтода, бо мушту пой ва зарфҳои шишагин якдигарро латукӯб намудаанд", - омадааст дар гузориш.

Афзун бар ин, онҳо ба эроди атрофиён аҳамият надода, тартиботро дар мавзеи ҷамъиятӣ ба таври дағалона ва ба муддати тулонӣ вайрон кардаанд.

Нисбати ҳамаи боздоштшудагон тибқи талаботи моддаи 237 қисмҳои 2 ва 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Навор ва аксҳои ин гурӯҳи боздоштшударо РВКД нашр кардааст.

Ёдрас мешавем, қисмҳои 2 ва 3-и моддаи 237 (авбошӣ) Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз 5 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

3774
Сотрудницы в физико-химической лаборатории, архивное фото

Эълони омори фавт, гирифторӣ ва шифо аз COVID - 19 дар Русия

0
(Таҷдидшуда 16:07 24.01.2021)
Дар давоми шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Федератсияи Русия 21 127 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Бино ба гузориши ситоди фаврӣ дар 24 соати гузашта дар қаламрави Федератсияи Русия 21 127 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID - 19 ба қайд гирифта шудааст.

Қариб дар ҳамаи манотиқи кишвар ҳолатҳои нави гирифторӣ ба қайд гирифта шудааст. 10,9 дарсад бидуни нишона аст.

Ҳамин тавр, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Русия ба 3 719 400 расид.

Манбаъ афзуда, ки дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Русия 22 445 мариз шифо ёфта, теъдоди умумии шифоёфтагон ба 3 131 760 баробар шуд.

Туркия ба истеҳсоли ваксинаи "Спутник V" шурӯъ мекунад

Дар давоми 24 соати гузашта дар кишвар 491 кас қурбони COVID-19 шуд. Ин нишондод дар Маскав — 74, Санкт-Петербург — 61, вилояти Маскав — 37 кас.

Аз аввали ҳамагирии коронавирус то кунун дар Русия 69 462 кас аз ин беморӣ ҷон аз даст дод.

0
Барчаспҳо:
гирифторони беморӣ, омор, Русия, вируси корона
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон