Книга Э. Рахмона Таджики в зеркале истории на французском языке. Архивное фото

Китобҳои раисҷумҳур Раҳмонро аз радио ҳам пахш мекунанд

25
(Таҷдидшуда 17:05 20.11.2017)
Шабакаҳои давлатии радио дар Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки матни китобҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар барномаҳояшон пахш кунанд

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Кумитаи давлатии радиову телевизиони Тоҷикистон ҳама шабакаҳои давлатии радиоро муваззаф кардааст пахши савтии китобҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар мавҷҳояшон роҳандозӣ кунанд.

"Мо аз Кумита чунин дастуре дарёфт кардаем. Ҳадаф аз ин иқдом боло бурдани худшиносӣ ва меҳандӯстии шаҳрвандон аст. Мо пеш аз ин ҳам матни китобҳои раисҷумҳурро дар барномаҳоямон пахш мекардем", — гуфт дар ин бора мудири шабакаи давлатии радиои Тоҷикистон Фаррух Зиёев.

Ба гуфтаи вай, роҳандозии ин барномаҳо муҳим аст, зеро бархе аз шаҳрвандон наметавонанд китоб бихонанд.

"Китобхон бисёр дорем, вале касоне, ки солхӯрда ҳастанд ва ё чашмонашон камнур шудаанд, наметавонанд китоб бихонанд. Ин барномаҳо онҳоро бо осори раисҷумҳур ошно хоҳанд кард", — тавзеҳ дод вай.

Мудири шабакаи давлатии радио гуфт, ки барои сабти матни китобҳо ҳунарпешаҳо ва муҷриҳои машҳур ҷалб карда мешаванд ва ҳама китобҳои Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам китобҳое, ки дар борааш навишта шудаанд, ба шакли савтӣ забт ва барои пахш ба шабакаҳои радиои давлатӣ ва хусусӣ дода мешаванд.

25
Барчаспҳо:
китобҳои гӯё, Фаррух Зиёев, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуъ
“Ту меарзӣ!”: тарона дар ситоиши Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: "бархе аз зиёиён мавқеъи шаҳрвандии худро муайян карда натавонистанд"
Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилениро ба истифода дод
Тоҷикистон ҷашн дорад: Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд сафар кард