шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Шикояти мардуми Хуҷанд кам шудааст

54
(Таҷдидшуда 10:10 08.12.2017)
Мардуми Хуҷанд имсол ба мақомоти шаҳр кам шикоят кардааст

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

"Соли равон ба унвонии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 4445 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон ворид гардидааст, ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 436 адад кам мебошад", — омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки дар ин давра қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои чоршанбе ва шанбе дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида ва усули "Равзанаи ягона" ҷараён гирифтааст.

Ҳамин тавр аз ҷониби роҳбарияти шаҳр 1196 нафар шаҳрвандон қабул шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 690 нафар кам мебошад.

Тибқи иттилоъ шаҳрвандон бештар бо масоили гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, гирифтани замин барои сохтмон, бақайдгирии манзил ва биноҳои сохташуда, таъмир ва сохтмони манзил, гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин, масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, фарзандхонӣ ва ғайра муроҷиат намудаанд.

54
Барчаспҳо:
камтар, шикоят, ҳукумати вилояти Суғд, Хуҷанд
Пустое кресло

Тағйироти кадрӣ дар дастгоҳи раиси Бадахшон: Улфатшоев вазифаи нав гирифт

746
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Файзов Ёдгор дар ҳайати дастгоҳаш тағйироти кадрӣ гузаронд

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Бо қарори Файзов Ёдгор раиси ВМКБ, Улфатшоев Ҷангибек Мирзоевич аз вазифаи ишғолкардаи худ канор рафт.

Номбурда дар асоси қарори раиси вилоят, аз вазифаи сармутахассиси бахши иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси ВМКБ озод гардид.

Раҳмон гуфт, на ҳамеша аз рӯи ахбори пешниҳодшуда ба ӯ кор мекунад-видео

Бар хабари котиботи раиси ин вилоят, Улфатшоев Ҷангибек дар асоси қарори раис ба мансаби муовини сардори Раëсати маориф таъйин карда шуд.

"Дар мақоми нав, Улфатшоев аз санаи 25 - уми сентябр ба ифои вазифа шурӯъ мекунад", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, Улфатшоев Ҷангибек давоми 9 сол дар дастгоҳи раиси вилоят ба вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, аз соли 2007 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 2017 узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

746
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, ВМКБ
Визит Эмомали Рахмона в Согдийскую область

Сафари Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг аз ифтитоҳи пул оғоз ёфт

111
Кишвардори Тоҷикстон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафарӣ корӣ ба вилояти Хатлон имрӯз ба ноҳияи Ховалинг ташриф овард

 

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Сафари кории Эмомалӣ раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияи Ховалинг аз ифтитоҳи пули нав миёни деҳаи Панҷариёни деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг ва деҳаи Синҷии деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод оғоз ёфт.

Бар хабари котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, пули нав дар болои дарёи Ёхсу сохта шуда, 80 метр дарозӣ ва 6 метр паҳноӣ дорад.

Иқтидори борбардории пул 40 тоннаро ташкил медиҳад.

Раҳмон дар Мӯъминобод бо дастовез ба хонаи сокини маҳаллӣ рафт

Иншооти нав аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст Фатҳулло Қаҳҳоров ва Ҷумахон Қосимов дар муддати кӯтоҳ бо харҷи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои саҳм гузоштан дар ободонии маҳалли худ таҳсину офарин хонда, намунаи ибрат барои дигар арзёбӣ кард.

111
Барчаспҳо:
ифтитоҳ, пул, Ховалинг, Эмомалӣ Раҳмон
Игор Черевченко, акс аз бойгонӣ

Cобиқ футболбози тими миллии Тоҷикистон, сармураббии “Химки” шуд

0
(Таҷдидшуда 19:28 25.09.2020)
Дастаи “Химки” дар пайи қатъи шартнома бо сармураббӣ Дмитрий Гунко хабар дод, ки Игор Черевченко сармураббии нави тим таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Собиқ сармураббии тими “Арсенал”-и Тула, Игор Черевченко ба мақоми сармураббии дастаи “Химки” таъйин шудааст, хабар дод бошгоҳ дар саҳифааш.

Рӯзи 21 сентябр маълум шуд, ки бошгоҳи “Химки” ҳамкориро бо мураббии собиқ Дмитрий Гунко қатъ мекунад, ки дар ин бора хадамоти матбуоти даста хабар дод.

Черевченко дар тӯли камтар аз як сол чорумин мураббии клуби вилояти Маскав шуд.

Дмитрий Гунко тавонист камтар аз ду моҳро дар даста гузаронад. Таҳти роҳбарии Гунко, “Химки” ба зинаи охир дар ҷадвали “РПЛ” фаромад.

Черевченко 46-сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.

Номбурда тавонист ҳам дар тими мунтахаби кишвар ва ҳам дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ кунад.

Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула фаъолият кардааст.

0
Барчаспҳо:
Футбол, Русия