Зане бо ҳиҷоб, акс аз боййгонӣ

Оё мард шаш моҳ дар муҳоҷират монад, никоҳаш бурида мешавад?

810
(Таҷдидшуда 11:49 12.12.2017)
Оё мардон пас аз бар гаштан аз муҳоҷирати меҳнатӣ, ки зиёда аз шаш моҳ тӯл кашидааст, бо ҳамсаронашон никоҳ банданд?

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik."Оё мард шаш моҳ дар муҳоҷират монад, никоҳаш бурида мешавад?",- пурсидааст яке аз корбарони сомонаи Маркази исломии Тоҷикистон аз коршиносон.

Ин мард, ки худро Матлуб муаррифӣ кардаст, мегӯяд пайваста ба муҳоҷиратӣ меҳнатӣ меравад ва муддати дароз дар кишвари дигар мемонад. Касе ба Матлуб гуфтааст, дар ҳолати аз шаш моҳ зиёд берун рафтани шавҳар аз хонавода, никоҳаш бо ҳамсар бурида мешавад.

Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба ин суол посухи рад дода, афзудаст, дар ин ҳолат байи зану ҳамсар талоқ намефарояд.

"Бародари азиз, дар масъалаи мазкур ҳамсари шумо ягон талоқ намешавад ва никоҳи нав кардан ҳам зарурат надорад. Сухани он шахс асос надорад ва дар ягон китоби фиқҳи ҳанафӣ ҳам наомадааст",- омадаст дар посухи коршиносони Шурои уламои Тоҷикистон.

810
Барчаспҳо:
талоқ, ҳамсар, муҳоҷират, Шурои уламои ҶТ, Тоҷикистон
Торговля на барахолке в Душашбе

Маълум нест, ки чӣ аст: кори "вирускуш" и ҷопонӣ ба прокуратураву КДАМ рафт - акс

2048
(Таҷдидшуда 17:19 29.10.2020)
Мақомоти тандурустии вилояти Суғд ҳудуди 600 адад блокатор ё масдудкунандаи вирусро мусодира ва як хонуми тавзеъкунандаи онро боздошт намудаанд

ДУШАНБЕ, 29 окт – Sputnik. Абдумавлон Абдуллозода, сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин теъдод, ба истилоҳ, блокаторро тайи ду рӯзи ахир кормандони мақомоти масъули тандурустӣ аз дорухонаву кӯчаву бозор мусодира карданд.

"Ин мавод ягон ҳуҷҷату сертификат надорад. Аз сӯи идораҳои зидахли вазорати тандурустӣ барои воридоташ тавсия нашудааст. Онро ғайриқонунӣ вориди бозор кардаанд. Мо ба прокуратура ва раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Суғд ҳам маълумотнома пешниҳод кардем", - гуфт Абдумавлон Абдуллозода.

Агар ба чашм расад...

Тибқи иттилои манобеъи ғайрирасмӣ, блокатор ё масдудкунандаи вирус таҳти унвони "Virus shut out" ё "вирускуш" ҳудуди як ҳафта ба ин сӯ ба яке аз молҳои серхаридори дорухона, ҳатто бозору дастфурӯшиҳои шаҳри Хуҷанд табдил ёфта, аз 10 то 15 сомонӣ арзиш дорад. Мардум онро ба унвони "бейҷик ё биркаи каронавирус" харидорӣ намуда, ба ин боваранд, ки ин "бейҷик" онҳоро то як моҳ аз "вируси корона" ҳимоя мекунад ва онро то 1,5 метр дар ҳаво маҳв месозад.

На рынках Худжанда появились противо-коронавирусные бейджики о происхождении и составе которых мало что известно
© Sputnik
На рынках Худжанда появились противо-коронавирусные бейджики о происхождении и составе которых мало что известно

Сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд мегӯяд, ин, ба истилоҳ, блокаторҳо мавриди таҳқиқ қарор дода шуданд ва маълум гардид, ки онҳо зоҳиран моли кишвари Ҷопон мебошанд.

"Дар навиштаҷоте, ки бо ҳуруфи ҷопонӣ омадааст, чунин навишта шудааст. Мо дирӯз бо ҷалби мутахассисон навиштаҷотро тарҷума карда, маълум кардем, ки гӯё аз хлориди натрий иборат аст. Ҳамзамон гуфта шудааст, ки онро бачаҳои то 9-сола набояд истифода кунанд, ё агар ба чашм расад, зарар мерасонад. Чӣ зарар? Маълум нест. Ҳоло ин ҳамаро таҳти таҳқиқ қарор додаем", - гуфт Абдумавлон Абдуллозода. 

Ин чӣ аст?

Дар ҳамин ҳол, “Virus shut out” дар минтақаву ИДМ як моли нав нест. Бино ба иттилое, ки дар расонаҳои Ӯзбекистон нашр шудааст, ин “вирускуш” дар он кишвар аз моҳи марти соли равон пайдо шуда, ҳатто раҳбаронаш аз он истифода мекардаанд. Ҳамзамон дар Русия низ онро мефурӯшанд. Аммо дар қиёс бо Хуҷанд ин блокатор дар Ӯзбекистон аз 6 то 24 доллари амрикоӣ, муодили 60 то 240 сомонӣ ё Русия аз 1 то 1 ҳазору 200 рубл, ҳудуди 140 то 200 сомонӣ арзиш дорад.

Бино ба муаррифиномаҳои ширкатҳои фурӯшанда, блокатори “Virus shut out” моли ширкати Tao Sangyo-и Ҷопон буда, аз диоксиди хлор (CLO2), ки хусусияти зиддиуфунӣ карданро дорад, иборат ва комилан эмин, корбурдиву роҳат мебошад ва пӯсти инсонро аз вирусҳо, бактерияҳо ва микробҳо муҳофизат мекунад.

Аммо мақомоти тандурустии вилояти Суғд мегӯянд, “вирускуш” – е, ки вориди Хуҷанд шудааст, як чизи тамоман дигар аст.

Маводи номаълум...

Илҳом Пӯлодзода, сардори Саррраёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд, ки масъулияти назорати сиҳати доруворӣ ва таҷҳизоти тиббиро ба зимма дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳангоми таҳқиқи ин блокатор дар озмоишгоҳ маълум шуд, ки хлориди натрий, худи хлор ё калсий хлор дар таркиби он аслан нест.

“Маълум нест, ки он чӣ аст. Муайян карда нашуд. Мо фақат маълум кардем, ки он як маводи ғайристандартӣ буда, он гуна, ки муаррифӣ шудааст, намебошад. Ин ки дар таркиби он чӣ ҳаст, пас аз машвара ва озмоишҳои тамоми ниҳодҳои масъул дақиқ карда мешавад. Мо тамоми кормандонамонро ба мағозаву дорухона ва бозорҳо фиристодем, то ба фурӯшандаҳо ва мардум фаҳмонанд, ки эҳтиёт шаванд”, - гуфт Илҳом Пӯлодзода.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти тандурустии Суғд мегӯянд, як занеро, ки бо фурӯши ин блокатор машғул будааст, боздошт намуда, мавриди пурсуҷӯ қарор додаанд, то ба он нафаре расанд, ки ин маводро вориди Тоҷикистон кардааст. Ба қавли онҳо, ба ин таҳқиқ мақомоти қудратӣ низ ҷалб хоҳанд шуд.

На рынках Худжанда появились противо-коронавирусные бейджики
© Sputnik
На рынках Худжанда появились противо-коронавирусные бейджики

Ҳоло он чӣ суолангез аст, ин аст, ки ин мавод аз куҷо вориди Тоҷикистон шудааст. Танҳо ҳадсу гумонҳо вуҷуд доранд, ки тоҷирон онро дар даруни моли тиҷоратиашон ба таври қочоқ аз хориҷ ворид кардаанд.

2048
Барчаспҳо:
акс, Суғд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
День 29 октября

Ҷашнҳои рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

72
(Таҷдидшуда 20:28 28.10.2020)
Рӯзи 29 октябри соли 2019 рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сактаи майна, рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст) ва рӯзи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Қазоқистон мебошад

Рӯзи 29 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1898 дар Русия нахустин киштии яхшикан дар ҷаҳон - "Ермак" ба истифода дода шуд.

День 28 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1945 дар Ню-Йорк аввалин маротиба ручкаи саққодор ба фурӯш бароварда шуд.

Соли 1947 аввалин маротиба ба хотири ба вуҷуд овардани борон аз яхи хушк истифода бурда шуд.

Соли 1969 аввалин доду гирифт миёни ду компютер дар доираи лоиҳаи ARPANET сурат гирифт, ки ин ҳодисаро дар таърих тавлиди Интернет меноманд.

Пользователь смотрит товары в интернет магазине, архивное фото
Пользователь смотрит товары в интернет магазине, архивное фото

Соли 2016 дзюдочии тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов дар мусобиқаи The Big Apple Judo Classic-2016 дар Ню-Йорк медали тилло ба даст овард.

Хушбахт Курбонмахмадов, архивное фото
Хушбахт Курбонмахмадов, архивное фото

Рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 2006 пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV аз Тоҷикистон боздид кард.

Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото
Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото

Соли 2012 дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати Президент Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи нави истеҳсолӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

День 27 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 дар шаҳри Кӯлоб 6 корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор дароварда шуданд.

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 20 — солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"-ро, ки бо пешниҳоди Роҳбари давлат аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида буд, имзо кард.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуданд.

Соли 2016 дар шаҳри Роғун бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии "Роғун" барпо шуд.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон
© Sputnik / Амир Исаев
Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон

Соли 2019 беш аз 400 маҳбус аз муассисаи ислоҳии 3/5 воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ба озодӣ баромаданд.

Пайвандони афвшудагон дар шаҳрии Хуҷанд
акс аз Sputnik Тоҷикистон
Пайвандони афвшудагон дар шаҳрии Хуҷанд

Соли 2019 Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷаҳонпаҳлавон Сомон Маҳмадбеков қадрдонӣ кард.

Встреча чемпиона мира Сомона Махмадбекова
© Sputnik / Амир Исаев
Встреча чемпиона мира Сомона Махмадбекова

Соли 2019 Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки бо пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирова узви Маркази интихот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоб гардид.

Махфират Хидирзода
© Sputnik Махпора Киромова
Махфират Хидирзода

Ҷашнҳои рӯзи 29 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сактаи майна.
  • Рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст).
  • Рӯзи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Қазоқистон.

Рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1929-1993 нависанда Қулмуҳаммад Абдулҳусейнов.

Соли 1950 Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ.

Соли 1958 доктори илмҳои иқтисодӣ Ихтиёр Ашуров.

Соли 1963 сароянда Раъно Абдуллоева.

72
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

0
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

0
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон