Барфрезӣ. Акс аз бойгонӣ

Барфу борон: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

185
(Таҷдидшуда 10:12 05.01.2018)
Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 5 январ ҳаво дар саросари кишвар номусоид шуда дар баъзе минтақаҳо боридани борону барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва баъзе ноҳияҳо боридани барф пешбинӣ мешавад. 

Дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, борону барф меборад. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои камабри тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар баъзе ҷойҳо барф меборад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 17-22 ва рӯзона 8-13 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда гашта, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар дошта шудааст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф  пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ пешбинӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои Созмони обуҳавошиносӣ чунин вазъи ҳаво то охири ҳафтаи равон боқӣ мемонад.

185
Барчаспҳо:
барф меборад, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Гололедица , архивное фото

Ҳушдори КҲФ ба ронандаҳо: то 27 ноябр яхбандӣ ва тармафароӣ мешавад

306
(Таҷдидшуда 19:16 24.11.2020)
Тибқи пешгӯии Ожонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 27 ноябр дар ҷумҳурӣ боридани борон ва дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳистонӣ бориши барфи шадид дар назар аст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз яхбандӣ дар роҳҳои мошингард ва ҳамзамон тармафароӣ ҳушдор медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар қитъаҳои роҳҳои мошингарди "Душанбе — Чанок", "Душанбе — Ваҳдат — Лахш", "Душанбе — Рашт", "Душанбе — Сангвор", "Душанбе — Кӯлоб", "Шоҳин — Дарвоз", "Ванҷ- Хоруғ", "Хоруғ — Ишкошим — Мурғоб" эҳтимоли яхбандӣ, тӯдашавии барф дар баъзе ҷойҳо, инчунин дараҷаи баланди хатари фаромадани тарма мавҷуд аст.

КҲФ аз сардшавии ҳаво, боришоту яхбандӣ ва лағзиши тарма ҳушдор медиҳад

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз мусофират, сафарҳо ба мавзеъҳои аз лиҳози фаромадани тарма хатарнок худдорӣ кунанд, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.

"Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ ё қитъаҳои дорои хатари фаромадани тарма бояд фосилаи муқарраршудаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд, дар роҳҳо бодиққат ва эҳтиёткор бошанд", - шарҳ доданд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Тибқи пешгӯии Ожонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 27 ноябр дар ҷумҳурӣ боридани борон ва дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳистонӣ бориши барфи шадид дар назар аст.

306
Барчаспҳо:
тармафароӣ, ҳушдор аз яхбандӣ, яхбандӣ, ҳушдор
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

"Уралские авиалинии" низ аз се шаҳри Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад

429
(Таҷдидшуда 13:47 24.11.2020)
Ширкати "Уралские авиалиние" низ иҷозати анҷом додани парвозҳои чартерӣ аз се шаҳри Тоҷикистон ба манотиқи гуногуни Русияро дарёфт кард

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik.Ҳукумати Тоҷикистон ба як ширкати ҳавопаймоии дигари русӣ иҷозати анҷом додани парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия фароҳам овард.

Бар хабари сафорати Русия дар Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоии "Уралский авиалинии" ҳамакнун ҳафате панҷ маротиба парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русияро анҷом медиҳад.

Маълум аст, ки ширкати ҳавопаймоӣ барои ташкили парвозҳо аз Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба шаҳрҳои гуногуни Русия иҷозат гирифтааст.

Ҳамин тавр, парвозҳо дар самтҳои зерин сурат мегиранд:

  • Душанбе - Жуковский, парвоз рӯзи якшанбе;
  • Душанбе -Қазон рӯзи душанбе;
  • Душанбе - Красноярск рӯзи душанбе;
  • Душанбе - Самара рӯзи сешанбе;
  • Душанбе - Санкт-Петербург рӯзи сешанбе;
  • Душанбе - Уфа рӯзи душанбе;
  • Хуҷанд - Жуковский рӯзи душанбе;
  • Хуҷанд - Красноярск  рӯзҳои душанбе;
  • Хуҷанд - Самара рӯзҳои якшанбе;
  • Хуҷанд - Санкт-Петербург дар рӯзҳои ҷумъа;
  • Кӯлоб - Маскав рӯзи шанбе.
"Арзиши чиптаи парвозро намояндагии ширкати мазкур дар Тоҷикистон муайян мекунад".

Манбаъ меафзояд, ҳамаи ин парвозҳо барои интиқол додани шаҳрвандони Русия, инчунин шахсоне пешбинӣ шудаанд, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Федератсияи Русия аз 16 марти соли равон барои ворид шудан ба Русия асос доранд.

Шахсоне, ки шаҳрвандии Русия надоранд, танҳо бо пешниҳод намудани маълумотномаи тиббӣ дар мавриди олудаи коронавирус набудан, ба ҳавопаймо роҳ дода мешаванд.

Таъкид мегардад, ки ин маълумотнома бояд се рӯз қабл аз сафар гирифта шавад.

429
Барчаспҳо:
Русия, Тоҷикистон, парвоз, Уралские авиалинии
Асозода Дилшод Алимурод глава города Нурек  посетил ветерана ВОВ  Гулов Малах

Мақомоти шаҳри Норак ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ хона сохт

0
(Таҷдидшуда 19:28 24.11.2020)
Мақомоти шаҳри Норак эълон кардааст, ки ахиран ба Гулов Малах, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра сохта тақдим карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари маӣбуоти раиси шаҳри Норак ахиран раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Гулов Малах рафт.

Раиси шаҳри Норак бо вазъи зисту зиндагонии пири хирад Гулов Малах ошно гардидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки бо ташаббуси мақомоти шаҳр манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра, ошхона барои аҳли оилаи Гулов Малах сохта, ба истифодаи онҳо супорида шуд.

Ҳамзамон раиси шаҳри Норак барои мавсими зимистонгузаронӣ ба иштирокчии ҶБВ маблағи пулӣ тақдим кардааст.

Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

0
Барчаспҳо:
ҶБВ, куҳансарбоз, собиқадорон, Норак, Тоҷикистон