Ссора, архивное фото

Додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳоди ҷазо додани ҳамсарони хиёнаткорро баррасӣ мекунад

256
(Таҷдидшуда 14:46 25.01.2018)
Додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳоди муқаррар кардани муҷозот барои хиёнат ба ҳамсарро баррасӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Додситонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди муқаррар кардани муҷозот барои хиёнат ба ҳамсарро баррасӣ хоҳад кард, гуфт додситони кулли ҶТ Юсуф Раҳмон.

Имрӯз дар нишасти расонаии Додситонии кулл яке аз рӯзноманигорон пешниҳод кард, ки барои пешгирӣ аз кушторҳо дар паи рашку хиёнат ҳамсарони хоин қонунан муҷозот карда шаванд.

Юсуф Раҳмон дар посух ба ин дархост гуфт, ки Додситонии кулл ин масъаларо баррасӣ хоҳад кард.

Бино ба гузориши расонаҳо, кушторҳо дар паи рашку хиёнат дар Тоҷикистон ахиран рӯ ба афзоиш гузоштаанд. Чунончи, чаҳор моҳ пеш аз ин кормандони умури дохила марди 56-солаеро ба иитиҳоми куштани ҳамсари собиқаш дастгир карданд.

Ҳамчунин кормандони милиса марди 51-солаеро дар шаҳри Турсунзода дастгир карда буданд, ки ҳамсари собиқашро аз рашк кушта буд.

256
Барчаспҳо:
хиёнат ба ҳамсар, ҳамсаркушӣ, Додситонии кулли ҶТ, Юсуф Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ду рӯз пеш аз Соли нав: дар Шаҳринав зане пас аз ҷанҷол ба ҳамсараш корд зад
Фоҷиа: дар вилояти Суғд падар духтар ва ҳамсарашро кушт
Зан ҳангоми дар Русия будани ҳамсар шавҳар кард, мард пас аз бозгашт хост ӯро бикушад
Чӣ гуна марди қирғиз вафодории ҳамсарашро санҷид
Зане аз ноҳияи Рудакӣ: ҳамсарам маро лату кӯб кард ва тилловориҳоямро дуздид