Выставка народных промыслов в Хороге

Ҷӯробу тоқӣ: Кӯҳистони Бадахшон ҳунарҳои мардумиашро ба намоиш гузошт

215
(Таҷдидшуда 18:22 25.01.2018)
Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар маркази вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Намоишгоҳи офаридаҳои ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар чорчӯби барномаҳои Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имрӯз дар шаҳри Хоруғ барпо шуд.

Ба гузориши сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева, маросими ифтитоҳи намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ бо ширкати раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ва масъулини вилоят баргузор шуд.

“Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хонда шудани соли 2018 гувоҳ бар таваҷҷуҳи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи ҳунарҳои миллии тоҷикӣ ва беҳбуди вазъи иқтисодии мардум аст”, — гуфт раиси ВМКБ дар ин маросим.

Вай таъкид карда, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо барои ҳунармандони мардумӣ шароит фароҳам мекунад то сохтаҳову дӯхтаҳову бофтаҳои худро намоиш диҳанд ва бифурӯшанд.

215
Барчаспҳо:
намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, Шодихон Ҷамшед, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар соли рушди сайёҳӣ: дар Душанбе нахустин Маркази иттилоотии гардишгарӣ ифтитоҳ шуд
Фармони раисҷумҳур дар бораи "Соли рушди сайёҳӣ" эълон шудани соли 2018 ба имзо расид
Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ эълон кард
Сармоягузорони чинӣ соҳаи сайёҳӣ ва кӯҳкориро дар ВМКБ рушд медиҳанд