Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ

Рустам Эмомалӣ ба сокинони водии Бартанг 30 тонна ангишт фиристод

603
(Таҷдидшуда 20:03 01.02.2018)
Рустам Эмомалӣ ба бошандагони деҳоти дурдасти водии Бартанги ноҳияи Рӯшон кумак кардааст

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дар ин бора хабарнигори расонаи расмии Тоҷикистон Файзи Мирҳасан хабар додааст.

Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар баробари кумаки ғизоӣ, ҳамчунин барои сокинони деҳоти Савноб 30 тонна ангиштсанг фиристод.

Гуфта мешавад, ки ин барои бошандагони ҷамоати деҳоти Савноби водии Бартанг кумаки хеле зарурӣ ва саривақтӣ буда, пиру барнои ҷамоат ба ӯ изҳори сипос менамоянд.

Раиси ҷамоати мазкур гуфта, ки зимистони имсола агарчӣ камбарф аст, аммо ҳаво хеле сард буда, сокинон бештар ба маводи сӯхт ниёз доранд.

Ин кумаки раиси шаҳрдорӣ ба муносибати ҷашни Сада, ки яке аз қадимтарин идҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, расонида шудааст.

603
Барчаспҳо:
кумак ба мардуми Бартанг, Рустам Эмомалӣ, ВМКБ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Бунёди мактаби нав дар деҳаи Рухчи водии Бартанг
Водии Бартанг: бидуни қувваи барқ оянда надорем