Беш аз 400 шаҳрванди ҶТ ғайриқонунӣ дар мадрасаҳои мазҳабии хориҷӣ таҳсил мекунанд

© Sputnik / Александр ПоляковСлужба в мечети, архивное фото
Служба в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Куллан дар мадрасаҳои мазҳабии хориҷӣ беш аз 3300 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунад

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи умури дин ва танзими ҷашну маросим дар Ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, 405 донишҷӯ аз Тоҷикистон дар мадрасаҳои динии  кишварҳои исломиву арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Покистон ғайриқонунӣ машғул ба таҳсил ҳастанд.

Вай иттилоъ дод, ки куллан дар мадрасаҳои мазҳабии хориҷӣ 3694 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Аз ин шумор Кумита тавониста, ки 3388 касро ба Тоҷикистон баргардонад, вале 88 кас аз онҳо дубора ба ҷойи таҳсили пешинаашон баргаштаанд.

“Бархе аз онҳо ба баҳонаи корҷӯӣ хориҷа рафтаанд. Бархе ҳам далел овардаанд, ки ҳамзамон бо кор ё тиҷорат дар мадраса таҳсил мекардаанд. Кумита барои боз гардондани онҳо чораҷӯӣ дорад”, — гуфт Давлатзода.

Пештар Ҷумъахон Ғиёсов, муовини раиси ин Кумита, гуфта буд, ки теъдоди хоҳишмандони таҳсил дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон камобеш ду баробар кам шуда, чуноне, ки дар соли 2016 ин донишкада  308 донишҷӯ мепазируфта, вале танҳо 197 кас ворид шудааст.

“Дар соли таҳсилии 2016 – 2017 шумори донишҷӯёни ин донишгоҳ камобеш 40 дарсад коҳиш ёфт. Он сол мо 308 ҷой доштем, вале танҳо 197 донишҷӯ ворид шуда буд”, — таъйид кард раиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон Тоҷиддин Асомуддинзода.

Донишкадаи исломии Тоҷикистон ягона омӯзишгоҳи олии исломӣ аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар он улуми исломиро таҳсил кунанд.

Лентаи хабарҳо
0