Духтари хоб, акс аз бойгонӣ

Хушдоманҳои тоҷик аз он гила доранд, ки арӯсҳояшон бисёр хоб мекунанд

898
(Таҷдидшуда 14:18 14.02.2018)
Мева аз дарахт дур намеафтад: шумораи шавҳарони аз ин ҷиҳат шикояткунанда ҳам кам нестанд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон хушдоманҳои зиёде муроҷиат карда, аз келинҳояшон  шикоят кардаанд: арӯсони ҳозира бисёр хоб мекунанд.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи занон  Идигул Қосимзода чунин шикоятҳо на танҳо аз ҷониби хушдоманҳо расидааст, балки шавҳарони ҷавон ҳам аз серхобии арӯсон шикоят кардаанд.

"Мо дар посух  гуфтем, ки ин ҳамон занҳо фарзанду набераҳои шуморо дар батни худ мепарваранд. Бояд аз пайи саломатии онҳо шуд",- мегӯяд Қосимзода.

Ба гуфтаи раиси Кумита, ин ниҳод чонд коршиносеро аз кишварҳои хориҷӣ даъват карда, барои мардҳо дасрсҳои омӯзишӣ ташкил кардааст: мардҳо огаҳ шуданд, ки барои зани ҳомила бояд чӣ шароитеро фароҳам овард.

Қосимзода ҳамчунин дар рафти нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод, ки дар соли 2017 2 100 талоқ ба қайд гирифта шуд. Дар ҳоле, ки оилаҳои пошхӯрда қариб ҳама ҷавон буданд.

"Ба мо наздики якуним ҳазор аризаи ҷабрдидаҳои хушунати хонаводагӣ ворид шудааст. Дар натиҷаи дида баромадани ин аризаҳо 281-тои он ба додгоҳ супурда шуд ва парвандаи ҷиноӣ боз гардид",- мегӯяд вай.

Ба гуфтаи Идигул Қосимзода дар соли 2017 дар ҳудуди Тоҷикистон 497 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 99 ҳолат камтар мебошад.

Аммо Қосимзода аз ин шумора маълум накарда, ки чанд нафарашон зан ва ё кӯдак буданд. Ӯ гуфт, беҳтар ин саволро аз Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон пурсид.
Аммо Қосимзода афзуд, худкушӣ байни занон бештар дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуд.

"Занҳо даст ба ҷони худ мезананд, бехабар аз он ки гуноҳи азиме содир мекунанд",- гуфт ӯ.

Бояд қайд кард, ки аз қадимулайём дар хонаводаи тоҷикон ба занҳо таълим дода мешавад, ки бонуи хона бошанд ва ба падару модари шавҳар хидмат кунанд.

898
Барчаспҳо:
шикоят, хушдоман, зан, Тоҷикистон
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото

Баъди 20 соли бехонагӣ: соҳибкорон ба Ҷонаковҳо аз номи Президент хона доданд

1013
Оилаи Ҷонаковҳо баъди 20 соли бехонагӣ, ахиран дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон соҳиби манзили дуҳуҷрагӣ гардидаанд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Оилаи Ҷонаковҳо, ки панҷ фарзанд доранд, аз сабаби бехонагӣ тайи 20 сол дар нуқтаҳои сузишворӣ, вагонҳои хоҷагии деҳқонӣ ва ба ин монанд дар бошишгоҳи саҳроӣ бо азобу машаққати зиёд зиндагӣ мекарданд, навиштааст сомонаи "Фараж".

Манбаъ хабар дод, ки зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба шаҳри Левакант аз номи роҳбари давлат ба Ҷонаковҳо калиди хонаи дуҳуҷрагӣ дода шуд. Ин хонаро ба оилаи Ҷонаковҳо соҳибкорони хайрхоҳи вилояти Хатлон туҳфа карданд, илова намудаст нашрия.

Муҳаббат Ҷонакова, модари хонадон ба “Фараж”  гуфтааст, ҳеҷ бовар надошт, ки баъди солҳои зиёди сарсониву саргардонӣ дар вагонҳои вайрона ва бошишгоҳи саҳроӣ соҳиби манзили зист ва замин мешавад.

Зикр шудааст, ки инчунин раиси ноҳияи Кӯшониён, Вализода Икромиддин дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия барои Ҷонаковҳо 0,05 га замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, ҳуҷҷатҳои замин низ бо супориши раиси ноҳия барои онҳо ройгон омода гардидаанд.

1013
Барчаспҳо:
кумак, хона, Тоҷикистон
Ожирение, архивное фото

Олимон: чарби шикам ҳатто дар вазни муқаррарӣ, хатари марги бармаҳалро зиёд мекунад

577
(Таҷдидшуда 15:58 27.09.2020)
Олимон пас аз анҷоми таҳқиқоти илмияшон ба чунин хулоса омаданд, ки чарби шикам одамро ба марги бармаҳал наздик меорад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Чарби шикам ҳатто дар сурати доштани вазни муқаррарӣ, одамро ба марги бармаҳал "тела" мекунад, менависад MedicalXpress бо такя ба маълумоти олимони эрониву канадагӣ.

Мутахассисони ин ду кишвар дасти кам 72 кори илмиро омӯхтанд, ки муносибати фарбеҳии шикам (вақте ки чарб маҳз дар шикам пайдо мешавад) ва фавт аз сабабҳои гуногунро тафтиш карданд. Онҳо инчунин нишондиҳандаҳои солимии зиёда аз 2,5 миллион ихтиёриёнро дар тӯли аз се то 24 сол санҷиданд.

ВКД Тоҷикистон аз кормандон талаб кард, ки аз фарбеҳӣ халос шаванд

Коршиносон ба даври камар ва миён, таносуби онҳо, фоизи равғани бадан ва параметрҳои дигар таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Маълум шуд, одамоне, ки чарб на дар миён, балки маҳз дар шикам доранд, эҳтимолан барвақтар мемиранд.

Гуфта мешавад, ҳар 10 сантиметр чарбе, ки дар шикам ҷамъ меояд, хавфи наздикшавӣ ба маргро ба андозаи 11 дарсад зиёд мекунад.

577
Барчаспҳо:
марг, фарбеҳӣ, олимон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

437
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

437