Мардуми Масчо дар Рӯзи ошиқон ба Аҳмадзода аз чӣ шикоят карданд

Обуна шудан
Рӯзи 14 феврал дар ҷаҳон чун Рӯзи ошиқон ё Валентин таҷлил мешавад. Дар ин рӯз раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Масчо сафар карда арзу шикоятҳои мардумро шунидааст

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Рӯзи 14 феврал дар ноҳияи Масчо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода арзу шикоятщои мардумро цабул кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Зимни суҳбати рӯ ба рӯ бо мардум, раиси вилоят гуфтааст, ки қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Масчо бо мақсади иҷрои дастури супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти мавҷуда доир мешавад.

Қабули шаҳрвандон дар бинои мақомоти ноҳияи Масчо доир гардидааст.

Дар ин рӯз 80 нафар ҷиҳати ҳалли масъалаҳои гуногун, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба саҳми замин, таъмири роҳҳо, таъмин шудан бо оби нӯшокӣ, ҳимояи ҳуқуқ, дарёфти кумаки моддӣ ва дигар масъалаҳо ба роҳбари вилоят муроҷиат намудаанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон сегодня посетил джамоат Алмоси Гиссарского района - Sputnik Тоҷикистон
Дуои мӯйсафеди масчоӣ дар ҳаққи раисҷумҳур

Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шунидани арзу дархости сокинон ҷиҳати ҳалли онҳо ба роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва роҳбарияти ноҳияи Масчо дастурҳои мушаххас додааст.

Вай гуфтааст, ки ҳар як муроҷиати сокинон дар давоми як моҳ баррасӣ гаардида, аз натиҷаи он ба шаҳрвандон гузориш дода шавад.

Манбаъ афзуда, ки ҳамчунин дар ин рӯз ба чанде аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Масчо кӯмакҳои модди раиси вилоят супорида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0