Тармафароӣ. Акс аз бойгонӣ

Ҳушдори КҲФ аз тармафароӣ ва яхбандӣ

85
(Таҷдидшуда 10:35 21.02.2018)
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз хатари тармафароӣ ва яхбандӣ дар роҳҳои кӯҳӣ ҳушдор медиҳад

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ба гузоришии равобити умумии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, бориши ду рӯзаи борону барф, сафар дар роҳҳои куҳистонро хатарнок мекунад.

Эҳтимоли лағзиши тармаву аз сардӣ ях бастани роҳҳо зиёд аст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сокинон ва меҳмонони кишварро ҳушдор медиҳад, аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунанд.

"Ба таваҷҷуҳи сокинон ва мемонони кишвар мерасонад, ки аз сабаби боришот рӯзҳои 20-21-уми феврали соли 2018 дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Сангвор, Хоруғ-Ишкошим эҳтимоли лағзиши тарма, ғарам шудани барф ва яхбандӣ зиёд аст", — омадааст дар хабарнома.

Дар ин росто Кумита аз аҳолӣ ва меҳмонони мамлакат хоҳиш мекунад ҳангоми истифода аз роҳҳои номбурда хеле ва хеле эҳтиёткор бошанд.

Кумита аз ронандагон даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо зимни сафар суръати ҳаракатро боло набаранд, масофа миёни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд, ва омодаи ҳар гуна рӯйдоди эҳтимолӣ бошад.

85
Барчаспҳо:
тармафароӣ, ҳушдор аз яхбандӣ, КҲФ Тоҷикистон, Тоҷикистон
Люди вечером у фонтана, архивное фото

Маъракаи барӯйхатгирӣ поён ёфт, шумораи дақиқи аҳолии Тоҷикистон соли 2021 нашр мешавад

326
(Таҷдидшуда 17:46 26.10.2020)
Идораи омор дар вилояти Суғд мегуяд, маъракаи баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ба охир расид ва натиҷаҳои он дар моҳи марти соли 2021 ба нашр мерасад

ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Сарраёсати омор дар вилояти Суғд гуфт, ки дар кори баруйхатгирии аҳолӣ дар шимоли кишвар беш аз 7400 корманди кироя аз соҳаи маориф ва тандурустӣ ҷалб шуданд.

Бино ба гуфти масъулин маъракаи баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар вилояти Суғд бо се усул, интернетпурсиш, электронӣ (тавассути планшет) ва анъанавӣ (анкетавӣ) доир карда шудааст.

"Дар сатҳи вилоят беш аз 1 милиону 16 ҳазор аҳолӣ ё 37 % тариқи анкетавӣ, 592 ҳазор, 21, 7 % тариқи тариқи планшет ва зиёда аз 1 милиону 155 ҳазор ё 42, 3 % и аҳолӣ тариқи интернет - пурсиш иштирок ва сабт карда шудаанд", -  гуфт Накҳатзода.

Сардори Идораи омори Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин омори муқаддимавӣ аст ва ҳоло ниҳоди онҳо сари коркарди маълумотҳо тамаркуз доранд.

Бино ба гуфти Ҳокимбек Накҳатзода, алҳол гардишҳои санҷишӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ҳанӯз давом дорад натиҷаҳои аслии шумораи аҳолӣ дар моҳи марти соли оянда пурра ба нашр мерасад.

Аз 1 то 15 октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил доир шуд.

Дар Тоҷикистон ҳар даҳсол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ доир карда мешавад. Бино ба иттилоъи Идораи омор, соли 2010 дар вилояти Суғди Тоҷикистон 1 милиону 930 ҳазор нафар аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст.

Баргузории ин маъракаро масъулин ба хотири дақиқ намудани вазъи демографӣ дар кишвар ва шароити иҷтимоии сокинон аз ҷумла дастрасии онҳо ба манзил арзёбӣ мекунанд.

Соли ҷорӣ барои аввалин бор дар кишвар ҳангоми баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ аз интирнет истифода карда шуд ва масъулин аз нақши интернет иброз намуданд, ки назар ба қоғазу қалам камхарҷ аст.

326
Барчаспҳо:
нашр, аҳолӣ, Тоҷикистон
Водопроводный кран , архивное фото

Эълони қатъи обрасонӣ дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе

1185
(Таҷдидшуда 14:09 26.10.2020)
Дар Душанбе, бо сабаби корҳои таъмирӣ, қатъи оби нӯшокӣ аз рӯи нақша идома дорад ва сокинонро зарур аст барои як шабонарӯз об захира кунанд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе аз 26 то 27 октябр интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.

Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе тасдиқ шудааст. Мувофиқи он бо сабаби корҳои таъмирӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии "Ҷанубӣ-Ғарбӣ", "Кофарниҳон", "Худҷореъ"  ва "Фишорӣ" интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад. 

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ қатът об ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77 бе оби нушокӣ хоҳанд монд.

Дар ноҳияи Сино, маҳаллаҳои  10,11,12,13,14,15,15А,31, 82,83,84, 91,92,101,102,103,104,112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам.

Таъмини об дар ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли  барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз соати 23-00 рӯзи 26 октябр то соати 24-00 рӯзи  27-ум қатъ мегардад.

Шаҳрдорӣ аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш кардааст, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира намоянд.

Ҳамзамон раисони чор ноҳияи пойтах ва директори Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" вазифадор шудаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

1185
Барчаспҳо:
қатъи обрасонӣ, оби нӯшокӣ, Душанбе

Ифтитоҳи масҷиди муосир дар Тотористон - гузориши аксӣ

0
(Таҷдидшуда 19:17 26.10.2020)
Дар шаҳри Набережние Челни масҷиди "Чали Яр" бо меъмории ғайриоддии технологӣ кушода шуд

Хонаи намозгузорӣ барои мусалмонон дар Ҷумҳурии Тотористон бо услуби муосири меъморӣ сохта шудааст.

Дар як вақт, масҷид бо масоҳати 450 метри мураббаъ метавонад то 250 намозгузорро ғунҷонад.

Тоҷикистон кай дари масоҷидро ба рӯи намозгузорон мекушояд?

Ибодатхона дар шоҳроҳи федералии Волгаи М7 ҷойгир аст, бинобар ин ронандагон метавонанд низ аз он дидан кунанд.

Намоз ва қурбонӣ онлайн: коронавирус чигуна Иди Қурбонро тағйир дод

Дари масҷид шабонарӯзӣ боз буда, мусалмонон метавонанд ҳар замон аз ин макони ибодат дидан кунанд ва дар он ҷо намоз гузоранд.

0
  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Намозгузорон дар масҷиди нави "Чали Яр" дар Набережние Челни.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Масҷиди "Чали Яр" бо меъмории ғайриоддии технологӣ дар шаҳри Набережние Челни кушода шудааст.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Хонаи намозгузории "Чали Яр" барои мусалмонон дар Ҷумҳурии Тотористон бо услуби муосири меъморӣ сохта шудааст.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Масоҳати масҷид 450 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Дар як вақт дар масҷид то 250 намозгузор метавонад дуо хонад.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Масҷиди нави "Чали Яр" дар Набережние Челнии Тотористон.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Дари масҷид 24 соат боз буда, намозгузорон дар вақти дилхоҳ метавонанд вориди ин маъбад шаванд.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Намозгузорон дар масҷиди нави "Чали Яр" дар Набережние Челни.

Барчаспҳо:
ифтитоҳ, масҷид, Тотористон