Духтараки тоҷик Марям

Фақат шуморо ёд кардам: пайвандони Марям ёфт шуданд, ӯ бобояшро дид ва суҳбат кард

531
(Таҷдидшуда 18:53 01.03.2018)
Маҳмадраҳим Шоев-бобои Марям ба дидори набераи гумшудааш расидааст. Онҳо дар скайп суҳбат карданд. Марям гуфтааст, аҳволаш дар кӯдакистон хуб аст, танҳо меҳри пайвандонаш ба ӯ намерасад

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Пайвандони Марям — кӯдаки даҳсолаи тоҷик, ки дар кӯдакистони Ироқ дар мондааст, ёфта шуданд. Маҳмадраҳим Шоев — бобои Марям мегӯяд, навори суҳбати набераашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо кард ва ӯро шинохт.

Аввалин навори мусоҳибаи Марям — духтараки 10-солаи тоҷик дар Ироқ бо рӯзноманигорони "Russia Today" ба забони русӣ моҳи августи соли гузашта мунташир шуд. Духтарак мегуфт, пайвандонашро ҷустуҷӯ дорад.

ВУД Тоҷикистон пас аз ин навор  гуфт, дар ҷустуҷӯи ҳувияти ин духтарак аст. Аммо чанде пеш, як навори дигаре, ки дар он Марям ба забони тоҷикӣ сӯҳбат кардааст, мунташир шуд.

Духтар аз Ироқ ба пайвандонаш паём мефиристод. Пас навори дувум корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ паёмҳо навишта аз Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хоҳиш карданд, ки ниҳод дар бар гардонидани як духтари тоҷик кумак расонад.

Sputnik Тоҷикистон аз Маҳмадраҳим Шоев пурсон шуд, ки чӣ гуна аз пайдо шудани Марям дар Ироқ хабар ёфт ва умуман набераи вай чӣ гуна ба Ироқ афтид.

Писарам ба Тоҷикистон омаданӣ буд

Зодгоҳи падари Марям — Ҷамолиддин Шоев деҳаи Ғайратободи ноҳияи Ҳисор будааст.   

Ба гуфтаи бобои Марям, падари Марям  соли 2004 расман бо иҷозаи ҷониби Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳи Алазҳар ба Миср рафта будааст. Ӯ бо хонаводааш соле як маротиба ба ватан мемаданд ва пас аз чанде дубора ба Миср бар мегаштанд.

"Таҳсили писарам дар Миср расмӣ буд ва ӯ иҷозати кишварро гирифта буд, афзун бар ин вай ҳар сол ба Душанбе меомад ва пас аз 4 ё 5 моҳ ба Миср бармегашт", — нақл мекунад вай.

Ҷамолиддин — падари Марям ва модараш Садбарг Шомирзоева соҳиби панҷ фарзанд будаанд, ки калонтарини онҳо Марям аст. Ҳамаи фарзандони вай дар Миср таваллуд шуда, бобои Марям мегӯяд, намедонад, ки фарзанди панҷумини онҳо чӣ ном дошт ва чандсола буд.

Ба гуфтаи Шоев, писараш бо ҳамсар ва фарзандонаш бори охир соли 2015 ба Тоҷикистон омаданд ва 6 моҳ дар ватан истоданд. Ҷамолиддин вақти рафтан ба падар гуфтааст, ки баъди хатими донишгоҳ ба Тоҷикистон бар мегардад.

Бобои Марям дар посух ба суоли он, ки оё писараш боре аз вазъи кишвари арабӣ шикоят мекард, гуфт, "бале  вақтҳои охир мегуфт, ки Миср ноором мешавад ва мақсад дорад, ки донишгоҳро гузашта, ба Тоҷикистон бар гардад".

Ба гуфтаи ӯ,  моҳи августи соли 2017 Ҷамолиддин ба падараш занг зада гуфтааст, ки дар Туркия дар роҳ ба Тоҷикистон қарор дорад. Падар пас аз он  иртибот бо фарзандашро гум кардааст. Шоев чанд бор кӯшиш кардааст, ки худаш ба онҳо занг занад, аммо ин кор ба вай даст надодааст.

Шаш моҳ пеш навори сӯҳбати Марямро тамомшо кардам

Бобо мегӯяд, шаш моҳ пеш дар муҳоҷирот буд ва дар Русия  набераашро дар як навор дид ва шинохт.

"Ман шаш моҳ пеш навори сӯҳбати Марямро тамошо карда будам ва набераамро шинохтам. Ташаккур аз рӯзноманигорони Русия, ки аз аҳволи набераи ман хабар омода карданд. Пас аз тамошо зуд ба мақомот муроҷиат кардам, ки пайванди ман дар Ироқ будааст",- мегӯяд вай.

Ба гуфтаи ӯ, аз мунташир шудани навори дуввум низ зуд бохабар шуд.

Чанде пеш хонаводаи Маҳмадраҳим Шоев ба кумаки Салиби Сурх бо кӯдакистони Ироқ, ки дар он Марям будубош мекунад, суҳбати наворӣ доштанд. Марям дар навор ба хонаводааш гуфтааст, аҳволаш хуб аст, танҳо пайвандонашро пазмон шудааст.

Худи Марям чӣ мегӯяд?

Ба гуфтаи Шоев, Марям ҳангоми суҳбати скайпӣ ба наздиконаш нақл кардааст, ки бо вай чӣ шуд. Марям гуфтааст, ки марзи Ироқро гузашта буданд ва дар ҳамон ҷо ҳуҷҷатҳояшонро гум карданд.

"Ба гуфтаи Марям ҷое, ки онҳо зиндагӣ мекарданд, осоишта буд. Вай мегӯяд, мо барои сарҳадро гузаштан ба Ироқ омадем, аммо дертар фаҳмидем, ки сумкаамонро дар марз фаромӯш кардаем, вақте ки баргашта омадем, сумкаро пайдо кардем, аммо ҳуҷҷатҳоямонро не", — мегӯяд Шоев аз нақли Марям.

Ба гуфтаи Марям, онҳо бо ҳамин далел дар Ироқ мондаанд, то замоне ки бомб меафтад ва Марям 4 хоҳару додар — Абдулло, Фотима, Оишамоҳ ва падару модарашро аз даст медиҳад.

"Ман дар бораи тақдири писар ва келиндам чизе гуфта наметавонам. Марям, ки Худо хоҳад ба Тоҷикистон омад, қазия рӯшан хоҳад шуд, вале ба гуфтаи ӯ эҳтимол ҳамаашон кушта шудаанд", — бо афсӯс нақл мекунад вай.

Писарам мегуфт куштан дар Ислом ҳаром аст

Шоев мегӯяд, ӯро як фикр ором намегузорад. Чигуна писар ва пайвандонаш аз Миср ба Ироқ рафтанд. Зеро бори охир Ҷамолиддин занг зада гуфта буд, ки дар Туркия аст ва ба Тоҷикистон меравад. Ӯ афзуд, "доим ба писарам насиҳат мекардам, ки бо тундравҳо кордор нашавад. Ӯ мегуфт, "онҳо аз мо нестанд, зеро даст ба куштор мезананд. Дар Ислом куштан ҳаром аст". Аммо ман намедонам, ки дар асл чӣ воқеа рух додааст", — изҳори нигаронӣ мекунад вай.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ба наздики Марямро ба Тоҷикистон бар мегардонанд. Бобои духтарак дар интизори ягона нишона аз 7 узви хонаводаи писараш аст.

"Пас аз он, ки писарам гуфта буд, дар дар Туркия дар роҳ ба Тоҷикистон аст, ман ҳар рӯз интизорам, ки фурудгоҳ мераваму онҳоро ба хона меорам, аммо ҳеҷ нест, ки он рӯз фаро расад", — афзуд бо нигаронӣ вай.

Ёдрас мешавем, аввалҳои моҳи январ мақомоти Тоҷикистон хабар дод, ки кишвар аз яке аз урдугоҳҳои Ироқ чор кӯдаки бесарпаноҳашро бар мегардонад.

Ҳувияти Оиша ва хоҳару додаронаш пас аз гузориши "Russia Today" расонаӣ шуд ва пайвандонаш онҳоро аз навор шинохта ба мақомоти тоҷик муроҷиат карданд. Ҳарчанд санаи бозгашти онҳо дақиқ нест, аммо Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, барои бар гардонидани онҳо Вазорати умури хориҷа ҳуҷҷатҳои лозимаро омода мекунад.

531
Барчаспҳо:
урдугоҳ, бомба, бозгашт, куштор, ВУД, ДОИШ, ВУХ, Марям, Ироқ, Тоҷикистон
Возвращение в Таджикистан несовершенолетних сирот

505 сомонӣ: Ҳилоли Аҳмар ба 643 ятими пойтахт кумакпулӣ медиҳад

41
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон иқдоми хайрхоҳонаи навбатӣ пеша намудааст, ки ба 643 ятиме, ки дар тарбияи пайвандони худ қарор доранд, кумакпулӣ ихтисос дода шавад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар Душанбе ба 643 ятиме, ки дар тарбияи хешовандони худ қарор доранд, кумакпулӣ дода мешавад. Иқдоми ихтисос додани кумаки молиявӣ ба ятимони кули шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба назар гирифта шудааст.

100 долларӣ сари ҳар ятим: кумаки ҳармоҳаи Ҳилоли Аҳмар ба 500 ятим дар Тоҷикистон

Ин ҷамъият дар сафҳаи Фейсбукии худ нашр намудааст, ки 643 кудаки ятим аз кумакпулӣ ба миқдори 505.2 сомонӣ бархӯрдор мешаванд.

"Мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Амороти Муттаҳидаи Араб нисбати як нафар ятим дар як моҳ 180 дирҳами Амороти Муттаҳидаи Араб бо дарназардошти қурби асъори миллӣ дар рўзи пардохт кумакпулӣ муқаррар карда шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, маблағи кумакпулӣ тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ба суратҳисоби ятимон интиқол дода мешавад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар бо оилаҳое, ки офат онҳоро бехона гузошт, пул медиҳад

Ёдовар мешавем,  моҳи июни соли равон аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд фаъолияти чунин лоиҳаи сарпарастии ятимон ба роҳ монда шудааст, ки дар он 500 нафар ятимон аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаро гирифта шуда, мувофиқи он барои як нафар ятим дар як моҳ 100 доллари амрикоӣ пешбинӣ карда шудааст.

41
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, кӯдакони ятим, кумакпулӣ, Ҳилоли Аҳмар

Ҷашнҳои рӯзи 6 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

60
(Таҷдидшуда 19:42 05.08.2020)
Рӯзи шашуми август Рӯзи байналхалқии «табибон барои сулҳ» ва Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои манъи силоҳи ҳастаӣ. буда, дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан дар Аргентина Рӯзи кӯдакон ва дар Боливия ва Ямайка Рӯзи истиқлолият мебошад

Рӯзи 6 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1889 дар ИМА охирин маротиба муҳорибаи бокс бидуни дастпӯш баргузор гашт.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1889 дар Лондон меҳмонхонаи «Савой» кушода шуд, ки аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон ҳамчун меҳмонхонаи ҳамаи ҳуҷраҳояш дорои ҳаммом ном баровард.

Соли 1914  Чин нисбат ба ҷанги якуми ҷаҳон бетарафии худро эълон кард.

Соли 1929 аввалин маротиба дар Британияи Кабир курсҳои омӯзиши ронандагӣ роҳандозӣ гардиданд.

Соли 1945  америкоиҳо ба шаҳри Хиросимаи Ҷопон бомбаи атомӣ партофтанд.

Соли 1991 Бангладеш аз шакли идоракунии президентӣ даст кашида, ба шакли идоракунии парламентӣ гузашт.

Соли 1991 пайдоши аввалин интернет-сервис WWW (World Wide Web).

Соли 2000 истгоҳи байналмилалии ҳавонавардӣ киштии кайҳонии борбарандаи «Прогресс»-ро ба кайҳон сар дод.

День 4 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Рӯзи 6 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод 

Соли 2001 бо қарори Суди олӣ фаъолияти ҳизби сиёсии “Адолатхоҳ” қатъ гардид.

Соли 2003 баъд аз танаффуси дусола Тоҷикистон ба Қазоқистон дубора барқ дод.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Қадирбек Сарбаев масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Соли 2011 дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул шуд.

Соли 2011  дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи варзишии обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2014 аз номи Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) ба Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтиром камарбанди сиёҳи дани 9-ум бо сертификати он ва кимоно супорида шуд.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб аз иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» боздид ба амал оварда, бо шароити ин мавзеи  варзишию  сайёҳӣ шинос шуда, аз ҷумла аз меҳмонхонаи 4-ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю  марказҳои савдо ва  мавзеъҳои  лижаронию  барфгардӣ  дидан  карда, ба шароити муҳайёгардидаи ин маҷмаа баҳои баланд дод.

Ҷашнҳои рӯзи 6 август

  • Рӯзи байналхалқии «табибон барои сулҳ».
  • Дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан.
  • Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои манъи силоҳи ҳастаӣ.
  • Рӯзи кӯдакон дар Аргентина.
  • Рӯзи истиқлолияти Боливия ва Ямайка.

Рӯзи 6 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Аюб Раҳим (1951) – шоир.

екзода Хушбахт (1945)- нависанда.

Дамир Дўстмуҳаммадов (1941 – 2003) – оҳангсоз, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Имомназари Холназар (1952 – 2007) – нависандаи ҳаҷвнигор.

Виталий Колберг (1913-1989)- доктори илми тиб, профессор.

Нуриддини Амриддин (1956) – шоир.

Толиб Муинов (1932 – 2000) – доктори илмҳои физикаю математика.

Манзура Улҷабоева (1953) – рассом – ороишгар.

Абдураҳмон Ҳакимов (1940) – доктори илми иқтисод, профессор.

Юлдош Ҳоҷибоев (1945) – доктори илми химия.

60
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 4 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Мужчина с ножом в руках, архивное фото

Боздошти Меҳровар барои қатли додараш дар Душанбе-видео

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 24 солаи пойтахт хабар медиҳад, ки дар куштори додараш муттаҳам мешавад

 

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бино ба гузориши ин ниҳод, бо гумони бародаркушӣ  Бобоҷонов Меҳровари 24 сола боздошт гаштааст.

Ба иттилои манбаъ, куштор дар заминаи муноқишаи лафзӣ ва якдигарнофаҳмӣ санаи 15 июл тақрибан соати 15:20 ба вуҷуд омадааст.

Манбаъ мегӯяд, дар ин рӯз Бобоҷонов Меҳровар бо бародараш Бобоҷонов Бахтовари 18 сола муноқиша намуда додарашро зери латукӯб қарор додааст.

Боздошти марде, ки ба гардани бародараш корд зад

Гуфта мешавад,Марҳум Бобоҷонов Бахтовар ҳамчун чораи муҳофизатӣ бо корди ошхонагӣ ба бародарааш ҳамла мекунад, аммо гумонбаршуда корди ӯро аз дасташ гирифта, як маротиба ба қафаси синааш зарба мезанад.

Дар натиҷаи зарби корди бародар бинобар сабаби рафтани хуни зиёд додар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад, афзудааст манбаъ.

Вазорат шарҳ надодааст, ки чи омил боиси якдигарнофаҳми ва ҳатто куштор гаштааст.

ВУД мегӯяд, нисбат ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ин нахустин ҳолати кордкашии бародар ба бародар набуда, даҳ рӯз пеш кормандони пулиси шаҳри Конибодом 

як сокини 40-солаи маҳаллиро бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатии додараш боздошт карданд.

Ҳамзамон ин ниҳод, қабл аз ин  як марди 42-сола, сокини шаҳри Истаравшанро боздошт кард, ки пас аз майнӯшӣ бо бародари 41-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, як маротиба ба гарданаш корд задааст.

 

 

0