Р. Эмомалӣ барои сабқати куштӣ ва аспдавонӣ 178 825 сомонӣ ҷудо кард

Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар бораи баргузории мусобиқаи кушоди куштии миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ дар ҷашни Наврӯз қарор баровардааст

ДУШАНБЕ, 9 мар— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ, сабқатҳо аз рӯзи 26 март оғоз мешаванд.

Мусобиқаҳои кушоди куштии миллӣ рӯзи 26 март, соати 14:00 ва пойгаи аспдавонӣ рӯзи 31 март, соати 14:00 дар "Наврӯзгоҳ" баргузор мешавад.

"Сабқати теннис байни наврасону духтарон дар "Қасри теннис"-и шаҳри Душанбе, Корти тенниси тобистонаи кушодаи КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва "Тоҷварз" —и шаҳри Душанбе барои дарёфти ҷоми "Пойтахт — 2018" аз 21 то 24 марти соли 2018 баргузор мешаванд",-омадааст дар қарори шаҳрдорӣ.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали в детском парке - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ ба занони кӯчарӯб 3 миллион сомонӣ ҷудо кард

Тибқи қарор, муовинони раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои зикршуда бояд чораҳои зарурӣ андешанд.

Сарраёсати молия аз ҳисоби маблағҳое барои гузаронидани мусобиқаҳои куштии миллӣ, пойгаи аспдавонӣ ва теннис барои дарёфти ҷоми "Пойтахт — 2018" ба муносибати Наврӯз дар шаҳри Душанбе, маблағи 178 825 (як саду ҳафтоду ҳашт ҳазору ҳаштсаду бисту панҷ) сомонӣ ҷудо менамояд.

Раёсатҳои ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии беҳдошт вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии "Ёрии таъҷилӣ", нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқаҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Лентаи хабарҳо
0