Наврӯз дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Дуои раиси вилоят дар сари деги суманак: таҷлили Наврӯз дар Суғд

142
Дар тантанаҳои Наврӯзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳам ширкат кард

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурров ҷашни Наврӯз таҷлил шуд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Рӯзи 17 март раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади ширкат дар чорабиниҳои наврузӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар кардааст.

Вай нахуст аз мактаб-интернати ба номи Тӯхтабой Ғаффоров, ки барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон заиф пешбинӣ шудааст, боздид намуда, тарбиятгирандагон ва мураббиёнро ба муносибати иди Наврӯз табрик гуфтааст.

Раиси вилоят барои муҳассилини ин муассиса тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, бо шароити зист ва таҳсили онҳо ошно шудааст.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода дар тантанаҳои наврӯзии сокинони маҳаллаи Сариосиёи Ҷамоати деҳоти Хистеварз ширкат карда, як гуруҳ собиқадорони меҳнатро аёдат намуда, ба 20 оилаи камбизоат армуғони наврӯзӣ тақдим кардааст.

щамчунин Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии наврӯзии маҳаллаи Ҳафт ганҷи Ҷамоати деҳоти Исфисор низ ширкат кардааст.

Раиси вилоят бо мӯйсафедон сӯҳбат карда, аз онҳо дуои неки наврӯзӣ гирифтааст. Дар сари деги суманак Раиси вилоят бо ҳамроҳон баҳри шукуфоии Ватан дуо кардааст..

Манбаъ афзуда, ки дар ин чорабиниҳо раиси вилоятро роҳбарияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ходими давлатию ҷамъиятӣ Биҳоҷал Раҳимова, инчунин гуруҳи адибони вилоят бо сарварии раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ҳамроҳӣ карданд.

142
Барчаспҳо:
Наврӯз дар Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Похороны в Таджикистане, архивное фото

Маросими видоъ бо устод Гулназар Келдӣ - навори муфассал

740
Шоири маъруфи Тоҷикистон, муаллифи Суриди миллӣ Гулназар Келдӣ рӯзи 13 - уми август дунёи фониро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ҷанозаи шоири шаҳир ва маҳбуби Тоҷикистон бегоҳи ҳамон рӯз баргузор шуд ва Келдӣ дар оромгоҳи Лучоб манзили охираташро дарёб кард.

Навори маросими видоъ бо шоири зиндаёд Гулназар Келдиро сомонаи "Фараж" дар сафҳаи худ нашр намудааст.

Аз навор бармеояд, ки дар маросими хайрибод бо шоири маҳбуб даҳҳо нафар ходимону олимон,намояндагони ҳукумат, пайвандон ва ҳаводорони ӯ ҳузур доштанд.

Аксари иштирокчиёни маросими видоъ, ниқоби муҳофизатӣ доштанд ва ҳамзамон фосилаи иҷтимоӣ низ аснои дуо хондан ва вориди хок намудани шоир риоя мешуд.

Ёдовар мешавем, ҳамагӣ чанд рӯз пеш Гулназар Келдӣ бо нишони маризии коронавирус бистарии беморхона гардида шуд ва ахиран рӯзи 13 - уми август ҷон ба Ҷонофарин супорид.

Низом Қосим гуфт, ки Гулназар Келдӣ дар куҷо ба хок супурда хоҳад шуд

Марҳум чанд рӯз қабл дар сӯҳбат бо  Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед".

Он сӯҳбати шоир ба 11 август,  баъд аз хабари ба бемористон интиқол ёфтани шоир анҷом дода шуд. Гулназар Келдӣ, аз ҳамватанонаш хоҳиш карда буд, ки аз бемории ӯ  ташвиш накашанд.

"Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфта буд шоири халқии Тоҷикистон.
740
Барчаспҳо:
навор, маросими видоъ, Гулназар Келдӣ
Президент Беларуси Александр Лукашенко

"Зиндаам ва аз ватан фирор накардам": Лукашенко хабари тарки Минс карданашро рад намуд

1711
(Таҷдидшуда 17:11 14.08.2020)
Кишвардори Белорус Александр Лукашенко овозаҳо дар мавриди тарк кардани ватанро беасос хонда онҳоро рад намуд

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Александр Лукашенко раисҷумҳури Белорус хабари фирор кардани худро аз ватан дуруғ гуфт. хабар медиҳад РИА Новости.

Кишвардори Белорус дар ин бора дар ҷаласаи навбатӣ бобати вазъи соҳаи сохтмон иброз дошт.

"Дар аввал ман зинда ҳастам ва дар хориҷи кишвар ҳам нестем. Зеро ин ҷо бархе аз мӯҳтарамон овозаҳо бароварданд, ки президент берун аз ватан қарор дорад. Ман дар ватан ва имрӯз 14 - уми август бо шумо вазъи соҳаи сохтмонрро баррасӣ мекунем", - афзуд Лукашенко.

Зимнан, кишвардори Белорус ба корпартоӣ дар аксар корхонаҳои ин кишвар таъкид намуда гуфт, ки боздошта  шудани кор ба аз даст рафтани бозор хоҳад овард.

"Агар мо бас кунем, мо ҳеҷ гоҳ истеҳсолоти худро оғоз нахоҳем кард. Ҳеҷ гоҳ! Мо ба ин ботлоқ ворид мешавем. Мардум бояд инро дарк кунанд: кор кардан нахоҳед, накуне, агар шумо кор кардан хоҳед, пас кор кунед", - таъкид кард Лукашенко.

Раҳмон ба Лукашенко: пирӯзӣ, гувоҳи эътирофи саҳми бузургатон дар соҳибихтиёрии давлат аст

Ёдовар мешавем, шаҳрвандони Белорус пас аз анҷоми маъракаи интихоботи президентӣ даст ба корпартоӣ заданд. Зеро дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, бар тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот Александр Лукашенко бо ба даст овардани 80 дарсади раъй пирӯзӣ ба даст овард.

1711
Барчаспҳо:
Белорус, Александр Лукашенко
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба наздикони Гулназар Келдӣ изҳори ҳамдардӣ кард

0
(Таҷдидшуда 19:54 15.08.2020)
Вазорат мегӯяд, ки аз даргузашти шоири мардумии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ сахт андӯҳгин аст

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз даргузашти шоири мардумии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ изҳори андӯҳ карда, ба наздикони шоири маҳбуби тоҷик  ҳамдардӣ кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорат гузориш медиҳад.

"Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунари кишвар нисбати даргузашти Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ сахт андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум изҳори ҳамдардии амиқ мекунанд", - менависад манбаъ.

Ёдовар мешавем, ҳамагӣ чанд рӯз пеш Гулназар Келдӣ бо нишони маризии коронавирус бистарии беморхона гардида шуд ва ахиран рӯзи 13 - уми август ҷон ба Ҷонофарин супорид.

Марҳум чанд рӯз қабл дар сӯҳбат бо  Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед".

Он сӯҳбати шоир ба 11 август,  баъд аз хабари ба бемористон интиқол ёфтани шоир анҷом дода шуд. Гулназар Келдӣ, аз ҳамватанонаш хоҳиш карда буд, ки аз бемории ӯ  ташвиш накашанд.

Маросими видоъ бо устод Гулназар Келдӣ - навори муфассал

"Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфта буд шоири халқии Тоҷикистон.

0