Тоҷикистониён бештар чиро тамошо мекунанду чиро мехонанд

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикские газеты
Таджикские газеты - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе натиҷаи тадқиқоти Муайян намудани афзалиятҳои медиавии мардуми Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо" муаррифӣ гардидааст

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии "Машварати расонавӣ" барои муайян кардани таваҷҷуҳи тоҷикистониён ба шабакаҳои телевизионӣ, рӯзномаҳо ва сайтҳои хабарӣ тадқиқот гузаронидаанд.

Тадқиқот тарҳи муштараки Вазорати фарҳанг ва ташкилоти ҷамъиятии "Машварати расонавӣ" буда, аз декабри соли 2017 то феврали соли 2018 аз ҷониби Маркази тадқиқоти ҷамъиятии  "Зеркало" гузаронида шудааст, ки натиҷааш дар торномаи Вазорати фарҳанг нашр шудааст.

Дар маҷмӯъ, дар ин тадқиқот беш аз ду ҳазор нафар посухдиҳандагон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ пурсида шудаанд.

В таджикских школах заставляют покупать местные дневники - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон волидонро маҷбур карданд, ки аз мактаб рӯзнома харанд

Аз рӯи раддабандӣ аз ҳама нашрияи серхонандатарин нашрияи расмии Тоҷикистон "Ҷумҳурият" (34%) мебошад. Сипас, бо фосилаи камтар нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон "Омӯзгор" (23,8%) ва нашрияи марказии ҲХДТ рӯзномаи "Минбари халқ" (22,2%) ҷойгир шудаанд.

Раддабандии маҷаллаҳо ба раддабандии рӯзномаҳо монанд аст, яъне дар қатори аввал маҷаллаҳои давлатӣ қарор доранд. Аз ҳама теъдоди зиёди нашрро маҷаллаи занон- "Бонувони Тоҷикистон" (44,9%) дорад. Маҷаллаи дуюми маъруф маҷаллаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо "Дин ва ҷомеа" (10,4%) ва дар ҷойи сеюм маҷаллаи Вазорати фарҳанг бо номи "Фирӯза" (5,2%) меистанд.

Тамошобинони тоҷик аз ҳама бештар шабакаи телевизионии "Сафина"-ро тамошо мекунанд. Инро 60,1 %-и пурсидашудагон дар тадқиқоте, ки аз ҷониби Маркази тадқиқотии "Зеркало" гузаронида шуд, тасдиқ кардаанд.

Аз рӯи натиҷаҳои тадқиқот, дар ҷойи дуюм шабакаи телевизионии "Тоҷикистон" (собиқ Шабакаи якум) бо 50,1% ва дар ҷойи сеюм ТВ "Баҳористон" бо 30,5% қарор гирифтаанд.

Пас аз шабакаҳои телевизионии ватанӣ дар ҷои аввал шабакаҳои телевизионии Русия меистанд, ки дар ҷадвали афзалиятҳо 18,3%-ро ишғол менамоянд. Пас аз Русия бо 9,7% шабакаҳои телевизионии узбакӣ қарор гирифтаанд.

Тибқи тадқиқоти ин марказ, дар миёни радиоҳои маҳбубтарин Радиои "Садои Душанбе" (28%) мавқеи аввалро касб карда, дар ҷойи дуюм Радиои Тоҷикистон (17,4%) ва дар ҷойи сеюм Радиои фарҳанг (5,3%) қарор гирифтаанд.

Зимни муаррифӣ таъкид шудааст, ки шумораи шабакаҳои гирифтани иттилоот, ғайр аз ВАО-и анъанавӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Дар ҷойи аввал ТВ ватанӣ (57,2%), дар ҷойи дуюм интернет (11,5%) қарор дорад.

38,4 фоизи пурсидашудагон аз интернет истифода мебаранд. Интернетро аз ҳама бештар сокинони ВМКБ-60,6 дарсад истифода мебаранд. Ин нишондиҳанда дар миёни сокинони Душанбе 56,3 фоизро ташкил дод.

Истифодабарандагони асосии интернет ва дигар навъҳои муосири алоқаи оммавӣ ва технологияҳои муосир (мессенҷерҳо, почтаи электронӣ) ҷавонони аз 18 то 35-40 сола мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0