Бозор Собир. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон барои табобати шоир Бозор Собир маблағ ҷудо кард

294
(Таҷдидшуда 17:29 18.04.2018)
Ҳукумати Тоҷикистон маблағи заруриро ба хонум Гулчеҳра, ҳамсари Бозор Собир, супорид

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон барои табобати шоир Бозор Собир, ки дар бемористони шаҳри Сиэтли ИМА бистарӣ аст, маблағ ҷудо кард, иттилоъ медиҳад оҷонсии ТоҷикТА.  

"Ҳукумати Тоҷикистон барои табобати Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир, ки ҳоло дар бахши эҳёгарии бемористони шаҳри Сиэтли Амрико аст, маблағ ҷудо кард. Ин васоили нақдӣ, ки барои табобат нигаронида шудааст, аллакай ба ҳамсари шоир хонум Гулчеҳра супурда шуд", — қайд карданд дар  Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон.

Бозор Собир, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Таъкид гардид, ки дар айни ҳол вазъи саломатии шоир ноустувор аст, вале беҳбудии муваққатӣ мушоҳида мешавад. Дар бемористон шоирро намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳдамимов ҳамроҳӣ мекунад.

Хотиррасон мекунем, ки қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табобати Бозор Собирро зери назорати шахсии худ гирифта буд.

Бозор Собир на танҳо шоири дӯстоштаи ҳамагон аст, балки барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рудакӣ низ мебошад. Имсол ӯ 80-сола мешавад.

Маҷмӯаи аввалини шеърҳои вай "Пайванд" соли 1972 аз чоп баромада буд.

Ба ақидаи Бозор Собир, вазифаи ҳар як шоир — ватандӯстӣ, миллатпарастӣ, эҳтироми мероси мардумӣ, санъат, омӯзиш ва ҳифзи дастовардҳои халқ мебошад.

294
Барчаспҳо:
кумаки молӣ, табобат, Ҳукумати Тоҷикистон, Бозор Собир, Амрико
Как душанбинцы спасаются от жары у фонтанов

Гармии тоқатфарсо ва нурҳои ултрабунафш: ҳавошиносон гуфтанд, кай бояд берун баромад

161
(Таҷдидшуда 17:32 05.06.2020)
Ҳавошиносон аз гармои шадид дар кишвар хабар медиҳанд. Мутахассисон ба шаҳрвандон маслиҳат медиҳанд, ки аз 5 то 7 июн нисфирӯзӣ аз хона набароянд

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Рӯзҳои 6-7 июн ба далели баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии Тоҷикистон эҳтимоли ба вуҷуд омадани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ дар назар аст.  

Дар ин бора аз Ожонси ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба АМИТ "Ховар" хабар додааст.

“Харобаҳои Хуросон”: аз вайрона то ободӣ – арқоми расмӣ

"Аз 5 то 7 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити обу ҳаво метавонад ба пайдоиши нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтобӣ) дар қабати болоии атмосфера мусоидат намояд ва аз соати 12:00 то 15:00  таркиби нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баландтар хоҳад расид", - омадааст дар хабарнома.

Баландшавии нишондиҳандаҳои нурҳои ултрабунафш ба касалиҳои пӯст, чашм, фишорбаландӣ, диабети қанд ва нафастангӣ (астма) таъсири манфӣ дорад.

Оғози мавсими оббозӣ ва ҳушдори КҲФ ба сокинон: эҳтиёт кунед

Дар ин росто, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми нисфирӯзӣ аз гаштугузори беҳуда дар фазои кушод худдорӣ намуда, саломатии худ ва наздиконашонро эмин нигоҳ доранд.

161
Дворец Нации

Фармони Раҳмон: нархи неруи барқ, об ва алоқа то охири соли 2020 баланд намешавад

966
(Таҷдидшуда 14:11 05.06.2020)
Эмомалӣ Раҳион бо судури фармони аз 5 июн  ба Ҳукумати мамлакат дастур дод, ки то охири соли 2020 масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузорад

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳион ба Ҳукумати дастур дода, ки то охири соли 2020 бо мақсади кам намудани хароҷоти истеҳсолии корхонаҳо, роҳ надодан ба баландшавии нархи маҳсулоти ватанӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ва сатҳи таваррум баррасии масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузорад.

Фармони президент: киҳо аз андоз озод шуданд?

Дар Фармони мазкур омадааст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатии соли 2020 ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои харидорӣ ва пурра намудани захираҳои моддии давлатӣ, аз ҷумла ғалла, тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, заҳрхимикатҳо ва сӯзишворӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо намояд.

Президент барои оилаҳои муҳоҷирон кӯмакпулӣ ҷудо кард: боз киҳо ва чандпулӣ мегиранд?

Дар баробари ин, бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз паст ва аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар карда мешавад.

966
Барчаспҳо:
об, барқӣ, фармон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бидуни фавт: омори тозаи гирифторони COVID - 19 дар Тоҷикистон

191
(Таҷдидшуда 18:08 05.06.2020)
То 5 июн дар Тоҷикистон 4370 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар кишвар 2491 (57%) нафар шифо ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторони коронавирусро нашр кард.

"Шабонарӯзи гузашта 81 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор шуда, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашуд", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои ин ниҳод, то 5 июн дар Тоҷикистон 4370 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар кишвар 2491 (57%) нафар шифо ёфтаанд. То имрӯз дар Тоҷикистон аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд.

Мубориза бо КОВИД-19: дар Бӯстон маҳлули хлор тақсим мекунанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 5 июн дар кишвар 1355 нафар зери назорати табибон қарор доранд.

Пешгирӣ аз вируси корона: 20 ширкати тоҷикӣ ба тавлиди ниқоби тиббӣ оғоз карданд

Манбаъ афзуда, ки дар як шабонарӯзи охир 219 нафар пас аз шифо ёфта ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Мо метавонем: ширкатҳои Тоҷикистон даҳҳо тонна собун, хлор ва антисептик истеҳсол карданд

191
Барчаспҳо:
бемориҳои сироятӣ, сироят, вируси нав, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон