Мурғ. Акс аз бойгонӣ

Хашми фаъолони ҷомеъа аз шароити даҳшатовари мурғпазӣ дар Суғд

567
(Таҷдидшуда 16:05 20.04.2018)
Корбарони фейсбук умед доранд, ки пас аз паҳн шудани ин навор, ошхонаву тарабхонаҳои Тоҷикистон шароитро беҳтар хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Корбарони бахши тоҷикии Facebook-ро тарзи омода кардани қавурдоқ аз мурғ, дар ошхонае дар Суғд, ба хашм овардааст.

Аз навор дида мешавад, ки чӣ гуна мурғро дар шароити даҳшатовар ва ғайри беҳдошт, мепазанд.

"Қавурдоқ аз мурғ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамин гуна пухта мешавад. Ва чунин навъи қавурдоқро ба ошхонаҳои шаҳр мебаранд. Шармандагӣ", — омадааст дар наворе, ки дар гурӯҳи "Хуҷандро дӯст медорам" паҳн шудааст.

Корбарони фаъоли фейсбук, чунин рафторро бе ҷавоб нагузоштаанд. Аксари корбарон ҳадз мезананд, ки ин мурғҳоро ба кадом ошхонаҳо мебаранд.

"Пас аз тамошои ин навор аксари шумо мумкин ки гиёҳхор шавед. Эҳтимол беҳтар мешавад", — навиштааст яке аз корбарон.

Тоҷикистониён пешниҳод доранд, ки дар кишвар барномаи "Ревизорро" роҳандозӣ шавад.

Бархе пас аз дидани ин навор мехоҳанд аз хӯрдани гӯшт парҳез кунанд.

"Барои чӣ дар мо маконҳои савдоро намесанҷанд? Дар пахши мустақим",-суол мегузорад корбари дигари Facebook.

"Корам дуруст аст, ки мурғ намехӯрам. На хомашро мехарему на пухтаашро. Росташро гӯям, ба ягон навъи гӯшт боварӣ нест", —навиштааст дигаре.

Тоҷикистониён умед доранд, ки пас аз паҳн шудани ин навор ошхонаву тарабхонаҳои Тоҷикистон шароитро беҳтар хоҳанд кард.

567
Барчаспҳо:
қавурдоқпазӣ, Суғд, Тоҷикистон