Коргардони узбак Шуҳрат Аббосов

Даргузашти ҳунарманди номдори Узбакистон Шуҳрат Аббосов

54
(Таҷдидшуда 13:44 26.04.2018)
Ҳунарманди мардумии Узбакистон Шуҳрат Аббосов дар паи беморӣ дар синни 87 солагӣ даргузшт

ДУШАНБЕ, 26 апр— Sputnik. Ҳунарманди даврони ИШҶС, ҳунарпешаи мардумии Узбакистон ва коргардони номӣ Шуҳрат Аббосов аз олам чашм пӯшид, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Аббосов пас аз бемории дарозмуддат дар синни 87 солагӣ даргузашт.

"Шуҳрат Солиҳович имрӯз дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи Тошканд даргузашт", — гуфт як узви хонаводаи ҳунарманд.

Стивен Хокинг
© Sputnik пресс-служба "Эйр Астаны"

Ҷасади Шуҳрат Аббоссовро дар яке аз оромгоҳҳои шаҳри Тошканд ба хок месупоранд.

Шуҳрат Аббосов 16 январи соли 1931 дар Қуқанд (ҳозира-вилояти Фарғона) ба дунё омадааст.

Соли 1949 ӯ техникуми тиббӣ ва соли 1954 факултаи коргардонии Донишкадаи санъати ба номи А.Н. Островский, соли 1958-Давраҳои олии коргардонии "Мосфилм"-ро хатм кардааст.

Солҳои 1954-1956-саркоргардони театри драммавии ба номи М.Уйғур дар Янгиюл будааст.

Аз соли 1958 то 1991 Шуҳрат Аббосов-коргардони киностудияи "Узбекфилм" ва солҳои 1982-1986-мудири ин ниҳод будааст.

Шуҳрат Аббосов корманди хизматнишондодаи санъати Узбакистон ва ИҶШС, Ҳунарманди мардумии Узбакистони советӣ, Ҳунарманди мардумии ИҶШС мебошад.

Шуҳрат Аббосов бо филмҳои "Ту ятим нестӣ", "Тошканд-шаҳри нон", "Фоҷиаи ишқ", "Инсони хурд дар ҷанги бузург" ва дигарон машҳур аст.

54
Барчаспҳо:
87-солагӣ, даргузашт, Шуҳрат Аббосов, Тошканд, Узбакистон
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Даргузашти Назарбегим Муборакшоева, собиқ раиси шаҳри Хоруғ

68
(Таҷдидшуда 17:30 12.07.2020)
Назарбегим Муборакшоева имрӯз, 12 июл аз олам даргузашт. Ӯ собиқ раиси шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ буд

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Назарбегим Муборакшоева корманди давлатӣ, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ дар синни 68 - солагӣ аз олам даргузашт.

Дар ин бора журналист Улфатхоним Маҳмадшоева дар фейсбук дар гурӯҳи Pamir news хабар додааст.

Назарбегим Муборакшоева 7 марти соли 1952 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони бадахшон ба дунё омадааст.

Соли 1974 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси ограном хатм кардааст.

Соли 1991 Мактаби олии партиявии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст. 

Фаъолияти кориашро аз соли 1974 оғоз кардааст. Пас аз хатми донишкада Муборакшоева чун сарагрономи колхози Шотемурови ноҳияи Шуғнон кор карда пасон дар бахшҳои гуногуни партиявӣ ва раҳбари шӯъбаи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Рӯшон буд.

Аз соли 1997 раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ буд. Пасон ба ҳайси муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони бадахшон кор кардааст.

 

Солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм буд. Ӯ аз ҳавзаи 1-уми ВМКБ ба ҳайси вакил интихоб шуда буд. Муовини раиси Маҷлиси миллиии Маҷлиси Олии ҶТ.

Узви Шӯрои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олии ҶТ. 

Аз моҳи марти соли 2007 то 15 апрели соли 2008 раиси шаҳри Хоруғ буд.

68
Барчаспҳо:
Хоруғ, шаҳр, раис, собиқ, ВМКБ, даргузашт
Қоҳир Расулзода дар шаҳри Норак

Боздиди Қоҳир Расулзода аз мактабҳои нави ноҳияи Ховалинг

59
Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ховалинг аз мактабҳои нав дидан намуда бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ошно шуд

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон, ки имрӯзҳо бо дастури раисиҷумҳур сурат мепазирад, аз ноҳияи Ховалинг боздиди кардааст.

Дар ин бора аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар додаанд.

Зимни шиносоии Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии №18 деҳаи Сафедшаҳраки Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ зикр гардид, ки муассиса барои 640 хонанда дар як баст, иборат аз 2 ошёна, синфхонаҳои барҳаво, китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ,ҳуҷраи омӯзгорон ва директор бо маблағгузории Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтааст.

Дар деҳаи Токаки Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо низ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 сохта шудааст. Ба сарвазир гуфтаанд, ки таълимгоҳи мазкур барои 240 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, аз 2 ошёна, 8 синфхона, китобхона, ҳуҷраи омӯзгорон ва директор иборат аст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бо маблағгузории Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ/НСИФТ) соли 2019 оғоз гардида, арзиши умумии он тахминан 4 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, Расулзода дар ноҳияи Ховалинг аз рафти нашъунамои маҳсулоти кишоварзӣ, ҳолати истифодабарии самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дидан намудааст.

Қитъати замини наздиҳавлигии сокини маҳаллаи Шехмизони Ҷамоати деҳоти «Ҷомбахт» Раҳмон Давлатов 0,20 гектарро ташкил дода, дар майдони 0,01 гектар гармхонаи доимамалкунанда фаъол мебошад. Дар гармхонаҳо помидор, қаланфури булғорӣ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ парвариш карда мешавад. Дар 0,15 гектар кишти бодиринг, қаланфур, картошка сир, лубиё, каду ва макка ба роҳ монда шудааст.

Шаҳрванд Раҳмон Давлатов бо аҳи оилааш аз ин замин ҳар сол то 8 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст меорад.

Зимни боздиди Сарвазир аз ҳолати нашъунамои маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқнии “Суруш” иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии замини хоҷагӣ 21 гектарро ташкил дода, дар ин ҷо кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла гандум, картошка, сабзавот ва хӯроки чорво роҳандозӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд намудани кишти картошка хоҷагидор дар майдони 1 га замин кишти онро ба роҳ монда, дар 4 га юнучқа, 7 га гандум кишт ва дар 5 га боғ бунёд намудааст.

Хоҷагидор дар асоси барномаи рушди боғпарварӣ соли 2014 дар масоҳати 5 га боғ бунёд карда, дарахтони себ, нок, гелос, чормағз ва ангур парвариш менамояд, ки аллакай ба ҳосил даромадаанд. Роҳбарии хоҷагиро Саймеҳриддин Ғаффоров ба уҳда дорад. Ҳама фарзандонаш аҳлона дар хоҷагӣ ба кори кишоварзӣ машғул мебошанд.

59
Барчаспҳо:
хоҷагиҳои деҳқонӣ, боздид, Қоҳир Расулзода, Ховалинг