Бағдод. Акс аз бойгонӣ

Сафири тоҷик бо вазир бозгардонии кӯдакони тоҷикро аз Ироқ баррасӣ кард

85
(Таҷдидшуда 19:06 28.04.2018)
Сафири Тоҷикистон дар Ироқ бо вазири умури хориҷаи ин кишвар масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистонро аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Ироқ Зубайдзода бо вазири умури хориҷаи ин кишвар Иброҳим ал-Ҷаъфарӣ дар шаҳри Бағдод дидору мулоқот кардааст.

Дар ин дидор, тақвияти ҳамкориҳо дар арсаи  мубориза бо терорризм ва экстремизм бо дарназардошти таҷрибаи фаровони ҷониби Ироқӣ дар ин самт, иштироки онҷониб дар конфронсҳои байналмилалии Душанбе ва мувофиқакунонии санадҳои дар баррасии ҷонибҳо қарордошта баррасӣ шудааст.

"Ҳамчунин вазъияти Шарқи Миёнаву Афғонистон ва баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна низ дар ин дидор баррасӣ шудааст", — омадааст дар хабарнома.

Ёдоварӣ мекунем, ки бомдоди 25 апрел Марям Шоева ва се кӯдаки дигари тоҷик, ки дар паноҳгоҳҳои Ироқ дар монда буданд, ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои мусоидат дар ин кори хайр ба ниҳодҳои марбутаи  Ироқ, Кумитаи Байналмилали Салиби Сурх ва ЮНИСЕФ изҳори сипос мекунад.

Намояндагони ВУх Тоҷикистон гуфтанд, ки бозардонии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ироқ бо супориши раисҷумҳур сурат гирифта иҷрои он идома хоҳад ефт.

85
Барчаспҳо:
бозгардонии кӯдакони тоҷик, ВУХ-и Тоҷикистон, Зубайдзода, Тоҷикистон, Ироқ
День 11 августа

Ҷашнҳои рӯзи 11 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

33
(Таҷдидшуда 10:04 11.08.2020)
Рӯзи 11 август дар Тоҷикистон ва бархе аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон таҷлил мешавад

Рӯзи 11 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1792  дар Франсия Кумитаи инқилобӣ таъсис дода шуд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1831 дар натиҷаи тӯфон дар Барбадос 15 ҳазор нафар қурбон гардиданд.

Соли 1877  ситорашиноси америкоӣ Асаф Ҳолл (Asaph Hall) ду моҳвораи навро бо номҳои Марса — Фобос ва Деймос кашф намуд.

Соли 1980 Ангола Конститутсияи худро дар таҳрири нав қабул кард.

Соли 1984 дар давраи ниҳоии мусобиқаи футбол дар доираи Бозиҳои олимпии Лос Анҷелос дастаи Франсия дастаи Бразилияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Рӯзи 11 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1937 Палатаи давлатии китоби Тоҷикистони Шӯравӣ таъсис дода шуд.

Соли 2004 дар шаҳри Душанбе бинои нави Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон 230 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ, собиқадорони меҳнат ва ходимони ҷамъиятиро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида буданд.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президент  ва Сарфармондеҳи вақти Ситоди марказии қувваҳои мусаллаҳи ИМА Ҷон Абузайд масъалаҳои минтақа ва Афғонистон, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ гардида, ҷонибҳо оид ба ҷараёни амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор карданд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе намоиши байналмилалии таҳсилотии Ҷумҳурии Беларус  баргузор гардид.

Соли 2015 Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Соли 2017 ба баррасии иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 11 август

  • Дар Тоҷикистон ва бархе аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон.
  • Дар Чад –Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Зимбабве –Рӯзи қаҳрамонон.
  • Дар Латвия – Рӯзи ёдбуди ҷанговарон барои озодӣ.
33
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
певец Бахром Гафури

Парвиз Назаров дар бораи Баҳром Ғафурӣ: "инсони воқеъӣ ва мусиқачии асил буд"

1265
(Таҷдидшуда 15:16 10.08.2020)
Сарояндаи машҳури Тоҷикистон ва Қазоқистон Парвиз Назаров ба аҳли хонаводаи овозхони номдор ва ҷавонмарг Баҳром Ғафурӣ изҳори ҳамдардӣ кард

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Парвиз Назаров Баҳром Ғафуриро дӯст ва инсони вовеъӣ хонда, аз реҳлати ӯ изҳори таассуф намуд.

"Руҳат шод бод, бародари азиз": таассуфи Шабнами Сурайё аз даргузашти Баҳром Ғафурӣ -навор

"Хайр дӯстам! Ту инсони заминию воқеъӣ ва мусиқачии асил будӣ. Се рӯз пеш дар инстаграмат аз нашри суруди нав хабар додӣ ва ман гуфтам, ки ин суруд албатта Хит мешавад. Ҳоло ту нестӣ, ин бароямон фоҷиаи бузург аст",  навиштааст Парвиз ва бо аҳли хонавода ва дӯстони Баҳром Ғафурӣ изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Парвиз Назаров ҳамчунин аз овозхонии муштарак бо Баҳром Ғафурӣ ёдоварӣ карда, изҳори хушнудӣ кардааст, ки тавонистанд ҳамроҳ суруде бисароянд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Прощай мой друг!Ты был настоящим,искренним человеком и прекрасным музыкантом.Три дня назад ты выставил пост в инстаграмме,о том что выходит твоя новая песня, я прокомментировал,Новый хит! Ты ответил…Спасибо Парвизджон!А сейчас тебя уже нет, это большая трагедия для нас,тех кто любил,ценил и уважал тебя!Вспоминается как мы репетировали а днем позже состоялось наше совместное выступление, где нас приветствовало 20000 человек, мы пели песню «Лове лов» тебе она очень понравилась, ты еще сказал: Она мне очень подходит…Как будто она сделана для меня..Как хорошо что мы с тобой успели это сделать!Спасибо тебе за чуткость и внимание.Скорблю вместе с твоей семьёй и твоими родными🙏!Прощай дорогой Бахром! #RIP #бахромгафури

Публикация от Parviz Nazarov|Парвиз Назаров (@parviznazarovpnf)

Ёдовар мешавем, овозхони машҳури Тоҷикистон Баҳроми Ғафуровӣ субҳи рӯзи 7 - уми август дар шаҳри Душанбе бар асари садамаи нақлиётӣ ҷон бохт.

Баҳром ҳамагӣ 44 сол дошт ва гарчанде пас аз садама фавран ба бемористон интиқол ёфт, вале пизишкон натавонистанд ҷони ӯро аз чанголи марг раҳонанд.

Ҷасади Баҳром Ғафурӣ дар қабристони Ҳазрати Мавлоно дар маҳаллаи "Нӯҳум километр"-и Душанбе ба хок супорида шуд.

Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Суқути ситораи санъати тоҷик: даргузашти Баҳром Ғафурӣ - видео

Баҳром Ғафурӣ яке аз сарояндагони шинохта дар давоми 20 соли охир дар саҳнаи эстрадаи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар байни мухлисон бо суруди “Муҳоҷирбача” ва “Орзу” машҳур гардида буд.

Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш 10 албомро ба мухлисон эҳдо кардааст. Солҳои охир дар бандубаст ва офаридани филмҳои ҳунарӣ низ саҳм мегузошт. Яке аз қаҳрамонҳои марказии филми овозадори “Сукут” ба ҳисоб мерафт. Филми охироне, ки Баҳром дар он нақш офарида буд, филми “Риё” буд, ки соли 2019 рӯйи пардаи синамо баромад.

Чандин маротиба аз сӯи созмонҳои мусиқӣ унвонҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин” – ро ба даст овардааст. Моҳи ноябри соли 2009 дар озмуни Big Apple music Awards “Овозхони беҳтарини мард” эълон шуд.

1265
Барчаспҳо:
даргузашт, сӯгворӣ, ҳамдардӣ, Парвиз Назаров
Президент РФ Владимир Путин

Путин аз сабтиноми нахустин ваксинаи зидди коронавирус дар Русия эълон кард

0
Исбот шудааст, ки аввалин ваксинаи сабтиномшуда дар Русия аллакай бехатирӣ ва самаранокии худро нишон додааст

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Нахустин ваксина аз коронавируси навъи нав дар Русия сабтином шуд, эълом кард президенти кишвар Владимир Путин.

"Субҳи имрӯз бори нахуст дар ҷаҳон ваксинаи коронавирус сабтином шуд", - изҳор дошт Путин дар рафти маҷлис бо узви ҳукумати кишвар.

Путин таъкид кард, ки ваксинаи коронавирус аз тамоми ташхисҳои лозима гузаштааст.

"Медонам, ки ваксинаи мазкур самарабахш аст, маснуияти баданро ҳосил мекунад", - афзуд президенти Русия.

Путин коршиносонро барои кори фаврӣ ва пурмасъул дар коркарди ваксинаи зидди коронавирус изҳори сипос кард. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ба наздикӣ ваксини мазкур дар ҳаҷми зиёд истеҳсол ва ба аҳолӣ дастрас мешавад.

Вазири тандурустии кишвар Михаил Мурашко таъйид намуд, ки нахустин ваксини дар Русия сабтиномшуда аллакай самаранокӣ ва бехатарии худро исбот кардааст.

Вай афзуд, ки ваксин дар як вақт дар ду замина истеҳсол хоҳад шуд.

Ваксинаи зидди коронавируси Русия

Коршиносони рус аллакай дар баҳори гузашта ба коркарди ваксини зидди коронавирус шурӯъ карданд. Маводро аллакай мобайнҳои июн дар бадани чанд довталаб аз озмоиш гузарониданд.

Пизишкон таъкид намуданд, ки ҳамагуна асари ваксин ба саломати хатаре надорад ва пас аз як рӯз мегузарад.

Зиёда аз ин, дар натиҷаи озмоиш муайян гардид, ки ваксина ба бадани инсон кумак мекунад, ки зидди коронавирус маснӯият коркард кунад.

 

0