Шоир Бозор Собир

Ҷасади Бозор Собир имрӯз дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда мешавад

140
(Таҷдидшуда 10:13 14.05.2018)
Ҷанозаи марҳум Бозор Собир рӯзи 14 майи соли 2018, соати 11:00 дар Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Ҷасади шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир баъди ҷаноза дар Оромгоҳи Лучоби пойтахт ба хок супорида мешавад? хабар медиҳад расонаҳои расмии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки дар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон ҷасади шоири маъруф Бозор Собир рӯзи душанбе, 14 майи соли 2018 ба Тоҷикистон оварда мешавад.

Ҷанозаи марҳум Бозор Собир рӯзи 14 майи соли 2018, соати 11:00 дар Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб (суроға: ш. Душанбе, кӯч.Шодмонӣ, 58) баргузор мегардад.

Ҷасади шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир баъди ҷаноза дар Оромгоҳи Лучоби пойтахт ба хок супорида мешавад.

Ёдоварӣ мекунем, ки Бозор Собир субҳи 1 майи соли 2018, баъди бемории вазнин, дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Сиэтл (ИМА) дар синни 79-солагӣ  аз дунё даргузашт.

140
Барчаспҳо:
ба хок супоридан, Бозор Собир, Тоҷикистон