Раисҷумҳур музди ҳунармандонро ду баробар зиёд мекунад

© SputnikДни культуры Узбекистана в Таджикистане
Дни культуры Узбекистана в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мирзиёев тасмим гирифтааст моҳонаи мутахассисони воҳидҳои идоракунӣ, роҳбарияти бадеӣ, артистӣ, эъҷодӣ ва дигар хизматчиёни фарҳангро зиёд намояд

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Раисҷумуҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев фармоне имзо кардааст, ки тибқи он барои кормандони муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунармандон дараҷаҳои тахассусӣ аз рӯи вазифа ворид мешавад ва инчунин барои хизмати дарозмуддати онҳо мкофотпулӣ дода мешавад.

"Аз 1 июн барои кормандони соҳаи фарҳанг моҳона 45% зиёд карда мешавад. Сухан дар бораи мутахассисони воҳидҳои идоракунӣ, роҳбарияти бадеӣ, ҳунармандон ва дигар хизматчиёни давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, инчунин роҳбарон ва мутахассисони бойгониҳои давлатӣ меравад" — гуфта шудааст дар матни фармон.

Шабнами Сурайё - Sputnik Тоҷикистон
Шабнам Сурайё ва 101 ситораи эстрада дар рӯйхати сиёҳи Кумитаи андоз
 

Ғайр аз ин, музди кор аз рӯи тахассус ва вазифа муайян шуда, ҳар моҳ барои хизмати дарозмуддат кормандон мукофотонида мешавад. Барои ширкатҳое, ки консерту ҳамоишҳои бузург ташкил мекунанд, андоз аз 30 то 5% барои ташкили барномаҳои консертӣ кам карда мешавад. 

Қаблан хабар хабар дода шуд, ки дар мактабҳои мусиқӣ ва ҳунари кӯдаконаи панҷ вилояти Узбакистон синфҳои махсуси эъҷодиёти "бахшӣ" ва иҷрои достонҳо ташкил карда мешавад. 

Ташаббуси мазкур дар мактабҳои вилояти Қарақалпоқистон, Самарқанд, Сурхандарё, Хоразм ва Қашқадарё амалӣ мегардад.

Барномаи густариши беҳбуд ва такмилдиҳии эъҷодиёти "бахшӣ" ва иҷрои достонҳо барои солҳои 2018-2022 бо фармони ҳукумат тасдиқ шудааст. 

"Бахшӣ" дар шабҳои эъҷодӣ, барномаҳои телевизионӣ, сабқатҳои байналмилалӣ, фестивалҳо, ҷамъомадҳои давлатӣ ва Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар хориҷ аз кишвар намоиш дода мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар аввали моҳҳои май ҳунармандони балети Узбакистон бори аввал баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ташкил ёфтани кишварҳои ҳамсуд дар толори театри давлатии академикии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни ба саҳна баромаданд. 

Раққосаи асосӣ, ҳунарманди шоистаи Узбакистон Нодира Ҳамраева ва раққоси балет Улуғбек Олимов барои тамошобинон саҳнаи балети Петр Чайковский "Зебосанами хобида"-ро иҷро карданд. Инчунин дар ин намоиш ҳунармандони коллеҷи хореографӣ ба номи Собирова иштирок карда буданд.

Пеш аз консерт намояндагони ҳукумати Тоҷикистону Узбакистон созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангро имзо карданд.

Лентаи хабарҳо
0