Роҳ ба сӯи ВМКБ

Тасдиқи созишномаи қарзӣ барои таъмири роҳи Кӯлоб-Қаълаихумб дар парлумон

226
Маблағи умумии сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қаълахумб 115 миллион доллар буда, ки аз ин ҳисоб 10 миллиони ондоллар ҳиссаи Ҳукумати Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум Созишномаи қарзӣ байни Тоҷикистон ва Бунёди кувайтии рушди иқтисоди Араб оид ба лоиҳаи "Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаи Кӯлоб-Шӯрообод ва қитъаи Шкев-Қалъаихумб" тасдиқ шудааст.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ба вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат иттилоъ додааст, ки Созишномаи мазкур байни Тоҷикистон ва Бунёди кувайтии рушди иқтисоди Араб ба маблағи 25,5 миллион доллар моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст.

Ҳадафи тарҳи мазкур идома додани сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қаълаихумб будааст.

Қитъаи А-и лоиҳаи мазкур сохтмони роҳи мошингарди шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (32 километр) ва қитъаи F сохтмони роҳи мошингарди деҳаи Шкевро ба ноҳияи Қалъаихумб (26 километр) дар бар мегирад.

Гуфта мешавад, ки бо татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур хароҷоти арзиши аслии ҳамлу нақли бор ва мусофиркашонӣ бамаротиб паст гардида, сатҳи хизматрасонӣ дар ин самт беҳтар мегардад.

Тавре иттилоъ дода шуд, маблағи умумии сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қаълахумб дар умум 115 млн. доллари ИМА-ро дар бар мегирад, ки аз ин ҳисоб 10 млн. доллар ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

226
Барчаспҳо:
тасдиқи созишномаи қарзӣ, Парлумон, Тоҷикистон