Мумин Каноат. Архивное фото

Даргузашти шоири маъруфи тоҷик Муъмин Қаноат

522
(Таҷдидшуда 15:33 18.05.2018)
Шоири номдори тоҷик Муъмин Қаноат дар синни 86-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Шоири номдори тоҷик Муъмин Қаноат имрӯз, 18 май дар манзилаш дар Душанбе дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт.

Вақтҳои охир шоир бемор будааст. Ва ду рӯзи охир вазъи саломатиаш якбора бад шудааст. Имрӯз Муъмин Қаноат дар паи беморӣ вафот кардааст.

Яке аз наздикони шоир дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки шоир дар рӯзҳои наврӯзӣ шамол хӯрдаасту вазъи саломатиаш дар рӯзҳои наврӯзӣ бад шудааст. Вале пас аз чанде хабар дода шуд, ки шоир сиҳат шудааст. Аммо ду рӯзи охир вазъи саломатии Муъмин Қаноат якбора бад шудааст.

Муъмин Қаноат 20 маи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷаҳон омадааст.

Пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ муҳассили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин шуда, дар баробари омӯхтани донишҳои бунёдӣ, ҷиддан ба шеърофаринӣ машғул гардидааст.

Адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикро дар муқоиса бо осори адибони бузурги ҷаҳон омӯхта, маҳз дар ҳамин айём ба зарфияту ҳинҷори «шеъри нав» даст ёфтааст.

Соли 1968 муовини аввали Раис, солҳои 1976-1991 Котиби якуми Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, интихоб шудааст. Солҳои баъдӣ чанде Раис ва котиби Кумитаи сулҳи Тоҷикистон ва директори Пажӯҳишгоҳи осори хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, солҳои 1996-2000 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, солҳои 2001-2011 муовини раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст.

Тавассути достони "Тоҷикистон — исми ман" (1977) дар бедории маънавии зиёиёни тоҷик нақши нозудуданӣ гузошт. Соли 1980 достони нави ӯ «Гаҳвораи Сино» ба дарёфти Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нойил гардид, ки саршори андешаҳои амиқи фалсафӣ буда, ҳамагонро даъват ба шинохти бештару шоистаи ҳакими бузурги тоҷик, омӯзиши фарҳангу андешаи ғановотманду деринасоли миллӣ ва пайравӣ аз офаридгорию бунёдкории ӯ мекунад.

Дабири аввали Иттиҳоди адибони Тоҷикистон, шоир Мӯъмин Қаноат дар миёни вакилони анҷумани XXYI ҲКИШ
© Sputnik / А. Родионов
Дабири аввали Иттиҳоди адибони Тоҷикистон, шоир Мӯъмин Қаноат дар миёни вакилони анҷумани XXYI ҲКИШ

Намунаҳои осораш борҳо ба забонҳои русӣ, инглисӣ, украинӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, ӯзбекӣ, тоторӣ, чехӣ, булғорӣ, лаҳистонӣ, испонӣ, муғулӣ ва ғ чоп шуда, ӯ ҳам дар тарҷумаи асарҳои бузургтарин адибони дунё ба тоҷикӣ саҳми шоиста гузоштааст.

Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, чандин маротиба вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Хизматҳои шоёни Мӯъмин Қаноат дар рушди адабиёт бо ордену медалҳои зиёде қадршиносӣ шуда, ӯ соли 1991 сазовори унвони Шоири халқии Тоҷикистон гардидаст.

522
Барчаспҳо:
Тоҷикистон