Шабакаи иҷтимоии Фейсбук. Акс аз бойгонӣ

Дод аз дасти "фейк"-ҳо: шикояти овозхони тоҷик ба Кумитаи амният алайҳи иғвои корбарон

397
(Таҷдидшуда 15:27 28.05.2018)
Ҷаъфари Ҷалол, овозхон ва оҳангсози шинохтаи тоҷик, алайҳи афроде, ки аз номи ӯ дар шабакаи Фейсбук саҳифаҳои тақаллубӣ кушодаанд, ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муроҷиат кардааст

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Ҷаъфари Ҷалол бо нашри як изҳорот аз масъулини амнияти милллии Тоҷикистон хостааст, ки барои пешгирии кирдорҳои чунин афроди иғвогар ба ӯ кӯмак намоянд.  Ӯ изҳор доштааст, ки "фейк"-ҳо аз номи ӯ дар баҳсҳои фейсбукӣ беодобӣ зоҳир кардаанд ва ин боиси малоли хотири дӯстони воқеияш шудааст. 

Ҷаъфари Ҷалол дар хитоб ба дӯстонаш таъкид кардааст, ки изҳороти ғайриахлоқӣ ба ӯ рабт надоранд ва ин найранги нокасону душманон мебошад: "Ман сарзамини ниёкон ва мардуми заҳматкашу меҳмоннавозамро дӯст медорам. Мисли шумоён- азизон, ки дар дурдасттарин рустову деҳаҳои кишвар бароям эҳтиром гузоштаед, ман низ бароятон арҷ мегузорам".

Тибқи изҳороти овозхони шинохтаи тоҷик ин бори аввал нест, ки аз номи ӯ саҳифаҳои тақаллубии фейсбукӣ мекушоянд ва изҳороти ғайриахлоқиро паҳн месозанд.  "Ба ин ҳасудони номард гуфтаниям, ки бо ин кирдорҳои разилонаатон муҳаббати маро аз дили мардум гирифта наметавонед", — хитоб кардааст Ҷаъфари Ҷалол ба дастандаркорони ин маърака.

Норозигии овозхони шинохтаи тоҷик дар ҳолест, ки саҳифаҳои тақаллубӣ дар бахши тоҷикии Фейсбук хеле зиёд паҳн шудаанд ва аксаран бо изҳороти тезу тундашон баҳсҳои гуногун, аз сиёсат то динро шиддат мебахшанд.

Ҷаъфари Ҷалол, овозхон ва оҳангсози маҳбуби тоҷик мебошад, ки миёни мухлисон бештар ҳамчун меҳансаро, бо сурудҳои ватандӯстӣ, маъруф гардидааст.

397
Барчаспҳо:
шабакаи иҷтимоии Фейсбук, шикоят, Ҷаъфари Ҷалол, Тоҷикистон
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото

Баъди 20 соли бехонагӣ: соҳибкорон ба Ҷонаковҳо аз номи Президент хона доданд

1010
Оилаи Ҷонаковҳо баъди 20 соли бехонагӣ, ахиран дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон соҳиби манзили дуҳуҷрагӣ гардидаанд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Оилаи Ҷонаковҳо, ки панҷ фарзанд доранд, аз сабаби бехонагӣ тайи 20 сол дар нуқтаҳои сузишворӣ, вагонҳои хоҷагии деҳқонӣ ва ба ин монанд дар бошишгоҳи саҳроӣ бо азобу машаққати зиёд зиндагӣ мекарданд, навиштааст сомонаи "Фараж".

Манбаъ хабар дод, ки зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба шаҳри Левакант аз номи роҳбари давлат ба Ҷонаковҳо калиди хонаи дуҳуҷрагӣ дода шуд. Ин хонаро ба оилаи Ҷонаковҳо соҳибкорони хайрхоҳи вилояти Хатлон туҳфа карданд, илова намудаст нашрия.

Муҳаббат Ҷонакова, модари хонадон ба “Фараж”  гуфтааст, ҳеҷ бовар надошт, ки баъди солҳои зиёди сарсониву саргардонӣ дар вагонҳои вайрона ва бошишгоҳи саҳроӣ соҳиби манзили зист ва замин мешавад.

Зикр шудааст, ки инчунин раиси ноҳияи Кӯшониён, Вализода Икромиддин дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия барои Ҷонаковҳо 0,05 га замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, ҳуҷҷатҳои замин низ бо супориши раиси ноҳия барои онҳо ройгон омода гардидаанд.

1010
Барчаспҳо:
кумак, хона, Тоҷикистон
Ожирение, архивное фото

Олимон: чарби шикам ҳатто дар вазни муқаррарӣ, хатари марги бармаҳалро зиёд мекунад

572
(Таҷдидшуда 15:58 27.09.2020)
Олимон пас аз анҷоми таҳқиқоти илмияшон ба чунин хулоса омаданд, ки чарби шикам одамро ба марги бармаҳал наздик меорад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Чарби шикам ҳатто дар сурати доштани вазни муқаррарӣ, одамро ба марги бармаҳал "тела" мекунад, менависад MedicalXpress бо такя ба маълумоти олимони эрониву канадагӣ.

Мутахассисони ин ду кишвар дасти кам 72 кори илмиро омӯхтанд, ки муносибати фарбеҳии шикам (вақте ки чарб маҳз дар шикам пайдо мешавад) ва фавт аз сабабҳои гуногунро тафтиш карданд. Онҳо инчунин нишондиҳандаҳои солимии зиёда аз 2,5 миллион ихтиёриёнро дар тӯли аз се то 24 сол санҷиданд.

ВКД Тоҷикистон аз кормандон талаб кард, ки аз фарбеҳӣ халос шаванд

Коршиносон ба даври камар ва миён, таносуби онҳо, фоизи равғани бадан ва параметрҳои дигар таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Маълум шуд, одамоне, ки чарб на дар миён, балки маҳз дар шикам доранд, эҳтимолан барвақтар мемиранд.

Гуфта мешавад, ҳар 10 сантиметр чарбе, ки дар шикам ҷамъ меояд, хавфи наздикшавӣ ба маргро ба андозаи 11 дарсад зиёд мекунад.

572
Барчаспҳо:
марг, фарбеҳӣ, олимон
Тонущий человек, архивное фото

Корманди БДА дар Суғд донишҷӯдухтарро аз худкушӣ наҷот дод

0
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ҳамин чанд лаҳза пеш бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишҷӯдухтари тақрибан 18 - сола ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт, манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қаиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурӯрафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

"Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаҳри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд”, - иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилои манбаъ, зимнан донишҷӯдухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд. Дафъаҳои охир хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо зиёд ба нашр мерасад.

"Кӯмак кунед, кӯмак кунед": як ҷавони тоҷик дар Русия ғарқ шудааст

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод. Бар пояи эълони КҲФ зани 31 - солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 - солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуд.

0
Барчаспҳо:
донишҷӯдухтар, ғарқ, Суғд