Шамъ. Акс аз бойгонӣ

Ҳамдардии фарҳангиёни тоҷик бо Қурбоналӣ Раҳмонов

184
(Таҷдидшуда 18:21 29.05.2018)
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов ва аҳли хонаводаи ӯ ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 29 май- Sputnik. Фарҳангиёни тоҷик барои даргузашти ҳамсар ва модарарӯси Қурбоналӣ Раҳмонов изҳори таслият кардаанд. Номаи таслияти аҳли фарҳанг дар равобити умумии Вазорат мунташир шудааст.

"Ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов нисбати даргузашти ҳамсар ва модарарӯсаш изҳори тасаллият намуда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд",-омадааст дар номаи таслият.

Ёдовар мешавем, ки шаби 26 май хушдоман ва ҳамсари Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов дар ноҳияи Восеъ тақрибан паиҳам аз олам даргузаштанд.

Ба иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ, ҳангоми ҷонсупории модар духтараш марги модарро таҳаммул карда натавониста, қалбаш аз кор мондааст.

184
Барчаспҳо:
изҳори таслият, ҳамдардӣ, Қурбоналӣ Раҳмонов, Тоҷикистон