Шӯрои уламо гуфт, ташкили комиссияи мақомот барои ҷамъи хайру садақа мувофиқи мақсад аст

© Фото : ИСЛАМСКИЙ ЦЕНТР РТИсламский центр Республики Таджикистан
Исламский центр Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Агар мардуми мусулмони мо хайру садақоти худро дар ихтиёри ин комиссия гузоранд, садақаи онҳо ба оилаҳои воқеан ниёзманд мерасад", - менависад Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахирон бо интишори як изҳорот дар вебгоҳаш хабар дод, ки имсол дар рӯзҳои иди саиди Фитр дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон барои расонидани кӯмак ба хонаводаҳои ниёзман комиссияи махсус ташкил шудааст.

"Имсол мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар тасмим гирифтаанд, ки дар ҳар як маҳалла комиссияҳои махсус оид ба расонидани кумакҳо ба оилаҳои ниёзмандро таъсис диҳанд", — менависад манбаъ.

Шӯрои уламо афзудааст, " ин тасмими неку савобе аст".

"Зеро раисони маҳаллаҳо аз вазъи зиндагии воқеии ҳамаи сокинони ин ё он маҳал беҳтар аз дигарон огоҳӣ доранд ва агар мардуми мусулмони мо хайру садақоти худро дар ихтиёри ин комиссия гузоранд, садақаи онҳо ба оилаҳои воқеан ниёзманд мерасад ва ин амали онҳо боиси хушҳолии як хонавода мегардад", — тавзеҳ медиҳад манбаъ.

 Шӯрои уламои Тоҷикистон мобайнҳои моҳи май баробари эълом кардани оғози моҳи Рамазон, ҳаҷми садақа ва закотро низ муайян карда буд.

Мувофиқи қарори маҷлиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз 14 май, ҳисоби шаръӣ нисоби закот 20 ҳазору 400 сомонӣ муқаррар карда шуда, аз он 510 сомонӣ закот дода мешавад.

Дар қарори мазкур гуфта мешавад, садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ  муайян шудааст.

Бояд садақаи фитр аз ҳар шахс миқдори ним соъ аз гандум ё орд ё ҷав пардохт шавад ва ин миқдор метавонад арзиши пулии он ченак бошад, ки аз тарафи Шӯрои уламои Тоҷикистон ба миқдори панҷ сомонӣ муайян гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0