Кӯмак ба хонаводаи Ҳувайдо Тиллозода дар Тоҷикистон

Мардуми Тоҷикистон ба волидони Ҳувайдо кӯмаки молӣ расониданд

1126
(Таҷдидшуда 17:44 30.07.2018)
Корбарони гурӯҳи "Мо-тоҷикистониён" ва гурӯҳе иборат аз ихтиёриён ба волидони духтараки панҷсолаи кушташудаи тоҷик кӯмаки молӣ расониданд

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Гурӯҳе аз корбарони Фейсбук бо роҳбарии ихтиёриён ба волидони Ҳувайдо — духтараки кушташудаи тоҷик, кӯмаки молӣ расонидаанд. Дар ин бора Зулфия Раҳматова дар гурӯҳи фейсбукии  "Мо-тоҷикистониён" хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, корбарони интернет бо роҳбарии ихтиёриён маблағ ҷамъ оварда, барои изҳори ҳамдардӣ ба назди волидони Ҳувайдо ба шаҳри Кӯлоб рафтаанд.

"Мо ба хонаводаи Ҳувайдо изҳори ҳамдардӣ намудем ва тамоми маблағеро, ки ҷамъ оварда будем, ба онҳо додем", — менависад манбаъ.

"Модари Ҳувайдо хело хаставу парешон менамуд. Падараш кӯдаквор гиря мекард. Ӯ нақл кард, ки Ҳувайдо духтари зебову шӯх ва боақл буд", —афзудааст вай.

ба гуфтаи Раҳматова, волидони Ҳувайдо нақша доранд, ки ба Русия баргашта, дар мурофиаҳои додгоҳии гумонбар ба куштори духтарашон ширкат кунанд.

Ёдрас мешавем, пештар аз ҳодисаи фоҷиабор кушта шудани духтари панҷсолаи тоҷик — Ҳувайдо дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав хабар дода шуд.

Бунафша Содиқова — холаи Ҳувайдо ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки  ихтиёриёне аз ҷомеаи Русия занг зада, аз падари Ҳувайдо даъват кардаанд, ки ба Русия баргардад.

"Аз Русия занг заданд, ки падари Ҳувайдо ба Русия баргардад ва барояш вакиле бепул хизматрасонӣ хоҳад кард. Ҳоло намедонам, ки бармегарданд ё не", — гуфт вай.

ВУД Русия бо далели куштори Ҳувайдо парвандаи ҷиноӣ боз кард. Александр Сёмин — муттаҳами асосӣ дар куштори духтарак аст. Тафтишот идома дорад ва Сёмин ба мӯҳлати ду моҳ дар ҳабси пешакӣ аст.

Чанде пеш ВУХ Тоҷикистон ба Русия ёддошт равон карда, аз мақомоти Русия даъват намудааст, то тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбати ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад.

Сенатори рус Елена Мизулина аз додситои кулли Русия хоҳиш дорад, ки қазияро зери назорати худ бигирад.

1126
Барчаспҳо:
кӯмак, куштор, Ҳувайдо, Тоҷикистон