Занон, акс аз бойгонӣ

Қиссаи танфурӯшии ҷавонзани тоҷик дар Дубай: фиребам доданд (НАВОР)

810
(Таҷдидшуда 20:02 30.07.2018)
Созмони байналмилалии муҳоҷират 30 —юми июл дар рӯзи ҷаҳонии мубориза бо савдои одамон, қиссаи зани тоҷикеро пешниҳод кардааст, ки туъмаи савдогарони одам шудааст

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Шаҳноз Комилзода, блогери тоҷик, дар як навори таҳиякардаи Созмони байналмилалии муҳоҷират, қиссаи ҷавонзани 25-солаи тоҷикро қироат кардааст, ки дар Дубай мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор гирифтааст.

Бар асоси ин навор, ҷавонзани 25-сола, соҳиби як фарзанд аз шавҳараш ҷудо шудааст ва дар хонаи волидон низ ҳаёти хуш надоштаст.

"Ба хонаи дугонаам кӯчидам. Дугонаам гуфт, дар Дубай метавонем бо танфурӯшӣ пули хуб кор кунем, соҳиби хона шавем. Аммо маро фиреб карданд. Маро ба мардҳо мефурӯхтанду ҳамаи пулҳоро худашон мегирифтанд", — изҳор доштааст ҷавонзан.

Ҷабрдидаи тоҷикро барои хона, раводид ва шиноснома қарздор бароварда, маҷбур ба танфурӯшии муфт мекардаанд.  Ӯ дар рӯзҳои беморӣ низ маҷбур будааст, ба мизоҷон хизматҳои шаҳвонӣ расонад.

Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ҷавонзани тоҷик рӯзе тавонистааст аз хона фирор кунад ва бо кӯмаки роҳгузарон худро то сафорати Тоҷикистон расондааст.

Қиссаи ин зан дар ҳоле ироа гардидааст, ки ҳамасола бо қарори СММ, 30-юми июл рӯзи муқовимат бо савдои одамон таҷлил мешавад.

810
Барчаспҳо:
Дубай, фоҳишахона, савдои одамон, танфурӯшӣ, Тоҷикистон-Амороти Муттаҳидаи Арабӣ