Нархи роҳкиро дар автобусҳои нави шаҳри Хуҷанд муайян шуд

Савоб ба ҷои сомонӣ: ҳайрати мусофирон вақте ронанда ба ҷои 5 сомонӣ дуо хост

1698
(Таҷдидшуда 13:53 21.08.2018)
Бархе аз ронандаҳои мусофирбари вилояти Суғд ба муносибати Иди Қурбон хизматрасониро ройгон ба роҳ мондаанд

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Сокинони шаҳри Хуҷанд, иттилоъ доданд, ки имрӯз, 21-уми август дар Иди Қурбон бисёри ронандаҳо аз мусофирон ба ҷои маблағ дуо мехоҳанд.

Фарзон, як мусофир, ки аз самти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Хуҷанд рафтааст, изҳор дошт, ки ҳаққи роҳкиро дар ин масир вобаста ба масофа аз 1,3 то 5 сомонӣ мебошад.

"Вақте саворе шудем, пул дароз кардем, аммо ронандаи тақрибан сисола гуфт, имрӯз ройгон хизмат мекунад ва ба ҷои роҳкиро дуо хост. Мусофирон аввал дар ҳайрат монданд ва баъд дуоҳои тӯлонӣ дар ҳаққи ронанда кардем", — гуфт Фарзон. 

Ӯ таъкид намуд, ки соли равон мусофирбарии ройгони ронандаҳо нисбати солҳои пеш зиёд ба назар мерасад.

"На ҳамаи мусофирбарҳо ҳанӯз ройгонанд, аммо бисёри ронандаҳо дар рӯзи ид ройгон хизмат мекунанд", —изҳор дошт ӯ.

Мусофирбарии ройгон дар идҳои динӣ барои бисёре аз ронандагон дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст.

Ин дар ҳолест, ки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар арафи Иди Қурбон сокинонро амалҳои хайру савоб даъват кард.

"Анҷом додани амалҳои неку савоб набояд танҳо дар доираи Иди Қурбон маҳдуд шавад, балки ҳамчун як рукни муҳим ва доимии фаъолияти созандагии мардуми бофарҳангу соҳибтамаддуни мо минбаъд низ идома ёбад", — изҳор дошт раиси Суғд.

Ӯ таъкид намуд, ки мансабдорон,  имом-хатибони масҷидҳо, соҳибкорон ва дигар шахсони хайрхоҳу соҳибимкон вазифадоранд, ки барои эҳтиёҷоти шахсони яккаву танҳо, маъюбон, ятимон, оилаҳои камбизоату барҷомонда, барқарорсозӣ ва бо асбобу анҷоми рўзгор таъмин кардани хонаҳои истиқоматии онҳо иқдоми хайрхоҳона намоянд.

 

1698
Барчаспҳо:
ройгон, мусофирбарӣ, Суғд, савобҷӯӣ, Тоҷикистон
Такси в Душанбе

Ҷаримабандии ронандаи ширкати "Olu4a Taxi": ҷавондухтари велоспедронро таҳқир кард

690
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷаримандӣ шудани ронандаи ширкати "Olu4a Taxi" хабар медиҳад, ки ҷавондухтари велосипедронро мавриди таҳқир қарор додааст

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Кормандони Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси шикояти як ҷавондухтар ронандаи ширкати "Olu4a Taxi" - ро боздошт намуданд.

Ба иттилои котиботи РВУД дар шаҳри Душанбе, духтар бо ирсол намудани  расми автомашинаи тамғаи Хундай рақамҳои қайди давлатиаш 1953 ТТ 05 мусофирбари ширкати "Olu4a Taxi" аз кормандони милитсия хоҳиш намуд то нисбати ронандаи автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад.

"Ба иттилои муроҷиаткунанда санаи 22-юми майи соли 2020 ҳангоми дар кӯчаи Н. Муҳаммад, назди собиқ бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе тариқи велосипед ҳаркат доштанаш, ронандаи автомашинаи мазкур монеи ҳаракати ӯ шуда, ҳамзамон нисбаташ ҳаракати таҳқиромез нишон дода, шаъну шарафашро паст задаст", - таъкид мешавад дар хабар.

Ирина барои кӯфтани муҳоҷирзани тоҷик ҷаримабандӣ шуд: ҷабрдида ба кумак ниёз дорад

Зимнан, муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Самадзода Сомон Шарофатулло, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.

Нисбати Самадов бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол гардид.

Суд дар нисбаташ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ намуд.

690
Барчаспҳо:
такси, ронанда, ҷарима
Эмомали Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Қарори Ҳукумат барои пардохти кумакпулиҳо ба мардум: киҳо ва чанд сомонӣ мегиранд?

4824
(Таҷдидшуда 17:27 27.05.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат, тартиби нави пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоатро тасдиқ карда, барои иҷрои он дастур додааст

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Тибқи тартиботи нав, кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба камбизоатон аз буҷаи давлат дар ҳаҷми 116 сомонӣ ҳар чормоҳа, дар маҷмуъ соле 464 сомонӣ пардохт мегарданд.

Бар асоси қарор, ки Эмомалӣ Раҳмон, 14 май имзо кардааст, кумакпулиҳо ба бархе шаҳру навоҳӣ аз 1 июл пардохта мешаванд.

Таъйину пардохти кумакпулиҳо аз 1 июл барои оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар навоҳии Вахш, Восеъ, Данғара, Дӯстӣ, Кӯшониён, Носири Хусрав, Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ, Қубодиён, Хуросон, Ҷайҳун ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон амалӣ мешавад.

Кумакпулиҳо барои камбизоатон инчунин дар шаҳру навоҳии Гулистон, Исфара, Истиқлол, Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Спитамени вилояти Суғд, шаҳру навоҳии тобеи марказ – Варзоб, Ваҳдат, Роғун ва Турсунзода таъйину пардохт мешаванд.

Дар қарор инчунин омадааст, ки аз 1 июл кумакпулиҳо барои камбизоатон дар навоҳии Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ пардохт мегарданд.

Бар асоси тартиби муқарраршуда, барои дастрас кардани пардохту кумакпулиҳои иҷтимоӣ афроду оилаҳои камбизоат бояд дар мақомоти маҳаллии ҷои истиқоматашон ба қайд гирифта шаванд.

4824
Барчаспҳо:
камбизоат, кумакпулӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сотрудники пограничной службы на пункте пропуска Кен-Булун автодорожный на границе Кыргызстана и Казахстана. Архивное фото

Марзи Тоҷикистон ба рӯйи кадом ҳамсоягонашбоз мондааст?

0
(Таҷдидшуда 17:33 28.05.2020)
Тоҷикистон дар пайи таҳдиди паҳншавии коронавирус ҳанӯз аввалҳои моҳи апрел гузаргоҳҳои марзиро баста буд

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Мудири идораи ҳамлу нақли заминии Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон Фарух Неъматзода гуфтааст,  ба далели шуюи Корона фақат 7 гузаргоҳи ҳамлу нақли байналмилаллӣ дар ин кишвар бозаст.

Ба нақл аз сомонаи "Парс тудэй", Фарух Неъматзода ин матлабро дар нишасти видио канфронсии интиқоли байналмилаллии коло дар шароити густариши Корона эълон кард.

Вай дар ин нишаст,ки бо талоши Бонки рушд ва бозсозии Аврупо баргузор шуд гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир аз 19 гузаргоҳи марзии Тоҷикистон бо Узбакистон фақат 3 гузаргоҳ фаол аст.

"Ҳамчунин дар марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ду гузаргоҳ ва Тоҷикистон бо Чин ва Афғонистон ҳам як гузаргоҳ боз аст", - афзудааст вай.

Ин мақоми Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон таъкид кард,ки аз тамоми ронандагони мошинҳои боркаш ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон озмоиши Корона гирифта мешавад ва дар сурати доштани алоими бемори карантина мешаванд.

Тоҷикистон дар пайи таҳдиди паҳншавии коронавирус ҳанӯз аввалҳои моҳи апрел гузаргоҳҳои марзиро баста буд.

0