Горожане у отделения банка в Афинах. 1 июля 2015 года

Аз Душанбе то Хуҷанд: навбатпоии мардум барои хариди симкорт пушти дари марказҳо

336
(Таҷдидшуда 18:36 25.08.2018)
Мардумро хабари аз 1 сентябр 250 сомонӣ нархгузорӣ шудани симкорт ба таҳлука андохтааст. Ширкатҳои мобилӣ ба муштариён паём фиристодаанд, ки ҳам харидорӣ ва ҳам аз нав бақайдгирии симкорт аз якуми сентябр 250 сомонӣ нархгузорӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои навбатпоии мардумро дар пушти дари марказҳои хозматрасонии ширкатҳои мобилӣ мунташир мекунанд.

Дар он дида мешавад, ки муштариёни зиёде назди дари марказҳо истода, навбати худро интизор мешаванд.

Корбари гурӯҳи "Ман Хуҷандро дӯст медорам" навореро мунташир кардаст, ки дар он дар кӯчаи марказии шаҳр пушти дар чанд маркази хизматрасонӣ одамон барои харид ё бақайдгириии симкорт навбат мепоянд.

Тавре як корбари гурӯҳ навиштааст, хабари гароншавии симкорт на танҳо мардумро ба таҳлука андохт, балки кори кормандони ширкатҳоро низ дучанд кард.

"Ҳайрият, ки ҳаво камтар салқин. Навбатпоӣ барои калонсолону модарони кӯдакдор дучанд мушкил аст. Худо ба мрдуми  ва коргарони ширкатҳои мобилӣ қувват диҳад", — менависад вай.

Мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҳафтаи охир дар Душанбе ҳам вазъият ҳамингуна аст.

Ба гуфтаи вай, ӯ ду рақам дорад ва ба ҳарду рақамаш ҳам паёмак омад, ки нархи харид ва бақайдгирии симкорт аз 1 сентябр дар Тоҷикистон гарон мешавад.

"Рӯзи ҷумъа аз кор барвақттар баромаду як симкортамро, ки дар номи худам нест, хостам аз нав ба қайд гирам. Назди марказ пур аз мардум буд. Вақти ман ҳам расиду  гуфтанд, ки бояд соҳиби симкорт ҳам ҳозир бошад. Маҷбур имрӯз дубора навбат истода, корамро анҷом додам", — мегӯяд вай.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, новобаста аз навбати калон ва ҳавои гарм мардум интизор мешаванд, ки амалиёти худро анҷом диҳанд.

"Худатон фикр кунед, одамон барои 250 сомонӣ кор кардан чанд рӯз меҳнат мекунанд. Бечораҳо, маҷбур барои надодани нисфи маошашон як рӯз ҳам дар навбат меистанд", — мегӯяд бо изҳори таасуф вай.

Сайид ном сокини шаҳри Хуҷанд чанд рӯз пеш аз Русия баргаштааст. Ба гуфтаи вай, симкорташ ба номи ҳамсараш буду бо далели аз нав ба қайд нагирифтанашон аз фаъолият мондааст.

"Ҳамсарам боз ду симкорт дошт, аз ширкатҳо гуфтаанд, ки сеюмашро наметавонанд ба номи ӯ ба қайд гиранд. Имрӯз барои харидани симкорти нав рафтам. Аммо боз сафар ба Русия дораму пас аз баргаштан шояд тибқи тартиботи нав ба 250 сомонӣ симкорт харам", — гуфт вай бо изҳори нигаронӣ.

Вай афзуд, ки ин иқдоми мақомотро дарк карда наметавонад, ки ба кадом мақсад анҷом меёбад.

"Дар Маскав дар назди метрову кӯчаҳо симкортҳоро ройгон тақсим мекунанд. Чӣ онҷо магар дар фикри амният нестанд? Ман чанд симкорт дорам, лекин аз онҳо яктоаш бисёр бароям қулай аст, ки доим истифода мебарам,", — гуфт вай.

Ёдрас мешавем, ҳамагӣ ҳафтае пеш Хадамоти алоқа гуфт, ки дар Тоҷикистон аз 1 сентябр арзиши симкортҳо 250 сомонӣ нархгузорӣ мешавад.

Тавре маъмурини умури алоқаи Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин иқдом бар асоси суратҷаласаи муштараки мақомоти умури дохилӣ, амнияти миллӣ, алоқа ва ширкатҳои мобилӣ роҳандозӣ мешавад.

Ташаббускори иқдом Вазорати умури дохилии Тоҷикистон будааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин қазия изҳори норозигӣ карда,  менависанд, ки акнун дар Тоҷикистон симкорт ба  моли гаронарзиши табдил ёфта, кисаи бе ин ҳам холии мардумро муфлистар мекунад.

Бархе аз корбарони шӯх гуфтаанд, ки акнун дар кишвар метавон дар ҷашни арӯсӣ бо домоду арӯс симкорт тӯҳфа кард ё симкортхарӣ барои бархеҳо орзуи датнорасе хоҳад гашт.

Феълан маълум нест, ки 250 сомонӣ ба буҷаи кадом идора ва ё кисаи кӣ меравад. Бештари муштариён хоҳиш кардаанд,  ки ақалан 250 сомонӣ ба ҳисобашон ворид карда шавад.

336
Барчаспҳо:
навбат, симкорт, Хуҷанд, Душанбе, Тоҷикистон