Елена Бичева, равоншинос

Равоншинос: чаро бонувони зебо ва муваффақу мустақилро ба занӣ намегиранд?

854
(Таҷдидшуда 13:39 26.08.2018)
Тамоюли танҳо мондани занони зебо ва муваффақу мустақил густарда шудааст

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Равоншиносон мегӯянд, дар ҳолатҳои зиёд занони зебо, муваффақ ва мустақил ҳаёти шахсии хуб надоранду аксаран танҳо мебошанд. Агар қаблан занон барои таъмини ояндаашон талош мекарданд, ҳар чӣ зудтар шавҳар кунанд, дар замони муосир бисёриҳо аввал мехоҳанд маълумот гиранду соҳиби кор шаванд.

Равоншинос Елена Бичева мегӯяд, занони зебою муваффақ аксаран худро ба ҳадде мустақилу бениёз вонамуд мекунанд, ки мардонро метарсонанд.

Ӯ афзуд, ки танҳо зистан барои бархе аз занон роҳаттар аст, чун ҳар корро мувофиқи хоҳиши худ анҷом медиҳанд.

"Зиндагӣ бо ҳамсар водор мекунад, ки на танҳо хоҳиши худ балки хостаҳои ӯро низ ба инобат гирию амалӣ кунӣ. Ин осон нест", — гуфт равоншинос.

Далели дигари танҳо мондани занони муваффақро Бичева дар он гуфт, ки ин гуна бонувон худро баъзан ба ҳадде "идеалӣ" вонамуд мекунанд, ки боиси тарси мардон аз ҳамзистию ташкили ҷуфт бо онҳо мешавад.

Суҳбати равоншинос дар ҳолест, ки масъалаи мазкур дар ҷомеаи Тоҷикистон низ мубрам арзёбӣ мешавад.

Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, аксаран мардон аз издивоҷ бо занони соҳиби маълумоту ҷои кор худдорӣ мекунанд ва ин тарзи тафаккур боиси афзоиши никоҳи бармаҳал дар кишвар шуда буд.  

Аммо Лола Олимова, таҳлилгари тоҷик, қаблан зимни баррасии ин мавзуъ  гуфта буд, ки вақтҳои охир вазъ каме тағйир ёфтааст.

"Азҳампошии хонаводаҳо хеле зиёд шуд ва бисёри духтароне, ки дар 17-18-солагӣ шавҳар мекунанд, дар синни 20-23-солагӣ бо фарзандонашон танҳо мемонанд. Мардум дарк карда истодааст, ки қабл аз издивоҷ бояд духтаронро соҳиби маълумоту касб кунанд", — гуфт Олимова.

854
Барчаспҳо:
бешавҳар, издивоҷ, занон, Ҷаҳон
Мэр Москвы Сергей Собянин

Маҳдудиятҳо тамдид мешаванд: Собянин вазъи коронавирус дар Маскавро нигаронкунанда гуфт

36
(Таҷдидшуда 14:17 26.11.2020)
Сергей Собянин раиси шаҳри Маскав вазъияти коронавирусро шарҳ дода гуфт, ки ҳоло ҳарф задан дар бораи коҳиш ёфтани мавориди гирифторшавӣ ба ин дард, барвақт аст

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ба изҳори раиси шаҳри Маскав вазъият дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус дар пойтахти Русия ҳамоно нигаронкунанда аст.

Сергей Собянин дар ин бора дар блоги шахсии худ хабар дода, гуфт, ки аз санаи 16 то 22 ноябр дар Маскав мавориди ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба андозаи 2 фисад ва ҳолатҳои бистарӣ кардани маризон то 3 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба ҳамин минвол, маҳдудиятҳое, ки қаблан Собянин пиёда намуда буд, то рӯзи 15 январ тамдид мешаванд.

Яъне, нафарони калонсол набояд бидуни зарурат аз хона берун раванд; 30 дарсади коргарон ҳамоно аз тариқи режими дуркорӣ фаъолият мекунанд; донишҷӯён низ ба таҳсили фосилавии худ идома медиҳанд; тамошобинони толорҳои кино, театр набояд аз 25 дарсад бештар бошанд; марказҳои фароғатӣ барои кӯдакон баста мемонанд.

"Шӯхӣ нест"! Нигаронии Собянин аз вахим шудани вазъи коронавирус дар Маскав

Дар Маскав маҳдудиятҳое мавҷуданд, ки мақомоти шаҳр бо сабаби вазъи душвори эпидемӣ ҷорӣ карда буд. Аз ҷумла, пас аз соати 23.00 қаҳвахонаю майкадаҳо, тарабхонаҳо ва клубҳои шабона кор намекунанд ва донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷҳо аз фосилаи дур таҳсил мекунанд.

Намоишгоҳҳо, лексияҳои оммавӣ ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ бо тамошобинон, ба истиснои варзиш, муваққатан қатъ карда шудааст.

36
Барчаспҳо:
изҳори нигаронӣ, маризӣ, вазъият, Сергей Собянин
Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото

Дар Чин мардеро, ки ба ҳамсараш хиёнат кард, ҷазои қадимӣ доданд - навор

369
(Таҷдидшуда 13:39 26.11.2020)
Аз асри XIV то XX дар Чин алайҳи хиёнаткор чунин навъ ҷазо ба кор бурда мешуд, ки овохири он марг буд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар Чин алайҳи як нафар ҷавонмард, ки ба ҳамсари худ хиёнат намудааст, ҷазои қадимаро роҳандозӣ карданд, хабар медиҳад Daily Mail.

Ба иттилои манбаъ, дар музофоти Гуандун як гурӯҳ ҷавонон ба хонае рахна шуданд, ки он ҷо марде бо маъшуқаи худ қарор дошт.

Ҳамсари хиёнаткорро бо ресмон баста аз дохили бино берун оварданд ва дар қафаси аз бамбук омодашуда андохта, ба даруни об партофтанд.

Солҳои пеш ин навъ ҷазодиҳӣ дар Чин роиҷ буд ва ҷинояткоронро боин усул мекушанд.

Кор дар мақомоти низомӣ бар ивази 1700 доллар: Суд корманди қалбакии мақомотро ҷазо дод

Аммо ин навбат ҳамсари хиёнаткорро то ҷон додан дар дохили об нигоҳ надошта, балки саломат берун оварданд. Ҳарчанд ҷароҳатҳои вазнин набардошт, вале ҳоло дар беморхона қарор дорад.

Навори ҷазо додани ҳамсари маъшуқадор зуд ба шабакаҳои иҷтимоии Чин паҳн роҳ ёфта, ба яке аз сербинандатарин навор табдил ёфт. 

Гуфта мешавад, пас аз паҳн шудани навори мазкур, кормандони пулис як тан аз ташкилкунандаҳои ин навъ ҷазодиҳиро боздошт карданд. Сипас, бо гузашти як рӯз ҳамаи аъзоёни ин гурӯҳ ба идораи пулис омада, аз амалкарди худ иқрор шуданд.

369
Барчаспҳо:
навор, ҳамсар, хиёнат, ҷазо, Чин