Сӯҳбати телефонӣ, аксаз бойгонӣ

Маслиҳати Шӯрои уламо ба марде, ки занашро тариқи телефон қапиду "ҳазору як талоқ" гуфт

2236
(Таҷдидшуда 18:46 01.09.2018)
Ба гуфтаи ҷавон вай сӯҳбати ҳамасарашро бо марди бегона шунида, аз вафодории ҳамсар шубҳа пайдо кард. Пас аз чанд вақт боз шоҳиди сӯҳбати занаш бо ҷавони дигар шуд ва ба ӯ "ҳазору як талоқ" гуфт. Вай дар паёмаш ба уламои Тоҷикистон менависад, ки ҳоло ба хотири фарзандонаш бо ҳамсараш зиндагӣ кардан мехоҳад

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон паёми Умарҷон ном ҷавонеро мунташир кард, ки аз Шӯрои уламо дар масъалаи талоқ маслиҳат пурсидааст.

Умарҷон дар мактубаш менависад, ки ҳамсарашро бо далели сӯҳбат бо марди бегона тариқи телефон талоқ дод, аммо онҳо се фарзанд доранду ба хотири кӯдакон мехоҳад оилаашро барқарор кунад.

"Ҳамсари ман як бор бо тариқи телефон бо як писар гап мезад, ўро қапидам ва аз гунохаш гузаштам. Бо вуҷуди ин баъди чанд сол боз корашро кард. Тариқи телефон бо дигар писар гап задашро қапидам ва дар сари қахр "ҳазору як талоқ" гуфтам. Ман соҳиби се фарзандам, ғами ҳамин фарзандҳоямро мехўрам. Ягон ривоят бошад, ки аз сар никоҳ карда зиндагӣ кунам?", — мепурсад вай.

Коршиносони Маркази исломӣ дар посух ба Умарҷон гуфтаанд, ки барои додани фатво ё ҳукме аз вай тафсилоти бештар хоҳиш карда мешавад. Онҳо гуфтаанд, ки ҷавон бо тафсилоти бешар ба Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон муроҷиат кунад.

"Бародари азиз, масъалаи шумо тафсил мехоҳад, аз ин рў, барои ҳаллу фасли он ба Раёсати фатво муроҷиат кунед, пас аз шунидани тафсилоти он иншоаллоҳ посух хоҳед гирифт", — омадааст дар посухи идора.

Ин дар ҳолест, ки коршиносон аз истифодаи нодурусти телефон ва интернет аз ҷонибе бархе аз шаҳрвандони кишвар бонги хатар мезананд.

Тавре мутахассисони омори Тоҷикистон хабар доданд, дар соли 2017 назар ба се соли пеш раванди талоқ миёни хонаводаҳои ҷавон афзоиш ёфта, 19 дар садро ташкил додааст.

Ба гуфтаи равоншиносон, муҳоҷират, нобоварӣ ва вазъи иҷтимоӣ яке аз далелҳои асосии бисёр шудани ҳолатҳои хонавайронӣ аст.

Ҳукумати Покистон аз аввалинҳо шуда, талоқи телефониро дар кишвар мамнӯъ кард. Яъне мардҳо наметавонанд тариқи телефон ба хонумҳояшон талоқ диҳанд.

2236
Барчаспҳо:
зану шавҳар, талоқ, фатво, ҷавон, Тоҷикистон
Неделя культуры Бадахшана в Согде

Садҳо ҷӯроби помирӣ: тӯҳфа ба кӯчарӯбҳои пойтахт барои меҳнати пурмашаққат - навор

1330
(Таҷдидшуда 19:44 26.01.2021)
Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба занони роҳрӯб, ки дар фасли сармо ва субҳи барвақт барои тамиз кардани роҳу хиёбонҳо ба кӯчаву роҳҳо мебароянд, ҷӯробҳои бадахшӣ ирсол намуданд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Созмондиҳандагони гурӯҳи "НуриФирдавс", ки асосан иқдомҳои хайрхоҳонаро баргузор мекунанд, имрӯз дили чандин занони тамизкори ноҳияи Шоҳмансурро хурсанд карданд.

Зулӣ Раҳматова яке аз намояндагони ин гурӯҳ бо нашри навор дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, тӯҳфаи занони Бадахшонро ба роҳрӯбони пойтахт расонд.

Ӯ заҳмати тамизкорони пойтахтро махсусан қайд карда гуфт, ки бонувони Бадахшон барои дастгирӣ ва қадр намудани меҳнати ҳалол ва заҳматталаби онҳо маҳз ба хотири занони роҳрӯб ҷӯробҳои гармро бофта ирсол намудаанд.

Гулпарвари 19-сола ба "Харитаи зебоӣ" роҳ ёфт

Дар навор маълум аст, ки намояндаи гурӯҳи "НуриФирдавс" тамизкорони ноҳияи Фирдавсиро ҷамъ оварда, нахуст барои заҳмати онҳо дар тозаю обод нигоҳ доштани шаҳри Душанбе, изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар худраве, ки зоҳиран ба намояндагони гурӯҳи мазкур тааллуқ дорад, чандин баста ҷӯробҳои помирӣ гиреҳ карда шуданд. Пас аз изҳори ташаккур ба занони роҳрӯб, ба ҳар яки онҳо як ҷуфтӣ ҷорӯбҳои пурнақшу нигорӣ помирӣ тӯҳфа карда шуд.

Зимистони имсолаи Тоҷикистон ба фарқ аз солҳои пеш душвортару сармотар буд. Сармои зимистон асосан заҳмати роҳрубҳо, бахусус занони тамизкорро дучанд кард.

Ҳафтаи гузашта, ки дамои ҳаво дар Тоҷикистон бесобиқа сард буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳо аз заҳмати занони роҳрӯб чарх мезад.

Тамизкорони ҷинси латиф новобаста аз сардии ҳаво, аз соати 3 - и шаб ба хиёбонҳо баромада, кӯчаву тангкӯчаҳои пойтахтро тоза мекарданд.

Ҷазои ронандаи “Мерседес” барои дашноми зани кӯчарӯб дар Душанбе

Зимнан, дар зери аксу наворҳои мазкур, корбарон аз тамоми шаҳрвандони кишвар даъват мекарданд, ки ба қадри занони кӯчарӯб бирасанд ва ба хотири меҳнати вазнини онҳо, роҳу кӯчаҳоро ифлос накунанд.

1330
Барчаспҳо:
навор, тӯҳфа, кӯчарӯбон, ВМКБ
Пожилой человек на турнире бузкаши в Таджикистане, архивное фото

Зиёд шудани нафақа то 50 дар сад - аз киҳо?

1827
(Таҷдидшуда 14:38 26.01.2021)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш хабар дод, ки дар Тоҷикистон ҳаҷми нафақа боло рафта, аз бархе гурӯҳҳо то 50 дарсад зиёд мешавад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Тавре президент гуфт, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад.

Ӯ пешниҳод кард, ки аз 1 сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад.

"Нафақаи кӯдакони маъюби то 18 - сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, зиёд карда шавад", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон. 

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ин иқдом имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад. 

Супоришҳои Раҳмон ба раисони Ҳисор ва Рашт барои таъмини саривақтии маошу нафақа

Ба қавли кишвардор, дар соли 2020 ба зиёда аз 700 ҳазор нафар сокинон аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи беш аз 250 миллион сомонӣ кумакҳои иловагии иҷтимоӣ пардохта шуданд. 

1827
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, зиёд шуд, нафақа
Мужчина с автоматом в руке, архивное фото

Ҳимояи худу фарзандон: шарҳи дастгиршуда дар Турсунзода дар бораи нигоҳдории силоҳ - видео

0
(Таҷдидшуда 20:55 27.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз парвандаи ҷиноӣ алайҳи сокини шаҳри Турсунзода барои нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ хабар додааст

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik.  Бар асоси гузориши ВУД, маъмурини Раёсати кофтукоби ҷиноӣ дар пайи як амалиёт Маъбурҷон Таҳоров, сокини кӯчаи Айнии шаҳри Турсунзодаро дастгир кардаанд.

Дар пайи кофтукоб дар боми хонаи падари дастгиршуда, дар деҳаи Шукурови шаҳри Турсунзода як автомати Калашников бо 29 дона тир ва норинҷак пайдо карда шуд. Таҳоров дар гузориш изҳор медорад, ки ин аслиҳаро солҳои 1997 ё  1998 ба ивази 300 доллар бо ҳадафи ҳимоя харид.

Ӯ тавзеҳ дод, ки ин силоҳро он замон барои ҳимояи худу фарзандонаш гирифта буд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан алайҳи Таҳоров парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Ин ниҳод зикр намуд, афроде, ки ихтиёран ба мақомоти умури дохилӣ силоҳи оташфишон месупоранд аз ҷавобгарӣ озод мешаванд.

0
Барчаспҳо:
силоҳ, шаҳри Турсунзода, Тоҷикистон