Чумаки об, акс аз бойгонӣ

Захира кунед: интиқоли об дар бархе аз шаҳраку кӯчаҳои Душанбе қатъ мешавад

1399
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ба далели таъмир дар истгоҳи обтозакунии “Ҷанубӣ-Ғарбӣ” интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сино барои як шабонарӯз қатъ мегардад

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ,  аз соати 23:00 рӯзи 31 октябр то  соати  24:00 рӯзи 1 ноябри  соли 2018 дар маҳаллаҳои 43, 64, 65, кӯчаҳои Борбад, Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ ва маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, 32, 33, 52, 53, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев ва  Ханжини  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе   қатъ мегардад.

Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе”-ро  вазифадор гардидаанд, ки бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

1399