Пайкараи Ҷомию Навоӣ, рамзи дӯстии тоҷикону узбакҳо дар боғи Алишер Навоӣ дар Душанбе

"Ман тоҷикам": эълони узбакистониҳо алайҳи "тоҷик - фоб"-ҳою ихтилофандозҳо

2360
Бархе аз узбакистониҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ барқасди онҳое, ки “тоҷикбезорӣ” мекунанду миёни ду халқи бародар ихтилоф меандозанд, худро тоҷик эълон кардаанд

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ҷамшид Муслимов, корбари иҷтимоӣ дар фейсбук навиштааст, ки аслан узбак мебошад, аммо барқасди афроде, ки миёни ду миллати дӯст ихтилоф меандозанд, “#ман тоҷикам”.

“Аслан узбакам, аммо барқасди ихтилофандозҳо миёни ду миллати бародар ва “тоҷик-фоб”-ҳо садо баланд мекунам, ман тоҷикам”, - навиштааст Муслимов.

Ӯ таъкид намудааст, ки иғвоангезҳо ҳама вақт пайдо хоҳанд шуд, аммо дӯстию бародарии  ду халқ пойдор мемонад.

Ин иқдоми Муслимовро дигарон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ карда, барои таҳкими дустии ду халқ изҳорот додаанд.

Азми корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби Узбакистон ва Тоҷикистон барои таҳкими дӯстии ду халқ дар ҳолест ки солҳои охир дар пайи сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев муносиботи ду халқ хуб шуда, рафтуомади бемонеа роҳандозӣ шудааст.  

2360