Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Президент қарор барои кӯчондани аҳолӣ аз кӯҳистони камзамин ба водиҳоро имзо кард

4355
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат нақшаи кӯчондани аҳолӣ аз навоҳии куҳсори камзамин ба водиҳои кишварро дар се соли оянда имзо кард

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Бар асоси қарори имзокардаи раисиҷумҳур, нақшаи муҳоҷирати дохилӣ аз навоҳии камзамину аҳолияш зич ба водиҳои заминдор тайи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ  гардид.

Дар қарори Ҳукумат ҳадафи ин иқдом ҳалли мушкилоти демографӣ, таъсиси маҳаллаю шаҳракҳои муосир, фароҳам кардани шароиту инфрасохтори зарурӣ ва ҷойҳои нави корӣ гуфта шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон раисони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи марказро муваззаф кардааст, ки кӯчондани муҳоҷирони дохилиро ба ҷойҳои нави зист бар асоси нақшаи тасдиқкардаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар таъмин кунанд.

Дар доираи тартибе, ки барои се соли оянда қабул гардид, раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ вазифадор гардидаанд, ки ҳамасола то 1 ноябр ҷойҳои нави кӯчондани аҳолиро муайян намоянд ва то 1 марти соли дигар тамоми корҳои омодасозиро анҷом диҳанд.  

То 1-уми ноябр нақшаи генералии ҷойҳои нави зисти муҳоҷирони дохилиро бо назардошти тамоми инфрасохтори зарурӣ ба вазорату сохтори дахлдор пешниҳод намоянд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон вазоратҳои нақлиёт, маориф, тандурустӣ,  кумитаҳои идораи замин, меъморӣ, саридораи геология, ширкати “Барқи тоҷик” ва корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-ро вазифадор намудааст, ки барои таъмини муҳоҷирони дохилӣ шароити мусоиди зиндагиро фароҳам намоянд.

Имзои қарори мазкур дар ҳолест, ки моҳи сентябри соли равон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Дарвоз гуфт, бо афзоиши зичии аҳолӣ таъмини ниёзмандон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, махсусан дар маркази ноҳия ба масъалаи мубрам табдил ёфтааст.

Зимни баррасии ин масъала Эмомалӣ Раҳмон кору иқомат дар ноҳияи Данғараро пешниҳод карда, гуфт, ки дашти васеъ ва ҳамвор дорад. 

"Марҳамат ба Данғара, сад ҳазор гектар замин, захираи тиллоии давлати Тоҷикистон. Об баровардем, заминҳо аз худ шуда истодаанд. Одам даркор, ки ин заминро истифода бараду кор кунад, дашти ҳамвор аст. Роҳ шавад, аз Данғара ҳудуди 3 соат масофа аст. Ин дур нест. Одамҳо барои кор, барои зиндагӣ аз як мамлакат ба мамлакати дигар сафар мекунанд", — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки дар баробари ин азхудкунии заминҳои нав дар ВМКБ низ ба таври густурда ба роҳ монда шавад. Эмомалӣ Раҳмон масъулини вилоят ва ҷумҳуриро муваззаф намуд, дар мавзеъҳое, ки барои зиндагӣ мусоид мебошанд,  инфрасохтори зарурӣ фароҳам шаваду дар ихтиёри аҳолӣ гузошта шавад.

Аз ин пештар раисиҷумҳур барои ҳалли мушкили камзаминӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои зист дар маркази шаҳру навоҳии кишвар бунёди хонаҳои истиқоматии аз 5 ошёна поинро мамнуъ кард.

4355